Мардумон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Оре, оғози дӯстӣ аз муносибатҳои некӯӣ ва накӯкорӣ сар мешавад. Чуноне ки бо даъвати Пешвои муаззами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишвари биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт. Қадам ранҷа овардани муҳтарам Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба диёри хушманзараи мо – тоҷикон, мақсади дӯстии байни ду кишваре буд, ки муддати дароз дар орзуи муносибатҳои хайрхоҳона буданд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Президентҳои ду давлат сатҳи баланди муколамаи байнидавлатиро, ки дар 27 сол мардумони дӯстхоҳи ҳарду кишвар интизораш буданд, дар соли 2018 ба даст оварданд. Аз он ҷумла роҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тӯли ин солҳо баста буданд, ки бо номи ”Роҳи дӯстӣ”, ”Пули дӯстӣ”, “Сарҳади дӯстӣ” номгузорӣ карда, кушода шуданд ва ин дӯстӣ то абад боқӣ хоҳад монд. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеъре, ки ба қалами Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тааллуқ дошт, қироат намуданд:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Инчунин тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар байни ду кишвар бо қаноатмандию софдилона таъкид намуда, бо назардошти умумиятҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангии мардумони ҳар ду давлати дӯст, ки бо принсипҳои устуворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос меёбанд, бо сари баланду дили соф гуфтан мумкин аст, ки ҳамкориҳои созанда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар аст.

Мо орзуи онро дорем, ки дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои дар боло зикршуда байни мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон то абад поянда боқӣ бимонад. Сарони давлатҳо бо дарки амиқи масъуляти баланди худ ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушд ва шукуфоии тамоми минтақа, муқаррароти Аҳдномаи дӯстиву ободии байни ду кишвари бо ҳам дӯстро изҳор намуданд.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Дӯстие, ки солҳои зиёд мо интизораш будем ва ин бо кӯшиши беандозаи Сарони ду давлат ҷомаи амал пӯшид. Ин Аҳдномаи дӯстӣ ба мо – тоҷикон ва дӯстонамон – ӯзбекон сарҳади накӯҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳаётан муҳими мардумони ду кишвари бо ҳам бародар пайванд намуд, иқболи нек меорад, ки мо интизораш будем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳороти хешро баҳри таҳияи Аҳднома оид ба шарикии стратегии байни ду давлат баён намуданд.

  1. Сарони ду кишвар эътиқоди хешро бар он баён намуданд, ки Аҳднома дар масъалаи қитъаҳои алоҳидаи сарҳадии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар рафти сафар ба имзо расид, хидматгузор хоҳад буд.
  2. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии худро нисбат ба ислоҳоти бузурге, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар кишвараш – Ӯзбекистон роҳандозӣ кардааст ва он ба таҳкими рушди иқтисоди миллӣ ва эътибори байналмилалии он кишвар равона гардидааст, изҳор намуд.
  3. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дастгирии худро нисбат ба кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин, рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақавӣ изҳор кард.
  4. Президентҳои ду кишвари бо ҳам бародар ва дӯст хислати стратегӣ доштани тавсеи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ таъкид намуданд.

Сарони ду давлат изҳороти хешро оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” баён намуданд.

Хулоса байни ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар ва аз ҷиҳати фарҳанг якхела – Тоҷикистону Ӯзбекистон ягон саволи беҷавоб ё ин ки масъалаи ҳал нашуда намонд. Ин суханонро Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рафти суханрониашон гуфта гузаштанд:

Даст бо ҳам дода ҳамдил мешавем,

Аз пайи гулбоғи манзил мешавем.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар саҳифаи таърихи мардуми тоҷик як дастоварди бузурги такрорнашаванда, ки дӯстӣ ном гирифтааст, пурра карданд.

Кишвари ман боз шуҳратёр шуд,

Дӯстони кишварам бисёр шуд.

Муслимов И.Ш. – н.и.к., дотсент, мудири кафедраи «Металлургия»,

Ҳоҷиев Ғ.Қ. – ассистенти кафедраи мазкур,

Бобоев Х. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 420101-0104.

Leave a Comment