Даврони таҳаввулоти геологии сайёраамон хело аҷиб гузашта истодааст. Сайёраамон даврони таҳаввулоти хешро бо ҳодисаву воқеаҳои аҷиб, ҳайвонот ва набототи ғароиб гуногунии иқлим ва сатҳ, табиати сар то по пур аз асрор зеб доданро ихтиёр кардааст. Мувофиқи башорати геологҳо даврабандии таҳаввулоти сайёра ба чор қисмат ҷудо мешавад, инҳо археоптерозой, протерозой, мезозой ва кайнозой мебошад. Дар ин муддати бениҳоят тӯлонӣ саёраамон тавонист дар домони худ махлуқонеро пайдо кард, ки онҳо ба раванди таҳаввулот таъсири хешро расонида, изи худро гузоштанд. Яке аз ин махлуқон инсон ба ҳисоб меравад, ки ҳамеша барои дигаргуншавии раванди таҳаввулот ҳиссаи хешро дорост.

Дар айни замон инсоният воситаи асосии дигаргунсозии таҳаввулот мебошад. Дар ҳама ҷабҳаҳо вай барои қонеъ гардонидани талаботи марбутаи хеш водор аст, ки ҳама равандҳои таҳаввулотро тағйир диҳад ва ё табдил диҳад. Энергетика яке аз ин ҷабҳаҳо ба ҳисоб меравад, ки судманд аст таҳаввулотро дигаргун созад.

Энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноки техника буда, дар хусуси ба вуҷуд овардани энергияи электрикӣ, нақл ва истифодабарии он баҳс мекунад. Муҳандисон роҳҳои гуногуни офариниши энергияи электрикиро кашф кардаанд. Онҳо кӯшиши хешро баҳри истифода аз ҳама гуна ҳаракатҳое, ки дар табиат ҳаст, дар роҳи офариниши энергияи электрикӣ харҷ карда истодаанд. Тавассути ҳаракати об, бод, нурҳои ҷонбахши офтоб, гейзерҳо ва ғайраҳо – унсурҳои табиӣ энергияи электрикӣ меофаранд. Роҳи сунъии офариниш бошад, бениҳоят аҷиб аст, ки онро тавассути энергияи гармии сунъӣ ҳосилшуда мегиранд. Мувофиқи маълумот 90%-и энергияи электрикии дар тамоми ҷаҳон ҳосилшуда бо роҳи сунъӣ офарида мешавад. Ин нишондиҳанда танҳо аз 80-85%-и захираҳои сӯзишворӣ (торф, уран, ангишт, нафт ва газ) гирифта мешавад. Аксари мамлакатҳои ҷаҳон ин роҳро пешаи худ интихоб кардаанд. Мувофиқи башоратҳо 31 мамолики ҷаҳон дорои нерӯгоҳҳои бузурге, ки тавассути энергияи гармӣ, ки онҳоро атомӣ мегӯянд, мебошанд. Теъдоди нерӯгоҳҳои номбурда ба 191 адад мерасад. Иқтидори умумиашон ба 393104 МВт баробар мебошад. Мамлакатҳое, ки шумораи зиёди ин нерӯгоҳҳоро доранд, дар минтақаи Аврупо, ИМА, Ҷопон ва Чин мебошанд. Бузургтаринашон дар Ҷопон ҷойгир аст, ки иқтидораш ба 7,6 ГВт баробар аст.

Роҳи табиие, ки дар борааш дар боло ҳарф задем, омилҳои асосиаш об, рӯшноӣ ва бод мебошанд. Об манбаи асосии ҳастии тамоми олами зиндаи сайёраи замин ба ҳисоб меравад. Дар раванди пайдоиши ҳаёт об нақши босазо дорад, ҳамчунин дар офариниши энергияи электрикӣ об манбаи асосӣ дар энергетика ба шумор меравад. Нерӯгоҳи навбатиро нерӯгоҳи оби барқӣ меноманд. Ин нерӯгоҳ аз ҷиҳати иқтидор ҷойи дуюмро мегирад. Ба воситаи ин нерӯгоҳҳо дар тамоми ҷаҳон дар раванди ҳосилкунии энергияи электрикӣ истифода мекунанд. Бузургтарини онҳо дар Чин (22,4 ГВт), Бразилия (14 ГВт), Венесуелла (10,3 ГВт), Канада (5,43 ГВт) сохта, ба истифода дода шудааст.

Офтоб, рӯшноӣ нақши асосиро дар раванди ҳаётии тамоми организми зинда мебозад. Дар энергетика офтоб ва нурҳои он воситаи хубе дар раванди ҳосил кардани энергияи электрикӣ мебошад. Мувофиқи маълумот иқтидори нурҳое, ки аз атмосфераи замин мегузарад, ба 180 млн ГВт баробар мебошад. Аз ин теъдод 1,57*10^(18) кВт дар як сол. Аҷибаш дар он аст, ки аз 1 метри мукааб дар як дақиқа 120 Вт энергияи электрикӣ гирифтан мумкин аст. Мамолике, ки дар ин роҳи бавуҷудорӣ қарор доранд, ИМА (10,96 ГВт), Чин (1,15 ГВт), Украина (1,33 ГВт) ба ҳисоб мераванд. Иқтидори умумии нерӯгоҳҳои номбурда ба 160-165 ГВт баробар мебошад.

Ба ғайр аз ин намуди нерӯгоҳҳо боз дар энергетика роҳҳои дигари офариниши энергияи электрикӣ мавҷуд мебошад, ки онҳоро нерӯгоҳҳои бодӣ, геотермалӣ меноманд, Ин ду нерӯгоҳҳои номбурда бе хароҷоти зиёд, бе меҳнати гарон энергияи электрикӣ меофаранд. Аз ҷиҳати иқтидор нуфузи хешро дар муқоиса бо дигар нерӯгоҳҳо доро мебошанд.

Бо вуҷуди ин ҳама нерӯгоҳҳои номбурда боз мардуми сайёра эҳтиёҷ ба энергияи электрикӣ доранд. Тақрибан 20-25%-и аҳолии сайёра ниёз ба энергияи электрикӣ доранд. Алалхусус минтақаҳои гуногуни Африқо, Осиёи ҷанубу шарқӣ ва ғарбӣ эҳтиёҷи зиёд ба энергияи электрикӣ доранд.

Энергетика чун соҳаҳои дигари техника чунон пеш рафта истодааст, ки он дар гул-гулшукуфоӣ ва рангобаранг шудани ҳамаи равандҳои ҳаётии инсоният нуфузи хешро аз бар кардааст. Ҳамаи ин равандҳо боиси аҳл, иттифоқ ва наздик шудани мардум мешавад. Бо баробари ин ҳама дастовардҳо энергитикҳо ва ё энергетика ба мушкилот рӯ ба рӯянд. Дақиқ аст, ки инсоният энергетикаро воситаи хубе барои қонеъ гардонидани талаботи хуш интихоб кардааст. Ин ҳама воситаҳо дар тамоми ҷодаҳои ҳаёт роҳи худро пайдо кардаанд. Ҳалли мушкилоти дар боло қайднамудаамон боиси офариниш, эҷодиёт ва навсозӣ хоҳад шуд.

Сайёраамон энергетикаро мепарварад, аммо бар зарари хеш, ҳиссае нафъ ҳам гирад, лекин хеле кам. Энергетика сайёраамонро зимнан ба дигаргуншавӣ ҳидоят карда истодааст. Ин ҳама дигаргуниҳо шояд боиси нашъунамои олами навбатӣ шавад. Чуноне ки Модар – Заминамон дар раванди таҳаввулоти хеш ба бисёр тағйирот ва дигаргуншавиҳо рӯй овард, ки сабаби пайдо шудани олами нав гардид. Сайёраамон дар ин таҳаввулоти дучор гардидааш дигаргунии вазнинеро бар дӯш гирифтааст. Он ҳама тағйирот шояд дар оянда бо арзиши баланд аз мо ситонида шавад ва ё баръакс дарвозаи олами нави мо бошад.

Возеҳии ин гуфтаҳоро таркиши Чернобил нишон медиҳад. Таркиши мазкур соли 1986 дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани яке аз дастгоҳҳои блоки чаҳорум ба амал омада буд. Таркиш бениҳоят бузург буд, ки иқтидори таркиш 200 маротиба бузургтар нисбат ба таркише, ки дар Херосимаи Ҷопон ба амал омада буд. Дар натиҷаи садамаи нохуш қисми зиёди Украина, Белоруссия ва худи Россия зарари моддӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва экологию иқтисодиро аз сар гузарониданд. Танҳо дар худи Украина 350 ҳаз. нафар зарар дид. Мувофиқи маълумоти бадастомада миқдори радиоактивҳое, ки ба табиат паҳн шуда буданд, ба 14*10^(18) Бк (бекарел) баробар буд. Ба таркиби радиоактивҳо асосан изотопҳои плутонӣ, уран ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Таркиш дар ибтидо таъсири манфиро бар инсоният ва табиат расонид, лекин дар 10 соли охир баракс. Хоҷагии деҳот дар ин 10 соли охир ба бисёр комёбиҳо ноил гашта истодааст. Ҳаҷм, тамъ ва сохти зироатҳо тағйир ёфта истодаааст. Олами ҳайвоноти ин минтақа ба даврони хело аҷиб рӯбарӯянд. Кислотаҳои номаълуми ин минтақа таркиби коди генетикии ҳайвонотро тағйир дода онҳоро водор сохта истодааст, ки сохт, шакл ва ҳаҷми худро тағйир диҳанд, яъне ба мутатсия дучор шаванд. Даврони мутатсионӣ давронест, ки ҳайвоноти сайёраи мо 60-65 млн. сол қабл аз ин баъд аз афтидани астероид ба сатҳи замин дучор гардида буданд. Ҳоло бошад, дар остонаи даврони мутатсионии дуввум қарор доранд. Ҳайвоноте, ки ба мутатсия дучор гардида истодаанд, моҳиҳо, ширхӯрон ва қисме аз парандагон мебошанд. Моҳиҳо баъд аз таркиш ҳаҷми худро ду-се маротиба аз ҳолати муқаррарӣ тағйир додаанд. Як қатор ширхӯрон сохт ва намуди худро дигаргун карда истодаанд. Ба монанди гавазнҳо, зубрҳо, ҳайвоноти маҳаллӣ, хукҳои ёбоӣ, рӯбоҳҳо ва аспҳои прежевалский мебошанд.

Умуман мо дар ин муддат худ дигаргунсоз ва ё барбодкунандаи ҳаёт ё сайёра шуда истодаем. Ин даврон ба мову шумо имкон дода истодааст, ки шоҳиди зиндаи даврони дарози таҳаввулот шавем.

Раҳимов М. – донишҷӯйи курси 1, г. 430103Б, факултети Энергетикӣ.

Leave a Comment