Раванди тарбияи маънавию ахлоқии таълимгирандагон яке аз бахшҳои асосии тарбия буда, мураккабию душвориҳои ба худ хосро доро мебошад. Сабаби ин душвориҳо аз бисёр ҷиҳат аз ба ҳамдигар мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавию ҷомеа сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон ҳамкории мустаҳками таълимгоҳ, оила ва ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон мунтазам гузаронидани вохӯриҳову корҳои фаҳмондадиҳии омӯзгорони таълимгоҳҳо дар маҳалҳо ба андешаи ин ҷониб шарти муҳими пеш рафтану самараи хуб додани корҳои тарбиявӣ мебошад. Домани тарбияи маънавию ахлоқӣ хеле фарох аст. Роҳбарони синф, кураторони гурӯҳҳо омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳо бояд кӯшиш намоянд, ки меъёрҳои маънавию ахлоқии таълимгирандагонро ба воситаи амалиёти ибратбахши худи рафиқонашон ислоҳ намоянд. Ба ҳар як рафтори хонанда, донишҷӯ аҳамият додан, хусусияти инфиродии онҳоро дар машғулиятҳо омӯхтан ва вобаста ба феълу атвори ҳар кадом муносибат кардан боиси баланд шудани маданияти ахлоқии онҳо мегардад.

Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 02.08.2011 №762 асосан ба таълиму тарбияи фарзандон дар ҳамкории оила ва таълимгоҳ нигаронида шудааст.

Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда ибрат буда, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд дар бар мегирад.

Дар Қонуни мазкур вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар зикр гардидаанд.

Падару модаронро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо таълимгоҳу ҷомеа ва дар навбати худ мактабро зарур аст, дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва ҷомеа ҷиҳати татбиқи бандҳои ин Қонун камари ҳиммат банданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз равобити байни оила, таълимгоҳ ва ҷомеа хеле коста гардидааст. Ҳол он ки на оила, на таълимгоҳ ва на ҷомеа наметавонанд дар алоҳидагӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии таълимгирандагону ҷавонон саҳмгузор бошанд. Агар падару модарон дар оила ба таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул шаванд, пайваста аз ҳолу аҳволи онҳо дар таълимгоҳ бохабар гарданд, ин боиси он мегардад, ки фарзандони онҳо дар рӯҳияи хуб тарбия ёбанд. Ҷомеа низ бояд ба ин бетараф набошад.

Камбудии асосие, ки имрӯз мутаассифона дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба чашм мехӯрад, ин бетарафӣ ё дар алоҳидагӣ амал кардани ин се ниҳоди зикршуда мебошад. Вақте аз тарафи ин ё он хонанда, ё ҷавон камбудие зоҳир мешавад, бояд ҳам оила ҳам таълимгоҳ ва ҳам ҷомеа баҳри ислоҳи он кӯшиш намоянд. Бо хонандагону донишҷӯён ва падару модари он суҳбат намоянд. Дар якҷоягӣ пеши роҳи камбудиро гиранд. Дар ин кор дар маҳалҳо метавон аз маслиҳату машварати шахсони калонсол ва таҷриби ҳаётандӯхта истифода бурд.

Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибатҳои ногуворро ба бор меоварад. Ҷойи маънавиёти баланду ахлоқи некро маънавиёти пасту бадахлоқӣ мегирад, ки ин ба ҳаёту зиндагии фарзандони мо дар оянда таъсири баде мегузорад ва зиндагии хушу гуворои онҳоро ба шоми тираву тор табдил медиҳад. Дар оянда фарзандони мо наметавонанд на барои худ ва на барои оилаву ватани худ кори шоиставу хизмати арзандаеро ба сомон расонанд ва номбардори ватану миллати хеш гарданд.

Саъйу кӯшишҳои роҳбарияти давлату ҳукумати имрӯза, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба он равона гардидааст, ки фарзандони мо таълиму тарбияи хуб гирифта, чун шахсони комил ба воя расанд. Дар оянда баҳри пешрафту тараққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат банданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро маҳаки асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ҳамкориро миёни таълимгоҳ, оила ва ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар намоем ва фарзандони худро дар рӯҳияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ба камол расонем. Зеро ба қавли бузурге:

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, чун натавонӣ кардан.

Ҳикматов Ҷ. Ҳ. – н.и.ф., мудири кафедраи забонҳо.

Шарифова Д.У. – ассистенти кафедраи забонҳо.

Leave a Comment