Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи чанд сол буд, ки бо ҳам муносибати сард доштанду аз ин вартаи ноҳинҷори ҳамсоягӣ ба танг низ омада буданд. Хушбахтона, баъди ба сари Ҳукумат омадани президенти ҳозираи кишвари ҳамсоя мо ҳар ду давлат аз иҳотаи мушкилоти ҷойдошта ба тадриҷ баромада истодаем. Агар ба вазъи кунунии ин муносибатҳои дуҷониба назар афканем, онро имрӯзҳо метавон чун шикасти «яхбандиҳо» дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳогузорӣ намуд. Он аз сафари таърихии Президенти кишвари мо ба шаҳри овозадори Самарқанд (2-юми сентябри соли 2016) оғоз ёфт. Бояд таъкид намоем, ки аз 4 сарони кишварҳои минтақа, танҳо ду нафарашон (президенти Тоҷикистону Туркманистон) дар чорабиниҳои давлатии дафнии нахустин президенти Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар ин рӯзҳои вазнини кишвари ҳамсоя ва бародар президенти мо ба мардум ҳамдардӣ ва ҳамнафасӣ изҳор намуда, ба сардии муносибатҳои дуҷониба хотима бахшид.

Дар муддати хеле кӯтоҳ (18 моҳ) мо шоҳиди таҳаввулот ва равандҳои нав ба нави муносибатҳои дуҷониба будем, ки онро шартан давраи гузариш (аз сарди ба нармӣ) номгузорӣ менамоем, ки он аз сафари президенти мо оғоз ёфта, акнун ба хубӣ анҷом ёфт.

Маълум буд, ки нигоҳҳои пурмеҳру ашкбори хешу таборҳо аз дидори деринтизор далолат мекард. Кам андар кам одамоне буданд, ки дар ин рӯз ба роҳбари ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои чунин як иқдоми нек аҳсан нахонда бошад. Ин тадбири дурандешона, ки аз ҷониби сарварони ҳамсоядавлат сурат гирифт, на танҳо тоҷикону ӯзбекон, балки ҳамсоягони мо – қирғизону туркманҳо, қазоқҳою афғонҳоро шарики хурсандии мо гардонд. Зеро ин амал барои таҳким бахшидан ба ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамон рӯз дар ҳама ҷо аз кушодашавии сарҳад ва оғоз гардидани рафтуомад, ки як муддате коҳиш ёфта буд, сухан рафта, одамон бо як меҳру муҳаббати хоса аз аҳамияти он ёдовар мешуданд. Зеро дар ҳар ду тараф хешу табор зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки аз натиҷаи вохӯрӣ метавон чунин хулосаҳоро баровард. Аз ҷумла гуфта шуд, ки суръати тағйироти куллии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон моро водор месозад, ки мо ин дурнамоҳоро чунин арзёбӣ кунем. Ҳалли мушкилоти сарҳадӣ (демаркатсия, делимитизатсия, миначинӣ ва ғ.), лағви режими раводидӣ (ба муддати 1-3 моҳ) ба рафтуои озоди шаҳрвандони ду кишвар, кушодани хатсайрҳои нақлёти заминӣ (тариқи афтобусҳо ва қатораҳо) на танҳо байни пойтахтҳо, балки байни дигар шаҳрҳои азими ду кишвар. Барқарор гардидани омаду рафт ба воситаи роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ натанҳо ба дӯстии ду халқ таҳким мебахшад, инчунин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд таъсис дода шудани марказҳои савдо ва хатсайрҳои сайёҳӣ байни ду кишвар, баргузории нахустин Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, инчунин Рӯзҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, ки бо иштироки адибону ҳунармандон баргузор шуд, аз ояндаи неки ин ҳамкориҳо далолат мекунад. Ин иқдоми дурандешона, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид, дар саҳифаи таърихи давлатдории ҳарду кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ ва илмӣ дар ҳудуди ду кишвар (рӯзҳои фарҳангӣ, конференсияҳои илмӣ, сафарҳои эҷодии ситораҳои мусиқӣ, кинофестивалҳо, фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои фурӯши молҳои саноативу истеҳсолии ду кишвар ва кушодани марказҳои тиҷоратӣ ва инчунин иштироки бевоситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар марҳилаи дуюми сохтмони нерӯгоҳи азими кишвари мо Роғун бо харидории саҳмияҳои он дар ҳаҷми тахминан 500 млн. дол. амрико. Ин иқдоми кишвари ҳамсоя хеле бамаврид буда, вазифаи стратегияро ҳал менамояд:

  1. Кишвари моро дар оянда аз гирифтани қарзҳои гарон аз бозори ҷаҳонии молия эмин месозад. Ба ҳамагон маълум, ки мо тирамоҳи соли гузашта аз бозори ҷаҳонии молия (Лондон) ба миқдори 500 млн. дол. бо 7,1% солона барои бунёди марҳилаи аввали нерӯгоҳи Роғун қарз гирифтем. Мо акнун дар муддати 10 сол танҳо дар ҳайси фоизҳо 350 млн. дол. баргардониданамон лозим меояд, ин барои иқтисодиёти миллӣ мушкилот эҷод менамояд.
  2. Кишвари ҳамсоя бошад, кафолати бе шакку шубҳа барои таъмини майдони пахтазори худ дар давраи вегетатсияи пахта бо захираҳои обии лозима аз ҳавзаи рӯди Амударёро ба даст меорад.
  3. Бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоливу саноатӣ бо иштироки сармоягузории Ӯзбекистон, ки барои амалишавии Старегияи Миллии Рушди мо то соли 2030, ки бояд моро аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ тағйир диҳад, мусоидат менамояд.
  4. Ворид намудани «визаи абрешимӣ» чун «визаи шенгенӣ» байни Тоҷикистону Ӯзбекистон.
  5. Барои ширкатҳои фаромиллӣ, ки дар ҳудуди ду кишвар фаъолият менамоянд.
  6. Барои сайёҳоне, ки Тоҷикистон ё Ӯзбекистон сафар менамоянд ё имконият пайдо мекунанд, ки ҳар ду кишварро дидан намоянд.
  7. Барои муҳаққиқоне, ки таъриху фарҳанги Варорӯдро таҳқиқ менамоянд.

Марҳила ба марҳила сафи гирандагони ин намуди раводид аз дигар қишрҳои ҷомеа васеь карда мешавад. Дар оянда дигар кишварҳои минтақа бо хоҳиши худ метавонанд ба ин «визаи абрешимӣ» шомил шаванд.

Хуллас, андешаҳои гуногуне дар гирди дурнамо ва ояндабинии равобити Тоҷикистону Ӯзбекистонро метавон арзёбӣ кард, ки барои мустаҳкам намудани дӯстии ду кишвари ҳамсоя мусоидат мекунанд. Ин иқдоми дурандешона, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид, дар саҳифаи таърихи давлатдории ҳарду кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Илҳом Қурбоншоев – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment