Санаҳои 9-10 марти соли ҷорӣ, дар рӯзҳои аввали баҳорӣ ба саҳифаҳои таърихии ду кишвари бо ҳам дӯст саҳифаҳои нави дӯстии ду милат ворид гардид. Дар ин рӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳуриҳои Точикистону Ӯзбекистон овози карнаю сурнай садо медод, мардуми ду кишвари таърихан дӯст аз барқароршавии армонҳои гумгаштаи чандинсола ашк мерехтанд ва шодӣ менамуданд.

Воқеан мо мардуми ду кишвари таърихан дӯст миллатҳое мебошем, ки таъриху фарҳанги куҳан дорем ва моро лозим аст, ки то андозаи чаҳорчӯбае, ки Худованд бароямон муқаррар намудааст, онро пос дорем ва аз бозгашт ба асли хеш шод бошем. Дар чунин маврид мо ду мардуми дӯсту бародарро ҳамчун миллатҳои соҳибтамаддун мардумони дигар кишварҳо мешиносанду эътироф мекунанд.

Масьалаи дустии ду миллати бо ҳам бародар ҳамавақт аз якдигарфаҳмӣ вобаста буда, аз рафту омади мардум вобастагии калон дорад, ки ба сарнавишти ду халқ пайванд мехӯрад ва бо эҳсоси худу худошиносӣ ва доштани ҳиссиёти миллии ду миллат печида аст, яъне ҷо надорад, ки ин бори масъулият маҳз бар дӯши як миллат бошад.

Халқи Мовароуннаҳр аз мардуме иборат мебошад, ки фарҳангу санъати бой дошта, бениҳоят ҳунарманданд. Тавоноии ин мардум дар ваҳдат ва амоният буд. Яке аз онҳо бо забони форсӣ-тоҷикӣ ҳарф ронад, дигаре бо забони туркӣ-ӯзбекӣ муошират мекарданд. Лекин садди роҳи дӯстӣ шуда наметавонист. Мисоли ин рафоқатро дар таҳлили омории зерин дида метавонем:

Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, устод Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек – Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, инчунин Бобоҷон Ғафуров ва тамоми аҳли зиёи замонааш, шоир ва нависандаи маъруфи ӯзбек Шароф Рашидов ва Мирзо Турсунзода, сарояндагон Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев, инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мисолҳои зиёдро овардан мумкин аст.

Сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз гармшавии муносибатҳои Тошканду Душанбе хело ҳам хушнуд буда, умедворанд, ки саҳифаи ихтилофу танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя дигар бебозгашт мемонад.

Дӯстии тоҷикону узбекон поянда бодо то абад,

Офтоби бахташон рахшанда бодо то абад,

Ҷамъи тоҷику узбек ҷамъ бодо, ҷамъ бодо то абад,

Қалби тоҷику узбек гарм бодо, гарм бодо то абад.

Гулов С.С. – мудири кафедраи “ММ ва ТМ

Алиев Ҷ.Н. – мудири кафедраи ”НМ”

Leave a Comment