Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарин қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди Наврӯз аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни  байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо – Ҳурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ – Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ – Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумоти зиёде дода шудааст. Якчадтои онҳоро манзури хонандагон мегардонем.

Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Дар «Форснома»-аш Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро чунин баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯйи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳр барпо намуда, номи онро Истахр номидааст ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.

Ба ақидаи Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми нишопурӣ сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки мегӯяд муаллиф «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».

Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар кадом умумиятро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо аз чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо пеш аз ҳама дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд, чуноне ки чунин фарқиятро мо дар тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқимнишину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ ҷаҳонбинию тафаккур зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири мутақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ буданду аз куҷо омадани онҳо шинохта мешаванд.

Ба ҳамин маънӣ ҷашни Наврӯз ва маросимҳои марбут ба онро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Азбаски чӣ дину чӣ фалсафаи мардумони эрон аз оғоз дар пояи ахлоқ устувор гардида, хусусияти инсонмарказиятро касб карда буд, ҳамин ҷаҳонбинӣ дар маросимҳои ориёӣ, махсусан ҷашни Наврӯз, дар шакли афкори инсонгароӣ, ки аслу маслакашро ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад, ифода ёфт. Аз ин рӯ, дар силсилаи маросимҳои ориёӣ Ҷашни Наврӯз мақому нуфузи хос дорад.

Одатан мо Наврӯзро асосан ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми кишту кор ҷашн гирифта, ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он ки дар он аҳамияти иҷтимоӣ Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшани ба торикӣ, зебоӣ ба зиштӣ, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андуҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки аслу ҷавҳари ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафии мардумони эрониро муборизаи қувваҳои некиву бадӣ, ки онро файласуфи шинохтаи Аврупо Гегел усули инкишоф ва оғози таърихи умумиҷаҳонӣ номидааст, ташкил медиҳад. Аз ин нигоҳ пайдоиши ҷашни Наврӯз пеш аз ҳама аз ҷаҳонбинии асотирию фалсафии эрониёни қадим роҷеъ ба муборизаи қувваҳои некию бадӣ, ки дар асотири космогонии онҳо доир ба табиати миранда (зимистон) ва зиндашаванда (баҳор) маҳфуз аст, сарчашма мегирад. Мувофиқи ҷаҳонбинии асотирӣ-космогонии эрониёни аҳди бостон муборизаи қувваҳои некиву бадӣ хусусияти умумикайҳонӣ дошта, дар натиҷаи ин мубориза кайҳон дар ҳолати гардишу тағйири доимӣ қарор дорад ва он дар шакли табиати миранда ва эҳёшаванда зоҳир мегардад. Зиндагии инсон, махсусан инсони қадим, ки бевосита ба шароитҳои табиӣ вобаста буд, низ дар ҳолати зинда шудани табиат боз аз нав эҳё шуда, зиндагиаш равнақ гирифта, аз шодию нишот пур мегардад ва ӯ ба саодати дунявӣ мерасад. Гардишу тағйири табиат ба гардиши офтоб вобаста аст. Вақте ки офтоб ба бурҷи ҷадӣ (барра) рост меояд, шабу рӯз ба ҳам баробар шуда, аз нуру равшании офтоб замин равшану гарм мешавад ва табиати зинда, ки дар фасли зимистон «мурда» буд, аз нав зинда мегардад. Беҳуда нест, ки моҳи аввали солшумории шамсӣ, ки хоси эрониён мебошад, «фарвардинмоҳ» меноманд. Дар оини қадимаи эрониён меҳрпарастӣ «фар» маънои «нур» «рӯшноӣ»-ро дорад. Чуноне ки муҳаққиқи фалсафаи бостони тоҷикон М. Ҳазратқулов мегӯяд, истилоҳи «фар» маънои лаззату саодат, шукӯҳу манзалат, ба истилоҳи авастоӣ бошад, маънои ҳақиқати илоҳиро низ дорад. Ҷашни Наврӯз маҳз дар рӯзи нахусти ҳамин «фарвардинмоҳ», яъне рӯзи фарорасии нуру рӯшноӣ фаро мерасад. Аз ин дидгоҳ эҳё ва зиндагардии табиат дар натиҷаи гардиши Офтоб, ки рамзи Меҳр (Худои оини меҳрпарастон) дар само аст, рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ мебошад ва яке аз шаклҳои ғалабаи некӣ ба бадист, ки дар ҷашни Наврӯз таҷассум меёбад. Зеро Меҳру Хуршед, ки нуру рӯшноӣ ва сифати азалии онҳост, аз тариқи нуру гармиашон ба тамоми мавҷудоти олам ҳастӣ мебахшанд. Гегел ба ин нуктаи фалсафии қадими эронӣ баҳои баланд дода, моҳияти ин биниши фалсафиро чунин маънидод кардааст: «Барои равшанӣ фарқе нест, Офтоб барои ҳама – адолату беадолатӣ, пастиву баландӣ як хел ҳаётбахшу бошарафона партавафшонӣ мекунад… он муқобили зулмат аст. Ба туфайли он усули фаъолият ва зиндагӣ зоҳир мегардад». Мувофиқи ин биниш метавон гуфт, ки оғози пайдоиши Ҷашни Наврӯз ба замони хеле қадим, ба давраи густариши оини меҳрпарастӣ, ки офтоб (хуршед) дар само ва оташ дар замин рамзи нуронии он аст ва ҳамчун манбаи ҳаёт ва ҳастии табиату инсон шинохта шудааст, рост меояд.

Ҳамин тариқ Ҷашни Наврӯз дар оғоз дар заминаи эътиқодоти табиатгароёнаи эрониёни қадим ба вуҷуд омада, ҳамбастагӣ ва робитаи мутақобилаи табиату инсонро дар худ таҷассум кардааст. Бинобар он аз нигоҳи экологӣ низ Ҷашни Наврӯз дорои арзишҳои умумибашарӣ аст. Дар он тавассути васфи баҳор тараннуми табиат ва зебоии он ҷойгоҳи хос дошта , инсонро дар руҳи табиатдӯстию ҳифзи он тарбия менамояд. Муҳаббат ба гулу обшорон, замину растанӣ, ба нозу неъматҳои мухталиф рамзи муҳаббат ба ҳаёту зиндагии осоишта ва кори хайр аст. Аз ин ҷост, ки дар тафаккуру ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс обу замин, ҳавою оташ аз қадимулайём муқаддас дониста шуда, ҳамчун манбаи ҳаёт, зиндагии поку беолоиш ҳифз карда мешуданд ва вайрон кардани ин қоидаҳо рафтори баду шарр ҳисобида мешуданд. Ин маънои онро дорад, ки инсон тавассути ҳифз кардани унсурҳои асосии муҳити зист рафтори некро барои коиноту башар анҷом медиҳад ва ӯ бояд аз асли масъалаи рушду инкишофи олам воқиф бошад ва онро ба манфиати худ истифода карда тавонад.

Мусаллам аст, ки инсон дар тӯли ҳастии худ давраҳои гуногуни тараққиёти таърихиро тай намудааст, ки дар ин раванд сатҳу шаклҳои тафаккуру маърифат ва ҷаҳоншиносии ӯ низ пайваста таҳаввулу такомул ёфтааст. Ин ҷараёни таърихӣ дар ҷаҳонбинии динӣ низ таҷассум гардида, шаклҳои ибтидоии содалавҳонаи ҷаҳонбинии динӣ ба динҳои нисбатан пешқадаму мураккабтар иваз шудаанд. Раванди мазкур тағйиру таҳаввули ҷашну маросим ва расму оинҳоро ҳам фаро мегирад. Донишмандон чунин таҳаввулотро одатан ҳамчун инқилоби фикрӣ арзёбӣ кардаанд, ки дар пояи он эҷоди фикрии халқи муайян фаро гирифта, сипас он аз роҳҳои мухталиф дар байни халқҳои ғайр густариш ёфта, тадриҷан хусусияти умумибашарӣ касб кардааст. Масалан гузариш аз динҳои табиатгароёнаю бисёрхудоӣ ба динҳои яктопарастӣ аз ҷумлаи чунин инқилобҳоянд. Дар таърихи инкишофи афкори динию фалсафӣ маҳз насаби мардумони эронӣ будааст, ки бо фитрати азалӣ чунин рисолати таърихиро анҷом диҳанд.

Вақте ки дар таърихи адён аввалин шуда Зардушти Спитамон ислоҳоти амиқи диниро пайгирӣ карда, оинҳои табиатгароёна ва бисёрхудоии эрониёни қадимро рад намуда, дини яктопарастии худро тарғиб кард ва онро дар пояи ахлоқ устувор сохт, ҷашну идҳои эронӣ низ тағйиру таҳаввул ёфта, ба оини яктопарастӣ мутобиқ шуданд. Дар ин ҷараён Ҷашни Наврӯз, ки дар замони меҳрпарастӣ тараннумкунандаи табиати зиндашаванда ва эҳёи баҳору тарзи тафаккуру зиндагии ба он замон хос буд, дар заминаи эътиқодоти яктопарстии зардуштия ва ҷаҳоншиносии фалсафии он сифатҳои нави иҷтимоӣ-ахлоқӣ касб намуд.

Як нуктаро бояд таъкид кард, ки зардуштия танҳо як дини ибодатӣ нест, ки дар доираи масоили эътиқодӣ ба монанди имон овардан ба худои ягона Аҳурамаздо ва фариштагон, ба маъод, гузоштани намози панҷвақта, муқаддас донистани обу оташу замину ҳаво ва ғайра маҳдуд шуда бошад. Зардуштия маҷмӯи масоили дунявӣ аз муомилот то усули давлатдорию ҳуқуқу озодиҳои инсонро фаро мегирад. Дар он махсусан шаклҳои пешқадами хоҷагидорӣ тарғиб ёфтааст. Зардушт дар «Готҳо» мардумро ба тарзи ҳаёти муқиминишинӣ, деҳнишинӣ тарғиб намуда, рустоию шаҳрсозӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳаёти осоишта, барқарор кардани ҳокимияти пуриқтидор, парвариши зироат, рушди кишоварзию бозаргонӣ ва афзун намудани рамаю ғалларо аз ҷумлаи рафтору кирдори неки илоҳӣ меномид. Бардошти ҳосили фаровон аз киштро беҳтарин саодати инсон ва пайравӣ ба ростиву некӣ меҳисобид. Аз ин назар як хусусияти фарқкунандаи зардуштия аз баъзе динҳои дигар дар он аст, ки Зардушт зимни тарғиби ҷаҳоншиносии хеш дар баробари эътирофи тарғиби боварӣ ба олами баъд аз марг (мовароуттабиа) ақидаи саодати рӯйизаминии инсонро низ эътирофу тарғиб кардааст, ки ҳамаи ин андешаву амалҳо дар маросиму рукнҳои мухталифи Ҷашни Наврӯз таҷаллӣ ёфтаанд. Бо назардошти ҳамин сифату хусусиятҳо бисёр донишмандони авастошинос зардуштияро дин ё идеологияи мардуми деҳқону ҳунарманди муқимнишин номида, пайдоишу густариши онро ба ривоҷи тарзи ҳаёти кишоварзию бозаргонӣ дар манотиқи Эронзамин алоқаманд донистаанд.

Ҳамин тариқ, мувофиқи таълимоти Зардуштия пешрафту тараққиёти ҷомеаро бе рушди тарзи ҳаёти муқимию шаҳрнишинӣ, кишоварзию бозаргонӣ ва ғайра наметавон тасаввур кард. Зеро маҳз чунин тарзи ҳаёт ба раванди истеҳсолоту илму ҳунар роҳ кушода ҳаёти осоиштаю саодатмандро барои инсон имконпазир мегардонад. Ҳамаи ин андешаҳои табиатдӯстӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии зардуштия дар зиндагии амалии мардумони тоҷику форс аз тариқи Ҷашни Наврӯз ва силсилаи маросимҳои он ки ҳам ҷанбаҳои моддию ҳам маънавӣ доранд, ифода гардида тарғибу ташвиқ меёбанд. Наврӯз тимсоли ғалабаи нерӯи некӣ бар бадӣ, ростӣ бар дурӯғ, меҳру муҳаббат ба кинаву хусумат, равшанӣ бар торикӣ хираду маърифат бар ҷаҳолат ва ғайра мебошад. Беҳуда нест, ки тибқи талаботи оини Зардуштӣ Худо Аҳурамаздо ҳамон бандагонашро дӯст дошта, онҳоро аз саодати биҳишт баҳравар мегардонад, ки дар рӯзи Наврӯз гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд, кинаву хусуматро нисбати ҳамдигар аз қалб меронанд, муҳаббату дӯстиро бар душманию хусумат бартарӣ қоил мешаванд, ба нотавонону муҳтоҷон ва бекасон кӯмаку дастгириро арзонӣ медонанд. Аз ин дидгоҳ Ҷашни Наврӯз саршор аз идеяҳои инсондӯстию инсонмеҳварӣ мебошад, ки дар ҳамаи давру замонҳо маҳаки рисолати таърихию кайҳонии инсонро ташкил медиҳад ва Ҷашни Наврӯзро бештар ҷавону арзишмандтар мегардонад. Шаклҳои гуногуни мафкураҳои динию фалсафӣ ва идеологияи расмии давлатҳо борҳо тағйир ёфтанд, ҷашну маросимҳои мухталифи оҳанги идеологӣ дошта омаданду рафтанд, вале Наврӯз ба сабаби анъанаи сирф мардумӣ, ҳомили арзишҳои умумибашарӣ будан ва озод шудан аз ҳама гуна ғарази идеологию мафкуравӣ зиндаву ҷовид монд ва мақоми байналмилалӣ касб кард. Наврӯз таҷассумгари чеҳраи миллии мардуми тоҷику форс буда, имрӯз ҳеҷ кадом ҷашну маросим ва расму оини дигар ба ин андоза моро ҳамчун мардуми фарҳангсоз ба ҷаҳониён муаррифӣ намекунад ва собитсозандаи тамаддунофар будани ин мардумон аз даврони хеле қадим мебошад.

Имрӯз  шароити давлатамон ба мо тамоман озодона қайд намудани Иди Наврӯзро фароҳам овардааст ва зарур аст, ки унсурҳои қадимаи он бо кӯмаки олимону донишмандон, донандагони таърихи Наврӯз барқарор шаванд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

Самадов Ҳумоюн.

Leave a Comment