Имрӯз дар саҳни ДТТ ба номи Осимӣ омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои “Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” ва “Сохтмон ва меъморӣ” ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва хеле хотирмон таҷлил намуданд. Овезаҳои мунаққашу зебо, насби шеъру нигоштаҳои ҷолиб дар бораи таърихи Наврӯз мавзеи тантанаҳои Наврӯзиро дилпазир ва хотирмон карда буд.

Дар намоиш тамоми оинҳои Наврӯзӣ, аз ҷумла дастархони миллӣ бо анвои ҳафт сину ҳафт шин идона оро ёфта буд. Меҳмонони гиромӣ бо сарварии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Одиназода Ҳ.О. бо ҳайъати ҳамроҳонаш ба ҷашни тантанаи наврӯзӣ қадам ранҷа намуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин тантанаи наврӯзӣ меҳмон аз Фаронса Ренан Ле Скер – директори ташкилоти байналмилалии ГЕРЕС дар Тоҷикистон низ ширкат дошт.

Дар назди ҳозирин ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. суханронӣ намуд. Ӯ ҳамагонро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, барои сифати таҳсилотро боз ҳам баланд бардоштан даъват намуд.

Мавриди зикр аст, ки аз Наврӯз то Наврӯзи дигар омӯзгорону донишҷӯёни ДТТ, аз ҷумла факултети ТИваК ба дастовардҳои намоён ноил мегарданд. Ба омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол мукофоти хотиравӣ тақдим гардид. Тантанаи Наврӯзиро сурудҳои дилпазири овозхонони факултетҳо шавқовар, рангин ва пурмӯҳтаво намуд.

Барои ташкил ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар баробари саҳми хуби деканати факултетҳо ҳиссаи омӯзгори мумтози кафедраи ИваТҲ Иброҳимова Т.Ҳ. хело калон аст.

Бо ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамаи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро самимона табрик мегӯям ва ба онҳо умри дарозу хонаи обод таманно дорам.

Наврӯзатон фирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.

Равшанов Ч.Б. н.и.и., дотсент, мудири кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор.

Leave a Comment