Халқи тоҷик нисбати ҳама халқу миллатҳо эҳтиром мегузорад. Тоҷикон ба сари халқе боре ҳам шамшер накашидааст. Эҳтироми дигар халқу миллатҳоро дар дохили кишвар ва берун аз он низ бо сиёсати сулҳдӯстона ба ҷо меорад. Аз қарнҳои гузашта то имрӯз риштаҳои дӯстию ҳамкории мардуми сайёраро нисбати худаш аз ҳама боло медонад. Инро дар робитаҳои дӯстӣ миёни ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қарақалпоқҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна ва ҷаҳон метавон возеҳу равшан мушоҳида намуд.

Таҳқиқи таърихи халқи тоҷик барои донистани манбаъҳои равобити анъанавии халқҳои Осиёи Миёна кӯмак хоҳад расонд. Хусусан тоҷикон ва ӯзбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки ӯзбекон ва тоҷикон аз урфу одатҳои якдигар бархӯрдор буда, нисбати якдигар эҳтироми хоса доранд. Ҳамин тариқ, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи ӯзбек файзёб буданд; хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан номумкин аст. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳамчунин давраи асримиёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқӯъ пайвастааст. Бо вуҷуди ин ду халқ ташаккул ёфт, ки имрӯз ба миллатҳои тоҷик ва ӯзбек мубаддал гардидааст.

Бинобар ҳамин ҳам омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми ба худ хоси онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башар бо омӯзиш ва таҳқиқи таърихи ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, ошкор намудани он чи ки онҳоро муттаҳид сохтааст, алоқаи ҷудонашаванда дорад. Дар асоси чунин омӯзиш решаҳои амиқи таърихии ҳамкории бародаронаи халқҳои Осиёи Миёнаро муайян кардан имконпазир хоҳад шуд.

Тоҷикон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодири худ дар тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, бо ин роҳ шуҳрати бештар касб кардаанд. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, як қисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.

Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дӯстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдилию бародарӣ даъват намуда буд. Ин пиндори башардӯстонаро минбаъд гузаштагони мо идома дода, бо аксари қавму қабилаҳо, дину мазҳабҳо бо эҳтиром муносибат менамуданд ва рафоқатро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин асос тоҷикон бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус бо халқи бародари ӯзбек дӯстии мустаҳкам барпо намудаанд, ки он аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштааст.

Дар ҳақиқат тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни XV боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ мебошад, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.

Махсусан, Мир Алишер Навоӣ дар бештари осораш, аз ҷумла дар асарҳои худ “Хамсат-ул-мутаҳайирин”, “Маҷолис-ун-нафоис”, қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” ва як қатор достонҳои “Хамса” бузургӣ ва фазилати устодаш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуда, ба ӯ ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст. Ҳамчунин, дар пайравии устодаш дар даҳ ғазал назираи ҷавобия навишта, аз тарафи Мавлоно Ҷомӣ баҳои баланд гирифтааст.

Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла, ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ӯ дар як муддати кӯтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш – Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ӯро дар рисолаи “Нафаҳот-ул-унс”, якчанд достони “Ҳафт авранг” ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст. Мавлоно инчунин дар мукотибаҳои худ доир ба шахсияти Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, диди зебоипарастонаю назари некбинонаи шоирро махсус зикр мекунад. Қисме аз андешаҳои арзишманд ва ниҳоят халлоқонаи худро Ҷомӣ тавассути ашъори орифона ва ҳикматдӯстонаи пур аз лутфу илҳоми баланд, аз ҷумла рубоӣ ифода мекардааст. Дар ин рубоиҳо адиби нозукбину эҳсосманд садоқату дӯстии хешро бо пероҳани назми саршор аз муҳаббат ифода намуда, дар рубоие, ки аз шаҳри Ҳалаб ба ҷавоби рубоии Мир Алишер Навоӣ фиристодааст, менависад:

Ин руқъа на руқъа, мояи ҳар тарабест,

Таҳсилу нишоту айшро хуш сабабест.

З-ин сон, ки бувад мухтасару пурмаънӣ,

Гӯё зи “Ҷавоҳир-ул-қалам”  мунтахабест.

Баъди шинос шудан ба мазмуни мактуб ва ин рубоӣ Мир Алишер Навоӣ ҷавобе омода карда, бо таъбиру ибораҳои саршор аз меҳру муҳаббат самимияти хешро нисбат ба устодаш чунин ифода менамояд:

Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,

То з-ин ду кадом хубтар кард хиром:

Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ?

Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?

Дар ин рубоии инсондӯстона шоири некусияр устодаш Абдураҳмони Ҷомиро ба “хуршеди ҷаҳонтоб” монанд намуда, мақсади худро содаю возеҳ баён мекунад.

Мир Алишер Навоӣ бешак дар бештари асарҳояш бо чунин меҳру муҳаббат аз устодаш ёд оварда, ба андешаи орифонаю ҳикматписандонаи вай баҳои баланд додааст. Махсусан, дар асараш “Маҷолис-ун-нафоис” ба шахсияти Мавлоно Ҷомӣ дахл карда, аз ҷумла менависад: “Офтобе, ки бо раъйи оламорояш ба ин замона ифтихор ва ба аҳли замона шарафи беинтиҳо муяссар аст ва дарёе, ки ба табъи гуҳарзояш ҷайби ин даврон аз ҷавоҳир пур гардидааст, ҳазрати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки то ҷаҳон ҳаст, натоиҷи хотири маъруфашон аз аҳли ҷаҳон ва то сипеҳри гардун аст, фавоиди дили кушодашон аз халоиқи даврон кам мабод. Назми латоифи он кас чунон зиёд аст, ки барои овардани яке ҳам ҳоҷат  нест. Ҳатто агар номи китобҳояш дарҷ шаванд, ба ин авроқ намеғунҷанд ва агар дуррҳои мусаннафоташ зикр гарданд, баҳри гардун ба туғён меояд…».

Чунин эҳтирому қадрдшиносӣ аз тарафи Мир Алишер Навоӣ ва ба “офтоб” ва “дарё” ташбеҳ додани мартабаи устоди бузургвораш нишонаи дӯстӣ ва бародарии фарзандони ду халқ – тоҷику ӯзбек буда, аз камоли маърифати ин ду адиб дарак медиҳад. Маълум мешавад, ки Мир Алишер Навоӣ бо ҳама масруфияти давлатиаш ба осори Ҷомӣ мароқи хос зоҳир карда, ба мазмуну муҳтавои гаронбаҳои устодаш аз наздик шинос буда, бо завқи том онҳоро мутолиа менамуда ва ба ҳар кадомаш баҳои сазовор медодааст.

Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳайирин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.

Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ инчунин бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чӣ дар назми ӯзбек ва чӣ дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд. Пас аз он ин анъана дар эҷодиёти шоирони асрҳои ХVI – ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар-Отун, Гулханӣ, Ҳозиқ, Аҷзӣ, Айнӣ ва дигарон мақоми хос пайдо кардаанд.

Ин ду шоиру мутафаккир – Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дӯстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои ҳамдигар шод гардида, ҳамеша мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар гузаронда, баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медодаанд. Борҳо чунин шудааст, ки онҳо маслиҳати ҳамдигарро пазируфта, дар пайи иҷрои он талош кардаанд. Масалан, бо пешниҳоди ин шогирдаш Мавлоно Ҷомӣ се девони худро номгузорӣ карда, ба онҳо номҳои муносиб гузоштааст.

Доир ба дӯстии адибони тоҷику ӯзбек, бахусус Ҷомӣ ва Навоӣ ховаршиноси маъруфи ҷаҳонӣ Е.Э. Бертелс таҳқиқоти бунёдии худро бо номи “Навоӣ ва Ҷомӣ” ба забони русӣ таълиф карда, онро соли 1965 ба табъ расондааст. Дар ин асари калонҳаҷм муҳаққиқи барҷаста доир ба замони ин шоирон, мавқеи адабии ду донишманд ва робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Дӯстии Навоӣ ва Ҷомӣ шояд аз охирҳои соли 1469, баъди ба Ҳирот омадани Навоӣ оғоз шуда, Навоӣ Ҷомиро ба сифати шайхи худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад. Аммо Ҷомӣ то ба охир на танҳо ба сифати пири тариқат ба Навоӣ вафодор мондааст, балки дар як муддати кӯтоҳ бо вай дӯсти самимӣ гашта, шогирди худро дӯст доштааст ва ба ҳунари шеърдонию шеърфаҳмии вай баҳои баланд додааст”.

Дар ҳақиқат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, шариату тариқат, одаму одамгарӣ осори гаронбаҳоро ба мерос мондаанд, ки аз онҳо аҳли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафоқату дӯстии онҳо таҳсин хондаанд.

Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст.

Дар ҳақиқат, баргузор шудани даҳаҳои адабиёт ва санъат миёни халқҳои тоҷику ӯзбек аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба ҳукми анъана даромада, якчанд маротиба Рӯзҳои адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидаанд, ки онҳо дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек нақши назаррас бозидаанд. Ин рӯзҳо ба тантанаи ҳақиқии дӯстии халқҳо табдил ёфта, дар аксари марказҳои илмию адабӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар чорабиниҳо ва вохӯриҳо доир шуда, мардум аз ҳунару истеъдоди адибону ҳунармандони тоҷику ӯзбек завқ бурдаанд. Ба шарофати ҳусни тафоҳум ва назари некбинонаи ҳар ду ҷониб ин анъана аз нав эҳё шуда, соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон доир гардиданд, ки он аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба хубӣ истиқбол гардиданд.

Асоси ин ҳама муваффақиятҳо, бе шаку шубҳа, сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ буда, тоҷикон ва ӯзбекҳо ин сифатҳои олиро ба дигарон тарғиб мекарданд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя менамуданд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзӯъҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ӯзбекҳо ба шумор меравад.

Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар тӯли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ӯзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек пурмаҳсул давом кардааст».

Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабӯтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.

Муслимов И.Ш. – н.и.к., дотсент мудири кафедраи «Металлургия»,

Ҳоҷиев Ғ.Қ. – ассистенти кафедраи мазкур,

Сатторзода Б. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 420101-0104.

Leave a Comment