Дирӯз — 15-уми апрели соли равон барномаи фарҳангии донишгоҳ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ширу шакар ва ҳаҷвнигорӣ дар боғи “Парчами давлатӣ” доир карда шуд. Дар ин чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмию техникии донишҷӯён дар намуди амсилаҳо ва ғайра баргузор гардид. Дар ин робита аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишгоҳ барномаи фарҳангии базми рақсу мусиқӣ низ пешкаши тамошобинони аҳолии пойтахт гардонида шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои фарҳангию маданӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе чунин чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд, ки дар давоми сол аз ҷониби ҳар як донишгоҳ панҷ маротибагӣ доир мегардад ва ин чорабинии аввалини донишгоҳ ба шумор меравад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Хадамоти ташкилию тарбиявӣ ва Хадамоти илми донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни боистеъдод ва ҳунарманд, устодону донишҷӯёни кафедраи “Меъморӣ ва дизайн” амалӣ гардонида шуд. Рафти чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия – Ашӯров А.Н., кормандони Хадамоти ташкилию тарбиявии донишгоҳ – Саидов Б., Муминов Ф., Раҳимова С., Амонатова Ф., Акрамов С., кормандони Хадамоти илми донишгоҳ – Самиев Ш.Ф., Ашӯров М. Ташкил ва назорат карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment