Мувофиқи ҷадвал ва тартиби баргузор намудани ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ҳавлии Шаҳраки донишҷӯён – “Политехникум” бо ташаббуси факултетҳои “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, “Нақлиёт” ва “Факултети муштараки ДТТ – ДМТБ” чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи дилафрӯз баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ – Ректор – Одиназода Ҳ.О., Саидзода Р.Ҳ., Абдуллоев М.А., Ашӯров А.Н., декани факултетҳо, сардорони идораву шуъбаҳо ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, тамоми устодон, кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфт.

Боиси таваҷҷуҳ ва ифтихор аст, ки дар баргузории ин чорабинии бошукуҳ меҳмонони олиқадр – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иванов А.Н. ва котиби сеюми сафорат – Д. Герасимович иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ меҳмонон миллати тоҷик, анъана ва ҳунарҳои мардумии миллати моро бостонӣ ва нотакрор хонда, ҷашни Наврӯ ва баҳори нозанинро табрик гуфтанд.

Чорабинӣ дар рӯзи офтобии баъди боронҳо дилнишин, ҷолиб ва шавқовар доир гардид. Мувофиқи Низомномаи баргузор намудани ин чорабинӣ деканати факултетҳо дар якҷоягӣ тамоми шарҳои пешниҳодиро пурра ва бо санъати баланд иҷро намуданд. Махсусан Маликаи Наврӯз, Бобои деҳқон, қироати шеъру иҷрои сурудҳо дилнишин буд. Инчунин намоиши либоси миллӣ, рақси миллӣ, дастурхони наврӯзӣ “ҳафт син”- “ҳафт шин” боиси таваҷҷуҳи ҳамагон гардид. Донишҷӯён бо санъати хуби фарҳангӣ хотири ҳамагонро шод намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар рафти чорабинӣ заҳмати фаровон сарф шудааст ва ташаббускорон ва кумитаи тадорукот – декани факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” – Ҳамроев Ф.М., декани факултети “Нақлиёт” – Давлатшоев Р.А. ва декани “Факултети муштараки ДТТ – ДМТБ” – Гадоев С.А., муовинони деканҳо – Маҳмадов Ш.Р., Бозоров Ш., Яъқубов Н., устодони кафедраҳо – Шоева Н.А., Якубова М.М., Сафолова Л.А. ва дигар устодону донишҷӯёни вобасташуда содиқона рафти чорабиниро ташкил ва доир намуданд. Аз Хадамоти ташкилию тарбиявии донишгоҳ – Саидов Б. ва Муминов Ф. низ сертараддуд буданд.

Дар охир ба як қатор устодон, кормандон, донишҷӯён ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои ҷашнӣ ифтихорномаҳо, мукофоти молиявӣ ва хотиравӣ супорида шуд.

 

Leave a Comment