Бале, дуруст қайд кардааст шоири ширинсухан Мирзо Турсунзода. Дӯстӣ ин сабаби хушнудӣ ва хушҳолии инсонҳо мегардад. Баръакс душманӣ ба тамоми мардум зарар ва П

Дӯстии мардуми тоҷику узбек решаи қадимаи таърихӣ дошта, тӯли ҳазорсолаҳо паҳлуи ҳам хушу гуворо зистаанд. Воқеан ин халқҳо бо урфу одат ва хулқу рафтори якдигар дар ҷомеа он қадар ба ҳам омада буданд, ки дигар тафовуте дида намешуд. Ин ҳамзистӣ миллати тоҷику узбекро ба мисли ду бародар ва ду дӯсту ҳамдам гардонида буд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”. Бале, ҳамин забон ягона тафовутест, ки вуҷуд дорад, аммо ҳамдилии мо ҳамаи ин монеаҳоро убур кардааст.

Гарат зи даст барояд, чу нахл бош карим

В-арат зи даст наёяд, чу сарв бош озод!

Сарв дарахтест, ки ҳеҷ гоҳ пажмурда намешавад ва ҳамеша сарсабзу шод аст, бигзор дӯстии мардуми тоҷику узбек ҳамеша мисли ҳамин дарахти сарв бошад, то дигар хазонро набинад.

Дар як муддати начандон тӯлонии таърих, ки бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ робитаи ин ҳалқҳо каме коста гардида буд, ҳоло ки саҳифаи нави дӯстӣ ва робитаҳои дӯстонаро боз кардаанд, ки ба таъбири ориф ва шоири классики узбек Навоӣ:

Омад баҳори дилкашу гулҳои тар шукуфт,

Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.

Воқеан ин баҳор ба ин ду халқ гулу насими худро аллакай тақдим намуд ва бошад, ки ҳамеша мисли гул фазои тару тоза ва таровати зеборо гирад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва Президеити Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар мустаҳкам намудани ин робитаи дӯстӣ хеле назаррас аст ва бо хираду ҳикмати воло тавонистанд, ки он монеаҳоро убур кунанд ва ба қуллаҳои мурод бирасанд. Хусусан Роҳбари хирадманду закии мо бо вуҷуди баъзе нофаҳмиҳо ҳамеша аз бузургии халқи узбек ёд мекарданд. Роҳбари халқии тозаинтихоби Ӯзбекистон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки “Ман ба он хотир ба Тоҷикистон омадам, ки тамоми масъалаҳоро ҳал намоям, ягон масъалаи хилофиро нагузорам ва муносибатро бо қолаби кушода ба роҳ монем” (мазмунан). Насиҳати Мавлонои бузург дар ин маврид бисёр созгор аст, ки фармудааст:

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,

То ба он базми касон афрӯзӣ.

Ин роҳбарон худро баҳри рӯшноии миллаташон шамъ карданд, то хонадони ҳар яки онҳо равшан шавад ва ҳаёташон зебо гардад.

Мешавад дар ин маврид ҳамон робитаву дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро ёдовар шуд. Алишери Навоӣ аз забону адабиёт, илму санъати халқи тоҷик огоҳии комил дошт. Ин дӯстию ҳамкории Навоӣ бо Ҷомӣ намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба якдигар аст. Ӯ дар назди Ҷомӣ таълим гирифтааст. Мактаби адабие, ки устоду шогирд дар Ҳирот ташкил карда буданд, дар он намояндагони ин ду халқ таълим мегирифтанд. Маҳз Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз осори пурарзиши худ «Нафаҳот-ул-унс»-ро бо хоҳиш ва тақозои Алишери Навоӣ иншо намудааст. Ва ин асар низ соли 1495 аз ҷониби Алишери Навоӣ бо забони ӯзбекӣ тарҷума гардид. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ва чун падару фарзанд буд. Инчунин бо ташвиқу тарғиби Абдураҳмони Ҷомӣ Навоӣ асарҳои бузургашро эҷод мекард. Аз муваффақиятҳои эҷодии Навоӣ Ҷомӣ шоду хурсанд мешуд. Навоӣ низ ҳар як асари нав иншокардаашро аз назари устоди худ – Ҷомӣ мегузаронд ва бо маслиҳатҳои судбахши ӯ асарҳояшро такмил медод. Алишери Навоӣ пас аз вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни солҳои 1493-1494 «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-ро иншо мекунад. Ин асар ба хотираи устоди бузургвораш бахшида шудааст. Ва ҳатто Навоӣ ба хотири рӯҳи поки устод ва дӯсти бузургвори худ навиштааст:

Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон зор бимонд,

То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.

Поянда бод дӯстии халқҳои тоҷику узбек!

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф,

м/к. кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment