Нерӯи асосии энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ 5190 МВТ аст.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ 527 млрд. кВТ соатро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ иқтидори 4,4 милион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ, садҳо зерстансияҳои барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор 6%-и захираҳо мавриди истифода мебошанд. Иқтидори системаи энергетика 5190 МВТ-ро ташкил медиҳад. Дар нақшаи фаннӣ захираи энергетикаи барқии обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта, он 317 млрд. кВТ соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4 – 5% танҳо айни замон истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар ҷаҳон пас аз Чин, ИМА, Россия, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми самаранок истифод бурдани захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст. Аз ҷумла ҳиссаи энергияи барқи обӣ 93,3%-и тамоми иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармдиҳӣ 318 МГВТ, яъне танҳо 6,1%-ро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби истгоҳҳои барқии обӣ мебошад, 16,5 млрд. КВт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки беш аз 98%-и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО, аз ҷумла 97%-и он аз нерӯгоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд. Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 15 млрд. 359,1 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн. кВт, соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,09 млн. кВт/соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 380,08 млн. кВт соат афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ нисбат ба соли 2016 ба андозаи 116,6 хазор Гакл зиёд гардида, дар соли 2017-ум 428,1 ҳазор Гакл-ро ташкил дод.

Истифодаи нерӯҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташкилёбии ҶМШС-и Тоҷикистон соли 1924 оғоз ёфтааст. Дар асоси нақшаи ГОЭЛРО-и СССР (бо ташаббуси В.И. Ленин) аввалин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе (с. 1926 – 78 кВт) ва (с. 1928 – 48 кВт) ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб – 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳазор кВт ба кор даромад. Силсила (НБО-и Варзоб – 1 (с. 1937), НБО-и Варзоб – 2 (с. 1949) ва НБО-и Варзоб – 3 (с. 1952)) бо иқтидори умумии 25,7 МВТ дар дарёи Варзоб низ сохта шуданд. Соли 2006 дар ин ҷо корҳои тармим гузаронида шудааст. Дар солҳои 30-юм сохтмони нерӯгоҳҳои ноҳиявӣ давом мекард, ҳамагӣ 121 НБО-и хурд ба истифода дода шуд. Соли 1946 НБО Хоруғ ба истифода дода шуд. Асосан 1949 – 1958 дар деҳоту колхозҳо нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ва 9 НБО-и хурд ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми иқтидорашон 6630 кВт-ро ташкил мекард. 7-уми апрели соли 1956 маҷрои Сирдарё дар шимоли Тоҷикистон баста шуд ва сохтмони НБО-и Қайроқум бо иқтидори 126 МВт сар шуд, ки 13-уми апрели соли 1960 ба истифода дода шуд. Минбаъд НБО-и Шаршара (1959) бо иқтидори 29,9 МВт, НБО Сарбанд (1963) бо иқтидори 240 МВт, Марказӣ (1964) бо иқтидори 15,1 МВт дар дарёи Вахш сохта шуданд. Соли 1957 таҳқиқи дарёи Вахш барои сохтмони бузургтарин – НБО-и Норак бо иқтидори 3000 МВт сар шуд ва соли 1960 сохтмони шурӯъ гардид. Агрегати нахустини НБО-и Норак 16-уми ноябри соли 1972 ва агрегати 9-ум 30-юми сентябри соли 1979 ба истифода дода шуд. Аввалин хати барқии баландиқтидор ЛЭП-500 НБО-и Норакро бо заводи арзизи Тоҷик пайваст намуд. Солҳои 80-ум НБО-и Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бо ҳамкориву сармоягузориҳои Россия ва Эрон НБО-и Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт ва НБО-и Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

  1. НБО-и Норак бо иқтидори 3000 МВТ дар дарёи Вахш.
  2. НБО-и Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт дар дарёи Вахш.
  3. НБО-и Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш.
  4. НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт дар дарёи Вахш.
  5. НБО-и Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВТ дар дарёи Вахш.
  6. НБО-и Шаршара бо иқтидори 29,9 МВт дар дарёи Вахш.
  7. НБО-и Марказӣ бо иқтидори 15,1 МВт дар дарёи Вахш.
  8. НБО-и Қайроққум бо иқтидори 126 МВт дар дарёи Сир.
  9. Силсилаи НБО-и Варзоб (НБО-и Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3) бо иқтидори умумии 25,7 МВт дар дарёи Варзоб.
  10. НБО-и Хоруғ бо иқтидори 9 МВт дар дарёи Ғунд.

Имрӯз дар Тоҷикистон сохтмони НБО-и Роғун бо иқтидори 3600 МВт ва якчанд НБО-и хурд бо кӯмаки инветитсияҳои давлативу хазина ва бонкҳои хориҷӣ идома ёфта истодаанд. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн. кВт соатро ташкил дод. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябр то май давом мекунад. Дар ин мӯҳлат бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шаҳру ноҳияҳои ғайри пойтахт якчанд сол аст (аз миёни солҳои 90-уми асри ХХ то имрӯз (соли 2015)), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда мешуд. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонид. Сохтмони НБО-и Роғун бо иқтидори 3600 МВт аз нав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани якчанд НБО-и хурд ва махсусан НБО-и Роғун норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд. Лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра аз байн рафта, таъмини солонаи аҳолӣ бо барқ ба роҳ монда шудааст.

Содиқов Ҷ. – донишҷӯйи курси 1, г. 430103Б, факултети Энергетикӣ.

Leave a Comment