Рӯзҳои 9-10 марти соли равон дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳифаи нави заррин боз гардид. Бо ибтикору талош ва иродаи сиёсии сарварони ду кишвари дӯсту бародар Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба манфиати мардуми ҳар ду давлат хизмат хоҳанд кард.

Хотиррасон мешавем, ки соли гузашта барқарор шудани хати парвози Душанбе – Тошканд аз нахустин иқдоми мондагор дар ин соҳа буд. Инчунин дар созшномаҳои нав ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба назар гирифта шудааст, ки ба таҳкими муносибатҳои дутарафа мусоидат мекунанд. Дигар, муждаи фараҳбахш дубора боз шудани роҳи оҳани Ғалаба – Амузанг буд. Воқеан, тайи чанд соли охир яке аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон – Хатлон аз роҳи оҳан бенасиб буд ва сокинон барои ба берун аз кишвар содир кардани молу маҳсулоташон мушкилоти зиёд доштанд. Ифтитоҳи ин роҳ боиси боз ҳам рушд ёфтани иқтисодиёти ин вилоят хоҳад гашт.

Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан» яке аз сохтори таркибии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад, ки аз соли 2006 бо Донишкадаи авиатсияи граждании Тошканд (ДАГТ) робитаҳои мустаҳкам дошт ва умед аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ҳар ду кишвар аз нав эҳё мешаванд. Ҳамкории кафедра бо устодони ДАГТ дар ҳама самтҳо, оид ба тайёр намудани кадрҳои соҳаи бакалавр ва магистрони авиатсияи гражданӣ пурзӯр мегардад. Такмили тахассуси устодони кафедра ва устодони ДАГТ мубодилаи таҷрибаҳои касбиашонро амалӣ мегардонад.

Ҷалолиддин ҒАФУРОВномзади илмҳои

техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири

кафедраи истифодабарии техникии

нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment