Устодон, ҳамкорон ва дониҷӯёни азиз!

Шуморо бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – ҷашни зебои Наврӯзи фаррухпай, ки бо қадами хуҷастааш ба табиати зебои сарзамини хуршедиамон муждаи тоза ва ҳусни нав, ба хонадони

мардумамон файзу баракат ва шодиву нишот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад, дили ҳар як пиру барноро шодон мегардонад, муборакбод менамоям.

Ҷашни бостонии Наврӯз, ки оғози Соли Наву айёми сабзию хуррамии табиат аст, аз замонҳои қадим диққати олимону фозилон, шоирону нависандагонро ба худ ҷалб карда меояд. Наврӯз аз ҷумлаи ойинҳои ниёгон ва аз зеботарин ва пуршукуҳтарин тантанаҳои мардумони эронинажод будааст. Ин ҷашни бостонӣ ҷашни сирф мардумӣ, зеботарин идҳои тоҷикон аст. Бо баробари фарорасии Наврӯз шабу рӯз баробар шуда, айёми шукуфаҳо, эҳё ва сарсабзии табиат фаро мерасад.

Воқеан, ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз моломоли зебоиву накӯӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонопазири он будааст. Бинобар ин, фасли баҳорро арӯси сол ва Наврӯзро зебу ҷалоли он гуфтаанд.

Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд.

Ба таъбири дигар онҳо Наврӯзро ҳамчун муждаи аввалини баҳори хуҷастапай, эҳёи табиат, бедоршавии замин ва оғози киштукор истиқбол мегирифтанд ва гиромӣ медоштанд. Ин амал пеш аз ҳама шуълаи меҳру муҳаббатро дар дил мепарварад ва ғубори кинаву кудуратро аз байн мебарад.

Махсусан ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон аз ҷумлаи анъаноти нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

Дар асотири қадимаи тоҷикон сабт гардидааст, ки Худованди якто ҷаҳонро дар муддати шаш рӯз офарида ва рӯзи шашум ба нахустин рӯзи фарвардин рост омадааст. Ба ин хотир Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистаанд.

Мардуми ориёӣ ин шаш рӯзи муборакро ҳамчун аркони муқаддас то кунун истиқбол мегиранд ва ҷашни Наврӯзи Бузург низ аз панҷ шашрӯза иборат аст, ки дар навбати худ ҳар рӯзи он ба худ номи алоҳидае дорад. Яъне Наврӯзи Хурдак шаш рӯз аст, ки ба фосилаи рӯзҳои асотирии офариниши ҷаҳон баробар меояд.

Онҳо дар хонаҳову даштҳо гулхани наврӯзӣ афрӯхта, бо паёми писандидаи «Пиндори нек, Гуфтори нек ва Кирдори нек» дилҳоро сурур мебахшанд, инчунин сабқати ҷавонмардиву паҳлавонӣ меороянд ва ойину суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷамро азизу гиромӣ медоранд.

Аксари таърихнигорон ва донишмандон бар он ақидаанд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшеди пешдодӣ аст. Аз он рӯзгор базмҳову ҷашнҳои пуршукуҳу ҷалол ба ёдгор мондаанд, ки саодату сафои он ҳама то имрӯзу фардо равшангари дилҳои башарият ба шумор мераванд ва суннатҳои созандаи Наврӯз, аз қабили ҳамраъйиву ҳамдастӣ ва дӯстиву бародариро гарм пазироӣ менамоянд.

Дар ин радиф хислати оқилӣ, хирадмандӣ ва одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисоли равшани ҳаётӣ донистан мумкин аст, зеро дар оғози баҳори нозанин, дар иди сари сол, бо муждаҳои баҳорӣ меҳмони олиқадр ва ҳамсояи накӯ – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо тамоми шукуҳу шаҳомати миллӣ ва меҳмондӯстонаи тоҷикона истиқбол, меҳмондорӣ ва гусел карда шуд. Ин ташрифи давлатӣ оғози ҳамкориҳои навини байнидавлатӣ ва дӯстонаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардид.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯйи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Бузургони адабиёти оламшумули тоҷик, бахусус олимону шоирон дар рисолаву таълифоти илмӣ ва ашъору осорашон асрори ҳикматҳои Наврӯзро таъбир ва васф кардаанд.

Ин анъана аз аҳди бостон аз китоби «Авасто» ибтидо гирифта, дар шоҳасарҳои суханварони бузург ва рисолаҳои арзишманди донишмандони маъруф – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино, Мӯсои Кисравӣ, Умари Хайём ва минбаъд низ идома ёфтааст.

Ниёгони мо расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои «Шашмақом»-у «Фалак», ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ доштаанд, ки то замони мо омада расидааст.

Мо ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт.

Ҳама хусусиятҳои ин ҷашни муборакро ба назар гирифта ЮНЕСКО аз 30-юми сентябри соли 2009 онро ба қатори 76 рӯйхати фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуд ва ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ шинохт. Илҳом аз ин воқеаи фараҳбахш гирифта, моро месазад, ки ифтихоре аз ниёгони хеш намудаву суннати эшонро зинда нигоҳ дорем ва барои гузаронидани ин иди байналмиллалӣ, ки дар Тоҷикистони азизамон ҳамасола баргузор мегардад, омодагии ҳамаҷониба гирем…

Соли нави Аҷам Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Ҳамакнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишони олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расидааст. Наврӯз ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта аст. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ ифтихор кунем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин Ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо ин миллат тавонист дубора Наврӯзро зинда кунонад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад! Имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол – баҳор гузаронида мешавад.

Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ пирӯзона барпо буда, бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд.

Имрӯз низ ҳамаи тоҷикон ва эрониён дар Тоҷикзамин-Эронзамин ё берун аз он, аз озарӣ, афғон, балуҷ, бандарӣ, порс, тозӣ, турк, хузӣ, курд, гил, лур ва дигар ва аз пайравони дини Ислом, Баҳоӣ, Зардуштӣ, Масеҳӣ, Яҳудӣ ҳама ин ҷашнро бо шукуҳи ҳарчӣ бештар мегиранд. Хонатакконӣ, сабза коштан, хони наврӯзӣ, замони солгард, шодбош, дид ва боздид ва сенздаҳбадaр аз ойини ин ҷашни бостонӣ аст.

Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-24-уми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукуҳ бо тамоми расму ойинҳояш таҷлил карда мешавад.

Бар диёрам ин замон, фасли баҳор ояд ҳаме,

Ҳам ғазал, шеъру тарона, сад ҳазор ояд ҳаме.

Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,

Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.

Мерасад шодӣ ба дил аз пайки хушрӯзи баҳор,

Ҳусни хона, ҳусни Меҳан, ҳусни ёр ояд ҳаме.

Бояд зикр кард, ки яке аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ ба ёд овардани нақшаву корҳои аз Наврӯзи пешин то Наврӯзи навин ба анҷомрасида ва тарҳрезии ҳадафҳои нав мебошад.

Мо имрӯз бояд баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардум меҳнат намоем.

Боварии комил дорем, ки барои расидан ба ин ҳадаф ва баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон фарзандони баору номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо минбаъд низ бо дасту дили гарм фидокорона заҳмат мекашанд.

Зеро Ватан барои ҳар фарди кишвари мо муқаддас аст ва дар урфият онро «як рукни имон» гуфтаанд.

Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба киштукори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шуруъ менамоянд.

Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,

Рӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,

Ҳама дар анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Мо бо Наврӯз тулуъ кардем ва бо Наврӯз ғуруб хоҳем кард… Наврӯз тӯморест аз Худованд, ки миллати моро аз чашми бадон нигоҳ дошт ва аз қаъри асрҳо, аз даврони асотир ба ин замон расонд… Наврӯз нишони ваҳдати миллист: Замоне онро бо каломи «Авесто» таҷлил мекардем, баъд ба он оёти Қуръон низ ҳамроҳ гардид… Аммо чӣ муъбад, чӣ мусулмон – мо як миллат будем… Он замоне асолат ва ягонагии моро таъмин кард. Замони баъд руҳи миллии моро ба миллатҳои дигар ворид сохт ва ваҳдати руҳонии моро бо қавмҳои дигар ба вуҷуд овард… Ҳарфҳои авестоии мо ба ҳарфҳои исломӣ бадал шуданд… Имрӯз Наврӯзро на фақат дар Теҳрону Кобулу Душанбе, балки дар Тошканду Ишқободу Алмаатову Бишкеку Қазону Боку ҳам ҷашн мегиранд, аз он ҳамчун аз иди миллии хеш ёдрас мешаванд. Пас, бо Наврӯз чизе аз шаҳомати миллии мо ба ин миллатҳо ҳам гузаштааст… Наврӯз таърихи мост…

Вақте ки забонаҳои оташи Искандар дар осмони Тахти Ҷамшед фаввора мезад, мо Сиёвушвор аз оташ мегузаштем… Вақте ки Қутайба бо лашкараш киштзорони мо, нони моро таги суми аспҳояш гузошт, мо бо шиками гурусна суруд хондем ва вақте ки Чингиз ҳазорон ҳазори моро ба бардагӣ мефурӯхт, мо бо худ Наврӯзро мебурдем… Вақте Темури ланг устухонҳои моро ба қисматҳо ҷудо карда, аз онҳо барои сохтмони калламанораҳояш сутун метарошиду хишту тиреза мекард, шиори мо «бо андуҳ андаке шодӣ мебояд!» гашт… Вақте якеи мо «ёғӣ»-ву дигаре «тоғӣ» шуд, мо боз ба ҳам омадем сари хони наврӯзӣ… Мо бо Наврӯз боз эҳё мешудем ва барои мо Наврӯз на фақат ид, балки чизе болотар аз ҳама идҳост… Бо Наврӯз руҳи мо то ба имрӯз монд ва Наврӯз рамзи ҳастии мо гашт… Вақте дар айёми шӯравӣ моро аз Наврӯз ҷудо карданд, мо зиндаҷудо шудем. Фазову замони мо номуайян шуд. Гӯё ки набудем. Бо омадани он боз ба Худои худ расидем ва фазову замони худро дарёфтем. Он ки солшумории мо наврӯзӣ нест, ин маънои онро надорад, ки мо миллати наврӯзӣ нестем…

Наврӯз ҷашни руҳи мост… Наврӯз дидори модару фарзанд – Табиату Инсон аст… Наврӯз рӯз ва соати муайяни ин дидор аст… Бо дамидани сабзаи баҳорӣ фарзанди фаромӯшкор эҳсос мекунад, ки дербоз модари хешро надидааст ва ӯ аз тамоми гирумадори рӯзгор беихтиёр мегурезад, аз шаҳрҳои пурмағалу бузург худро канор мегирад ва ба оғӯши модар мешитобад…

Оё ҳамчунин боздидеро метавон пайдо кард, ки модар тамоми дору мадор ва навозишҳои хешро ҳотамона ба фарзанди хеш нисор кунад? Модар-табиат Яъқуби чашм ба роҳи фарзандро мемонад. Гӯё интизор аст, ки кай Юсуфи дурафтодаи ӯ ба Канъон меояд. Ба пешвози ин фарзанд ӯ аз гулҳо пойандоз, аз сабзаҳо қолинҳо мегустарад, заминҳоро шодоб мекунад…

Наврӯз таҷдиди хотираи аз ёд рафта аст…

Наврӯз лаҳзаи бедории мост…

Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди боимони мост, ки онҳоро аз жарфи қарнҳо берун мекашад ва моро сари дастурхони наврӯзӣ ба ҳам меорад. Онҳоеро, ки моро ва миллати моро сохтаанд, онро шукуҳу шаҳомат бахшидаанд. Бале, Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст. То фаромӯш накунем, ки мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо Наврӯз аст. То фаромӯш накунем, ки ҳуқуқи хиёнат ба эшон надорем ва суннатҳои эшонро пос медорем ва бо Наврӯз онро ба ҳазорсолаҳои дигар мефиристем. То он замоне, ки моро низ чу Ҷамшед ба ихтиёри асотирҳо бисупоранд. Мо бо Наврӯз тулуъ кардем ва бо Наврӯз ғуруб хоҳем кард.

Бо умеди саломатӣ, хонаободӣ, сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракати яздонӣ бори дигар Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни зеботарини миллӣ, Соли нави аҷдодиро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми аҳли оила, ёру дӯстон ва кулли тоҷикистониён таҳният мегӯям. Бигзор дастархони Шумо ҳамарӯза бо анвои наврӯзӣ пур бошад, дар табассумҳои Шумо гулҳои баҳорӣ дар шукуфтан бошанду хонадонатон доимо навбаҳор бошад.

Наврӯз муборак!

Leave a Comment