Миллати тоҷику ӯзбек аз қадимулайём то ба имрӯз чун ду халқи дӯсту бародар дар як минтақа зиндагиву фаъолият намудаанд. Муштаракоти зиёди динию фарҳангӣ ва равобити илмиву адабӣ дар байни ин ду миллат асрҳо боз ҷараён дошта, он имрӯз низ дӯстиву бародарии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳакамтар менамояд. Намунаи барҷастаи онро мо дар симои ду ситораи тобони осмони илму адаби тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебинем. Ин ду фарзанди фарзонаи миллати тоҷику ӯзбек тавонистанд дар замони худ дар рушду такомули илму адабиёт ва сиёсату давлатдорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дӯстии содиқонаву беғаразонаи ин ду фард намунаи барҷастаи дӯстии ин ду миллат мебошад.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар байни ин ду миллат муносибатҳои неку ҳасанаи дипломатӣ дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ба роҳ монда шуда буд. Вале бо таъсири омилҳои гуногун чанд муддат муносибатҳо дар байни ин ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамсоя рӯ ба сардӣ оварда буданд.

Хушбахтона, имрӯз бо бар сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои дипломатии байни ин ду кишвар беҳтар гардида, ба марҳилаи нав қадам мегузорад.

Бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои ин муносибатҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя сатҳи баланди муколамаҳои байнидавлатии дар солҳои охир бадастомадаро дар ҳамаи самтҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуда, аз умумиятҳои чандинасраи  таърихӣ ва фарҳангии мардумони ҳар ду кишвар, ки бо принсипҳои  дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтаанд, ёдоварӣ намуданд.

Ҳамкориҳои мутақобилаву судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боиси эътиқоду эътимод ба ҳамдигар гардида, ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати мардуми ду кишвар ва калиди таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувор дар дохили ҳар ду давлат ва минтақа мебошанд.

Ногуфта намонад, ки дар байни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо дар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайи чанд соли охир низоми раводид ҷорӣ шуда буд. Мардуми ин ду кишвари дӯсту бародар, ки бо ҳамдигар алоқаи хешутаборӣ доранд, наметавонистанд, ки бо ҳудуди ҳамдигар озодона равуо намоянд. Аз 1-уми марти соли 2018 даҳ гузаргоҳи сарҳадии миёни ин давлатҳо боз гардида, сокинони наздимарзии он метавонанд озодона то муддати 5 рӯз ба қаламрави ҳамдигар ба дидорбинии дӯстону пайвандони худ раванд. Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарони давлатҳо аҳамияти мубаддал гардидани сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба сарҳади дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мардумони ҳар ду кишвар мебошанд, таъкид намуданд. Дар ин росто Сарони давлатҳо аз ҷорӣ намудани низоми бераводид барои сафари мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз, ки барои боз ҳам мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад, изҳори қаноатмандиву омодагӣ намуданд. Низоми бераводи сафари мутақобилаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба қаламрави якдигар аз 16-уми марти соли ҷорӣ амалӣ гардид. Аз ин иқдоми неки онҳо мардуми ҳар ду кишвари ташнаи дидори ҳамдигар хеле хушҳол гардиданд.

Тайи солҳои охир бо сард гаштани муносибатҳо алоқаи нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни ин ду кишвар маҳдуд гардида буданд. Онҳо наметавонистанд аз роҳҳое, ки дар қаламрави ҳамдигар мавҷуд буданд ба пуррагӣ истифода намоянд. Хушбахтона, дар вохӯрии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо таъкиди аҳамияти хоса доштани татбиқи ҳамаҷонибаи маҷмӯи имконоти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитии ҳар ду кишвар ба мақомоти дахлдори давлатҳо дастур дода шуд, ки ҳамкориро дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ фаъол гардонанд ва барқарор намудани роҳҳои мавҷуда, тарҳрезии роҳҳои нави транзитии автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Зеро барқарор гардидани роҳҳои қаблӣ ва ифтитоҳи роҳҳои нави автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ байни минтақаҳои ду кишвар, боиси рушду инкишофи муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад. Ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ташаккул додани тарофаҳои рақобатпазир барои интиқоли борҳои тиҷоратии беруна бо истифода аз роҳҳои оҳани ҳар ду кишвар имкони таъмини боркашонии самарабахшро тавассути долонҳои нақлиётии амалкунанда фароҳам меорад. Дар ин росто ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбеву Тошканд ва барқарор шудани алоқаи роҳи оҳан дар минтақаи Ғалаба – Амузанг оғози ҳамкориҳои боэътимод дар самт мебошанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти тиҷорату иқтисод тайи чанд соли охир дар сатҳи паст қарор доштанд. Дар вохӯрии Сарони ин ду кишвар тавсеаи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуданд. Зикр карда шуд, ки ҳар ду кишвар дорои захираҳои бузург барои зиёд шудани гардиши савдои дуҷониба доранд. Аз ин рӯ, кишварҳо метавонанд дар солҳои наздик гардиши молро миёни ҳам то 500 млн. доллари ИМА расонанд. Инчунин кишварҳо метавонанд дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, марказҳои савдо дар қаламрави ҳамдигар, рушди фаъоли инфрасохтори савдои беруна ва воситаҳои дастгирии амалиёти содиротиву воридотӣ ва ташкили анҷумани соҳибкорон ва намоишгоҳҳои миллии маҳсулоти саноатӣ саҳмгузор бошанд. Барои пешрафту инкишофи иқтисодиёти ҳамдигар сармоягузорӣ намоянд. Ҳамзамон, Сарони ҳар ду кишвар ба ташкили намоишгоҳи “Истеҳсоли Ӯзбекистон” ва анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни ин сафари сатҳи олӣ танзиму баргузор гардида буданд, баҳои баланд доданд.

Чунонки дар боло зикр намудем, мардуми тоҷику ӯзбек аз қадим миёни ҳам ҳамкориҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ доштанд. Онҳо дар бою ғанӣ гардидани маънавиёту ахлоқи якдигар саҳмгузор буданд. Мутаассифона, тайи солҳои охир ин равобит то андозае канда шуда буд. Дар вохӯрии сатҳи баланде, ки Сарони ду давлати дӯсту бародар бо ҳам доштанд, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва монанди инҳо низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба баргузории бомуваффақонаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода шуд. Бунёди муҷассамаи намояндагони барҷастаи мардумони ду кишвар – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ва тармиму таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд аз ҷониби Ӯзбекистон, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди боғ дар шаҳри Душанбе ва гузоштани муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар он аз оғози муносибатҳои нави Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳангу адабиёт дарак медиҳанд.

Аз ҷониби Сарони кишварҳо дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаҳои такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишвар низ изҳори андеша карда шуданд.

Ба андешаи мо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бисёр сафари бобарор ва манфиатовар барои ҳар ду кишвари дӯсту бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. Зеро 27 санаду қарордоде, ки дар ин сафар аз тарафи Сарони давлатҳо ба имзо расиданд, дар оянда барои мардумони ҳар ду кишвар ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Худо кунад, ин дӯстиву бародарие, ки бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Сарони ду кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба даст омадааст, ҷовидонӣ бошад.

Ба қавли устод Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ҳамроев Ф.М. н.и.и., дотсент, декани факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”

Ҳикматов Ҷ.Ҳ. н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳо

Leave a Comment