Бахшида ба ҷашни Наврӯз Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баҳри давом додани анъанаи кӯмаку дастгирии ниёзмандон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати хайрхоҳона ва мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, имрӯз ба 20 нафар ятимони кулл ва 10 нафар маъюбон, ки дар қатори донишҷӯёни донишгоҳ бо таҳсил машғуланд, мукофотпулӣ – кӯмаки яквақтаи молиявии донишгоҳӣ ва либосҳои аз ҷониби ташкилоти байналмилалии “Ҳилоли Аҳмар” воридшударо тақдим намуд.

Ин амали неки хайрхоҳона ба таври доимӣ дар донишгоҳ роҳандозӣ мешавад. Дар ин навбат низ Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. дар оғоз донишҷӯёнро бо фарорасии Наврӯзи дилафрӯз муборакбод намуда, онҳоро танҳо бо хубу аъло хондану соҳибкасб шуданро талқин карда, таъкид намуд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ аз мадди назари Ҳукумати кишвар ва инчунин донишгоҳ берун нахоҳанд монд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки хадамоти ташкилию тарбиявӣ ҳамеша барои ба қайд гирифтани ин қабил донишҷӯён мекӯшад.

Донишҷӯён аз ин иқдоми роҳбарияти донишгоҳ бениҳоят миннатдор гардиданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment