Дар кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ» мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши муҳандис – механики ихтисоси «Мошинҳои борбардор, роҳсозӣ ва сохтмонӣ» дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат «Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултети «Нақлиёт» Давлатшоев Р.А., муовини декан оид ба илм Ҳусейнов Ҳ.Б.., омӯзгорони кафедраи «ҶМ ва МСР», донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-и ихтисоси 3611-01А ва меҳмонон аз берун (Миралиев Қ.Х. — аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Холиқов М.С. ва Рашидов М.Е. — аз Вазорати энергетика ва захираҳои обии ҶТ, Холиқов А.А. — аз Вазорати нақлиёти ҶТ, Раҳматов М.Р. — аз Донишгоҳи МИСиС (филиал дар шаҳри Душанбе) ва Бердиев А.Т. аз кафедраи «РАИ ва КН»-и донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар аввал мудири кафедраи «ҶМ ва МСР» Акрамов Б.Н. ба ишрокчиён хайра мақдам гуфта, рӯзномаи мизи мудавварро муаррифӣ кард ва гуфт, ки ин мавзӯъ яке аз се ҳадафҳои стратегие аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаллу фасли он иқдом намуд. Ва мо бояд ба расидан ба ин ҳадафҳо саҳмгузор бошем. Кафедраи «ҶМ ва МСР» ва донишҷӯёни ихтисоси 3611-01А таъмин кардани корҳои сохтмонӣ-коммуникатсионӣ (роҳсозӣ ва ғ.)-ро бо кори оқилонаи техникаи сохтмонӣ ба уҳда доранд.

Баъд аз он декани факултети Нақлиет Давлатшоев Р.А. ба иштирокчиёни мизи мудаввар муваффақият таманно намуд. Меҳмонон бо маърӯзаҳои худ баромад карданд ва доир ба онҳо баҳсу ибрози андешаҳо ба таври шавқовар доир шуд. Иштирокчиёни мизи мудаввар ба маърӯзакунандагон бо саволҳои гуногун муроҷиат карда, ҷавобҳои муфассалу равшан гирифтанд. Дар мизи мудаввар саволҳо вобаста ба нақши мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани кишвар, вобастагии байни технологияи роҳсозӣ ва сохтмонӣ ва дуруст интихоб намудани намуди мошинҳои сохтмонӣ, масъалаҳои бехатарӣ дар вақти корҳои сохтмонӣ, зарурати сатҳи баланди дониш ва ҳунар дар корҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо дода шуданд. Мизи мудаввар барои тамоми иштирокчиён фоиданок буд ва имконият барои боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаи байни мутахассисони оянда ва соҳаи фаъолият дар оянда бештар гардид.

Ҳусейнов Ҳ.Б. – муовини декани факултети “Нақлиёт” оид ба илм.

Leave a Comment