Имрӯзҳо шодию хурсандии кулли сокинони ҷумҳуриҳои бо ҳам дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳадду ҳисоб нест. Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҷумҳурӣ, равуои бемамонияти шаҳрвандон, таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ боиси шодмонии пиру барно гардид.

Мулоқоту музокироти судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ва ба имзо расидани беш аз 27 созишномаи барои ҳар ду ҷониб басо муфид барои ривоҷу равнақи дӯстиву бародарӣ роҳ ва шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамдигарро дӯсту бародар хондани Сарварони ҳарду мамлакат дар дили беш аз 40 млн. нафар шодиву нишотро эҳдо ва ашки шодиро аз чашмонашон равон намуд. Аслан ин ду халқи дӯсту бародар чун гӯшту нохун, чун мисраъҳои як байт, чун ду шохи як чанор ва ҳамчун ду гули як баҳорро аз ҳам ҷудо кардан душвор аст. Дар тӯли таърих онҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиста, чунон урфу одат, тарзи либоспӯшӣ ва рафторашон ба ҳам тавъам гаштаанд, ки ба қавли устод Боқӣ Раҳимзода:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,

Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,

Бинанда чунин суол орад ба миён,

К-эй ҷура, бигӯ, ту ӯзбекӣ ё тоҷик?

Дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ намунаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад, таъкид намуда буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон. Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид мебошад.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Ин шоҳбайтҳои сарояндаи машҳури сулҳу амонӣ устод М. Турсунзода имрӯз бори дигар вирди забони сокинони ду мамолик гардид.

Агар тифли тоҷик бо аллаи модари ӯзбек хобаш барад, занону мардони ҳар ду миллат дар тӯйю маъракаҳои якдигар аз рӯйи сидқу вафо ҳамдаму ҳамдарди якдигаранд. Вақте ки мо тавассути оинаи нилгун дидорбинии хешу табороне, ки баъди чандин сол бо ҳам вохӯрданд, тамошо кардем, ашки шодӣ рехтем. Мо дидем, ки одамон чӣ қадар ташнаи дидори якдигар, то чӣ дараҷа ба дидори ҳамдигар пазмон ва ин лаҳзаҳои шодиро беқаророна интизор будаанд.

Бо амри тақдир ва талаби замон хизмати аскариро мо дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон сипарӣ карда будем. Дар қатори дигар ҷумҳуриҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамяроқони хеле зиёд доштем. Муддати беш аз ду даҳсола мо бо он дӯстони азизамон вонахӯрда будем. Акнун моро дар дил шодиву нишот бештар аст. Мо имкон дорем, ки ба дидори дӯстони ҷониамон мерасем ва шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухороро тамошо хоҳем кард. Бори дигар ба мисраъҳои ҷовидонаи Ҳофизи лисонулғайб сарфаҳм меравем, ки гуфта буд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Хушбахтона дар қатори 27 созишномаи байнидавлатӣ созишнома байни вазоратҳои маорифи ҳарду давлат ба имзо расид. Ман ҳамчун олими соҳаи технологияи инноватсионӣ аз он шодам, ки ҳамкории мо бо олимони кишвари ҳамсоя рушду густариш меёбад.

Равшанов Ч.Б. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи “ИваТҲ”, ҷанговари интернатсионалист

Ҳотам Рабиев – ҷанговари интернатсионалист

Leave a Comment