Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

(М. Турсунзода)

Дар таърихи ду давлати ҳамсоя боз як таҳаввулоти ҷадиде рӯи қоғаз омад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Албатта ин рӯйдод, одилона, адолатпарварона, бо ниятҳои нек ва андешаи солим ба вуқуъ пайваст. Инак рӯзе фаро расид, ки ду халқи соҳибтамаддуну фараҳангсолор ва ҳамсоя дар фазои сулҳу дӯстӣ гарму самимӣ ҳамдигарро истиқбол гирифтанд. Ҳарду мардуми дӯсту ҳамсоя ин рӯзро 27 сол интизорӣ кашиданд. Аз чеҳраҳои мардум табассум, аз чашмон ашки шодӣ, аз қалбҳо меҳр тарранум мекард. Ин лаҳзаҳо дар ҳақиқат манзараи муҳаббати ду дӯсти деринае, ки солиёни дароз ҳамдигарро надидаанд, ифода менамуд, ки бо дастони пурнавозиш ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Шодии деринтизори мардуми тоҷику ӯзбек ҳадду канор надошт. Табиат низ ба оғӯши кушодаи ду миллати ҳамфарҳанг гӯё бо «борони раҳматаш» ашки шодӣ мерехт ва бо офтоби нозанинаш ба қалбҳо нурпошӣ мекард. Ин рӯзе буд, ки хурду калон, пиру барно, Замину Осмон ва тамоми махлуқоти рӯйи Замин хурсандӣ менамуданд. Ҳарду мардум мунтазири ин рӯз буданд. Ин рӯз дар ҳақиқат Рӯзи дӯстӣ буд! Рӯзи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон!

Санаи 9-уми марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмии давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо як шукӯҳи хос ва гарму самимӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва бо гузашти низомии ҷузъу томи Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҳусни анҷом бахшид.

Ба шарофати меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳравҳо, гулгаштҳо, хиёбонҳо, майдонҳои марказӣ, фурӯдгоҳ ва хуллас, кулли Душанбешаҳр либоси идона ба бар карда буданд, ҳама ҷо дучанд зебо гаштаю шиору овезаҳо ифодаи дӯстӣ ва самимияти мардум аз гиромидошти меҳмон дарак медод. Дар ду ҷониби шоҳроҳҳои хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айниву Дониш, наврасону толибилмон, ҷавонону шаҳрвандон бо парчамафшонӣ меҳмони олимақомро «Хуш омадед!» гуён пазироӣ менамуданд.

Фасли баҳори нозанин бо қадамҳои устувораш муждаи некеро барои ҳар ду миллати дӯсту ҳамсоя пайғом овард. Албатта ин пайғоми нек ҳам аз лиҳози сиёсӣ ба муносибатҳои байналмилалию дипломатӣ ва ҳам аз лиҳози дӯстию бародарӣ ба густариши дӯстию рафоқати мардумони ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддие бахшид. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду кишваре мебошанд, ки аз лиҳози таърихӣ фарҳанг, маданият, урфу одат, анъанаҳои мухталифи аҷдодии ягонаро доро мебошанд.

Бо ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи дӯстии ду давлат як ҷаҳон таассуроти нек ба вуқӯъ пайваст. Дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошкент яке аз истгоҳҳои метрополитен, ки тоза ба истифода дода шуд, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Хонамузейи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба ифтихори 140-солагиаш, воқеъ дар шаҳри Самарқанд ба малағи 37 ҳазор доллари амрикоӣ таъмиру азнавсозӣ карда хоҳад шуд. Боздиди соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, намоишгоҳи молу маҳсулот, ифтитоҳи марказҳои намояндагии тиҷоратӣ, ташрифи намояндагони санъату фарҳанг, кушодашавии роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва 10 гузаргоҳҳои сарҳадӣ аллакай нишонаҳое буданд, ки истиқбол аз сиёсати некбинона ва хирадмандонаи ду сарвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дарак медоданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси шахсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро оид ба таъмир ва таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ ва ёдгории Ҷомӣ ва Навоӣ дар шаҳри қадимаи Самарқанд ҳамчун иқдоми нек арзёбӣ намуданд.

Дар навбати худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе боғи ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда, дар он ёдгории Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро гузорад.

Бегоҳии рӯзи 9-уми март дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он санъаткорони варзидаи ҳарду давлат ҳунарнамоӣ намуданд. Дар оғози чорабинӣ роҳбарони ду кишвари дӯст бо як эҳсоси хос суханронӣ намуданд, ки дар ҳар як сухани худ ифодаи нишонаи дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббати самимӣ ва садоқат ба Ватану миллатро дар роҳи ҳамгироии дӯстии байналмилалӣ таҷассум намуданд. Пас аз ҳар як ифодаи баён ва баромадҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аҳли толор аз ҷой бархеста самимона кафкӯбӣ намуданд.

Барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» бо суруду рақсҳои дилошӯб, ки фарҳанги баланди ду миллати дӯстро таҷассум менамуданд аз ҷониби санъаткорони ҳарду ҷониб дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда шуд.

Зимни суханронӣ дар консерти устодони санъати ду давлат таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки бегоҳирӯзии санаи 9-уми март дар «Кохи Борбад» баргузор гашт, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин зикр намуд «Имрӯз мо дар муносибатҳоямон саҳифаи нав боз мекунем ва дар ин бобат саҳми шахсии бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, ки хизматҳояшон дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, бузург мебошад. «…Хушбахтам, ки имрӯз имкон дорам эҳтироми самимии худро дар симои Шумо ба тамоми мардуми шариф, шуҷоъ, меҳрубон ва заҳматкаши тоҷик изҳор намоям. Зеро давоми 27 сол Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистони бародар бори нахуст сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Имрӯз ман Эмомалӣ Шарифовичро барои анҷом додани сафари давлатии ҷавобӣ ба Ӯзбекистон даъват намудам».

Рӯзҳои 9 ва 10 марти соли ҷорӣ мардуми ташнадидори ду кишвари дӯсту бародар дар мадди назари худ, танҳо як масъаларо дар суҳбатҳою вохӯриҳо ва нишастҳои дӯстона матраҳ менамуданд. Ин ҳам бошад, ҳар чӣ зудтар ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷа дар самти омаду рафти бераводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар буд.

Бо ташаббусҳои неки созанда ва талошҳои пайвастаи ду сарвари оқилу барнодил ва ҳамсоя 10 гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд. Кушодашавии 10 адад гузаргоҳҳои марзӣ, бидуни раводид ба муддати то 30 рӯз ба кишварҳои мутақобила сафар намудани тоҷикону ӯзбекон барои густариши минбаъдаи муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ нақши муҳимро мебозад.

Дар ҷаҳони муосир кам миллатҳое ёфт мешаванд, ки аз ҷиҳати расму ойин, тарзи либоспӯшӣ, таомҳои миллӣ, фарҳангу санъат ба ҳамдигар хело наздик бошанд. Ҳатто аз ҷиҳати одобу рафтор ва иззату икром ба якдигар хело меҳрубон ва азиз бошанд. Дар ин замина зимни баромадашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «…Робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо ба таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму ойинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намуданд».

Ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду давлат бо мурури замон рушд хоҳад кард. Дар ин замина Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон маводи сохтмонӣ, нуриҳои минералӣ, ангишт, меваю сабзавот, нерӯи барқ ва алюминий содир намояд. Дар навбати худ Ӯзбекистон ба давлати мо метавонад хӯрокворӣ, либосворӣ, мошину таҷҳизот, нафт, газ ва дигар маводи зарурӣ интиқол диҳад.

Албатта ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар як муддати кӯтоҳ самараи дилхоҳ овард. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар соли 2017-ум 126 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин назар ба нишондиҳандаҳои соли 2015 даҳ маротиба зиёд аст.

Зимни ташрифи меҳмони олимақом Шавкат Мирзиёев Роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои интиқоли молу маҳсулоти ҳар ду ҷониб бо маром мусоидат хоҳад кард.

Дӯстии мардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Таъриху фарҳанг гувоҳи он ҳастанд, ки дӯстии ду шоири забардаст, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ рамзи безавол  ва намунаи ибратанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин зикр намуданд «…Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе надошт. Ҷомӣ дӯстиву рафоқати шогирди худ Навоиро дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-аш ба ин маънӣ ба қалам додааст:

Хосса, ки ба боғи ошноӣ,

Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

 

Дар навбати худ Алишери Навоӣ дар марги устоди бузургвор ва бародари ҷониаш Абдураҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе месарояд, ки ҳангоми қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳама мегирянд. Шеъри мазкур яке аз беҳтарин марсияҳои адабиёти тоҷикии форсӣ мебошад.

Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон зор бимонд,

То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.

 

Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ равшан эҳсос мешаванд, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор мераванд…”

Дар ин росто дар баромадашон Пешвои миллат чунин зикр намуданд «…Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдоди таърих ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд».

Албатта даргаҳи меҳру вафо дар адабиёту фарҳанги ду миллати ба ҳам дӯст то ба имрӯз ба авҷи хос тараннум ёфтааст. Бузургӣ ва дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ имрӯз ҳамчун анъанаи нек дар адабиёти муосири наслҳои гузаштаву ояндаи ду кишвар баръало эҳсос гардидааст. Аз қабили дӯстии устод Садриддин Айнӣ бо Ғафур Ғулом (насли якум), Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ бо Шароф Рашидов, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор, Зулфия, Комил Яшин (насли дуввум) ва Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ, Гулназар, Бозор Собир бо Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов, Нормурод Нарзуллоев ва дигарон ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ ва пуле, ки ду минтақаро ба ҳам мепайвандад, гувоҳӣ медиҳанд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи хотира “Дарвозаи тиллоӣ” туҳфа намуд. Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон зимни суханрониаш дар консерти устодони санъати ҳарду давлат бо номи «Шоми дӯстӣ», ки 9-уми март дар «Кохи Борбад» баргузор гардид, изҳори назар кард.

«…Медонед, ман аз самими қалб ду парчам ва ду дарвоза омода кардам ва ба устоҳо фармоиш додам, ки дарвозаҳоро тавре созанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ пӯшида нашаванд ва Эмомалӣ Шарифович гуфтанд, ки онҳоро дар осорхона хоҳанд гузошт ва онҳо дороии халқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хоҳанд буд».

Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Албата ин ташаббус боз ҳам барои густариши бахши сайёҳии ҳарду кишвар дар остонаи кушодашавии 10 гузаргоҳи марзӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 созишномаи дуҷониба, ки соҳаҳои мухталифи ҳарду кишварро дар бар мегирифт ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин рӯзи 9-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба «Кохи Наврӯз» ташриф оварда аз толорҳои барҳавову зебо ва пурнақшу нигори он дидан намуданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» яке аз бузургтарин иншооти санъати меъмории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки он соли 2015 дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зиёда аз 100 номгӯйи молу маҳсулоти давлати ҳамсоя ба намоиш гузошта шуда буд, иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар фарҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарони ду давлати дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон Изҳороти муштарак оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ қабул намуданд, ки дар сархати 15-уми Изҳороти мазкур чунин омадааст: «….Президентҳо таъкид карданд, ки яке аз омилҳои калидии беҳбудӣ дар Осиёи Марказӣ истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ-энергетикӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад. Аҳамияти муколамаи озод, таҳкими якдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои созанда, дарёфти роҳҳои одилона ва оқилонаи мавриди пазириши тарафҳо қайд гардид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобиларо роҷеъ ба рушди шарикии минтақавӣ дар истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои обӣ изҳор намуданд ва аҳамияти иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаи Осиёи Марказиро дар ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ таъкид намуданд.

Дар робита ба ин ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштирок дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НОБ-и Роғун бо дарназардошти риояи меъёр ва стандартҳои байналмилалии бунёди чунин иншоот изҳор намуд…».

Ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ на танҳо барои кишвари мо афзалият хоҳад дод, балки дар роҳи ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодии байналмилалии мо, бо истифода аз таҳвили транзитии нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ҳамсоя махсусан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди иқтисоди мутақобили кишварҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Албатта Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеша намудааст ва ба истифода додани НБО Роғун, ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқат байни кишварҳои Осиёи Миёна боз ҳам дучанд мегардад.

Аз ҷониби дигар бо сохта ва ба истифода додани НБО Роғун мо метавонем, аз ҳисоби захираи оби обанбори он дар моҳҳои камбориш обро таҳвил намуда, кори НБО Норак ва дигар нерӯгоҳҳои дар поёноби дарёи Вахш сохташударо ба таври мунтазам ба роҳ андозем, инчунин киштзорҳои давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар фасли тобистон ба пуррагӣ ва фаровон бо об таъмин мегарданд.

Дар нишондоди ҳисоботи Пажӯҳишгоҳи «Союзгипроводхлопок» (соли 1990) омадааст, ки норасогии оби ҳавзаи Амударёро танҳо ҳамон вақт бартараф карда мешавад, ки обанбори НБО Роғун сохта ба истифода дода шавад. Пас аз ба истифода додани НБО Роғун заминҳои дар ҳавзаи Амударё ҷойгиргашта то 90% обёрӣ карда мешаванд, ҳамчунин бо истифода аз оби барзиёди Амударё дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) заминҳои корами нав мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки 60% захираи оби ҳавзаи баҳри Арал аз кӯҳҳои Тоҷикистон маҷро мегирад, аммо дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурии мо аз ин миқдор танҳо 5%-и он истифода бурда мешавад.

Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки иқтидори гидроэнергетиаш 527 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад ва аз нишондоди мазкур танҳо 3-4 фоизаш имрӯз мавриди истифода қарор гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату мулоқотҳояшон бо мутахассисону коршиносон борҳо исбот намудаанд, ки НБО Роғун обро харҷ намекунад, фурӯ намебарад, танҳо аз маҷрои пешинааш гардонида, аз тариқи чархаҳои барқзо сар медиҳад. Обанбори Роғун давоми 15-17 сол оҳиста-оҳиста пур карда мешавад, ки он ба маҷрои дарёи Вахш таъсир намерасонад.

Минтақаи сохтмони НБО Роғун дорои иқлими континенталӣ буда, дараҷаи гармии ҳаво дар фасли тобистон ба 40 С0 ва дараҷаи сардии ҳаво дар фасли зимистон ба 30 С0 мерасад. Дар минтақаи дарғоти нерӯгоҳ паҳноии дарё 20 метр ва ҷараёни миёнасолии маҷрои дарё 19,9 км3-ро ташкил медиҳад. Сохтмони НБО Роғун мутобиқи Ҷадвали Рихтер дар минтақаи 9 балла ҷойгир буда, аз ҷиҳати сейсмикӣ ва геоморфологии минтақа ба зилзила тобовар мебошад. Дарғоти НБО Роғун дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин маҳсуб ёфта, аз сатҳи баҳр дар баландии 1300 метр ҷойгир мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори самияти хирадмандона ва нишоти садоқати худ ва мардуми Тоҷикистонро аз нахустин ташрифи давлатии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмини муносибатҳои нек арзёбӣ намуда, зимни баромадашон чунин қайд карданд: «…Тоҷикону ӯзбекҳо, ки мардуми меҳнаткашу хирадманд, боиродаву болаёқат мебошанд, дорои таҷрибаи бой ва фарҳанги қадимии заминдорӣ буда, дар гӯшаҳои дорои бойигариҳо ва захираҳои бузург зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар оянда барои расидан ба сатҳи сифатан нави онҳо, яъне шарикии стратегӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад…».

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро сафари таърихӣ ва тақдирсоз арзёбӣ намуданд.

 Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. www.prezident.tj
  2. www.khovar.tj
  3. Сафарзода Х.А. Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун/Х.А. Сафарзода.-Душанбе.:2016.-432саҳ.
  4. Неъматзода М. Аз муҳаббат гуфтугӯ дорем мо…/М. Неъматзода//Адабиёт ва санъат.-Душанбе.:-2018.-№.9 (1928).-С.4.
  5. Сулаймон Э. Мирзо Турсунзода Мирзои танҳо тоҷикон не, балки Мирзои мо, ӯзбекҳо низ ҳаст/М.Э. Сулаймон//Адабиёт ва санъат.-Душанбе.:-2018.-№.9 (1928).-С.2.

Нуралӣ Ҳасанов – н.и.т, дотсент, мудири

кафедраи «Иншооти зеризаминӣ, асос\

ва таҳкурсиҳо»-и факултети «Сохтмон ва меъморӣ»

Боймурод Боев – аълочии фарҳанг, маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони

афедраи «Иншооти зеризаминӣ, асос ва таҳкурсиҳо»-и

акултети «Сохтмон ва меъморӣ»

Leave a Comment