Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9 – 10 марти соли ҷорӣ ба амал омад, яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи қариб бист соли охир мебошад.

Дар беҳтар шудани муносибатҳои ду ҷумҳурӣ, хизмати роҳбарони ду давлат, пеш аз ҳама Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама вақт тарафдори беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя буданд ва мебошанд, чунки робитаҳои дӯстию ҳамкории мо таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Миллати тоҷику ӯзбек бо ҳамдигар дӯсту бародар мебошанд ва анъанаҳои миллии онҳо ба ҳамдигар монандӣ доранд.

Агар мо саҳифаҳои таърихро варақ занем ва ҳаматарафа хулоса барорем, мебинем, ки дар мавзеъҳои зиндагии тоҷикону ӯзбекон бештар оилаҳое ба назар мерасанд, ки бо ҳамдигар ҳамҷоя шудаанд, яъне агар шавҳар тоҷик бошад, ҳамсараш духтари ӯзбек ва баръакс. Дӯстии ду халқи шарафманд, дӯст ва бародари ӯзбеку тоҷикро бе алломаҳо Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ тасаввур намудан мумкин нест. Ин ду шахси бузургу Худодод, ки дар ҷаҳонишавии адабиёти классикии форсу тоҷику ӯзбек ҳиссаи бениҳоят арзандаи худро гузоштаанд, ба дилу дидаҳои мардум ҷой гирифтаанд. Чунон ки маълум аст, Алишер Навоӣ бо тахаллуси “Фонӣ” шеърҳои худро эҷод менамуд ва дастраси мардум мекард. Ӯ ҳама вақт аз устоди бузурги худ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маслиҳат мепурсид ва шеърҳои худро ба устодаш пешкаш менамуд.

Гуфтаҳои устоди худро ба назар гирифта, Алишер Навоӣ бештар ба забони модарии худ эҷод намудан гирифт ва ин аз тарафи устодаш дастгирӣ меёфт. Ин ҳамкориҳои устоду шогирд барои дигарон намунаи дӯстӣ, рафоқат, ҳурмату иззат ва вафодорӣ буд.

Дӯстию бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боз қавитару мустаҳкамтар гардид. Намояндагони илму фарҳанг, шоирону нависандагон бо ҳамдигар алоқаи зич доштанд ва мардуми ду кишвар онҳоро медонистанд ва ҳурмату эҳтиром менамуданд. Дар байни онҳо пеш аз ҳама шоири намоёни тоҷик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлал Неҳрӯ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро қайд намудан лозим аст, ки барои наздик шудани халқҳо хизматҳои шоёне кардааст. Ӯ сарояндаи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдат буд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзӣ сахт.

Мирзо Турсунзода бо бисёр шоиру нависандагони Шӯравӣ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон алоқаи зич дошт, ки дар байни онҳо Ғафур Ғулом буд. Шеърҳои эҷодкардаи М. Турсунзода халқҳо, миллатҳоро бо ҳамдигар дӯсту бародар мекард:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Ҳунармандони соҳаи синамо низ дар байни ҳамдигар алоқаи зич доштанд. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи кинои ӯзбек, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Комил Ёрматов мебошад, ки обрӯ ва эътибори миллати ӯзбекро то ҷаҳон бардошт. Хизматҳояш боиси он гардид, ки ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравиро лоиқ донистанд.

Қайд кардан лозим аст, ки на танҳо шоирону нависандагон, балки намояндагони макотиби олӣ низ ба ҳамдигар алоқаи зич доштанд. Азбаски ихтисосҳои ба коркарди пахта алоқамандбуда мутахассисони ин соҳаро талаб менамуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набуд. Мутахассисони ин соҳаро асосан донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайёр менамуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон асосан ба пахтакорӣ машғул буд. Дар Донишгоҳи политехникии Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ), ки соли 1956 таъсис ёфта буд ва дар он сол ҳамагӣ 200 нафар донишҷӯ дошт, донишҷӯён оид ба коркарди пахта ду сол таҳсил намуда, пас ба Тошканд, ба Донишкадаи саноати сабук ва бофандагӣ равона карда мешуданд. Азбаски мутахассисони коркарди аввалини пахта ва ресандагӣ дар Донишкадаи политехникии Сталинобод кам набуданд, бинобар он хизмати профессорону омӯзгорони макотиби олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тайёр намудани ин мутахассисон бениҳоят калон аст. Дар байни онҳо устодони шинохтае ҳастанд, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Инҳо Саидов Ҳ.С., Саидхоҷаев Т.С., Раҳимов Н.Р. (марҳум), Турсунова М.Т., Зикриёев Э.З. (собиқ Вазири саноати пахтатозакунии Ӯзбекистон), Қобилов У.Қ., Ҳафизов И. Қ. ва дигарон ҳастанд.

Кормандони кафедраи “Технологияи коркарди нахҳои табиӣ” ба монанди дигар коркунони донишгоҳ ва мардуми оддии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гармшавии муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст ва ҳамсоя хеле шод мебошанд. Акнун мо метавонем алоқаҳоро бо мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳтар намоем ва шартномаҳои ҳамкориро оид ба тайёр намудани мутахассисон, таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва алоқаҳои илмиро оид ба технологияи коркарди пахта ва дигар намудҳои ашё беҳтар намоем.

Хулоса, ҳама ниятҳои нек дар пеш аст ва ин аз қадамҳои неки сарварони ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид ва мо мегӯем:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Сулаймон Зулфонов, устоди Донишгоҳи

техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment