Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад.

Солҳои 80-уми асри ХХ як қатор муаммоҳои экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ҳаёти инсониятро ба вартаи хатар кашида буд, ғояи рушди устувори инсониятро рӯйи майдон овард. Ҳанӯз соли 1984 Ассамблеяи СММ оид ба созмони Комиссияи байналмилалӣ роҷеъ ба муҳити зист ва инкишоф қароре қабул кард, ки тибқи он созмони мазкур барои СММ бояд гузориш оид ба ин масъала манзур медошт. Ҳайати комиссия аз олимон ва арбобони ҷамъиятии кишварҳои мухталифи дунё иборат буда, таҳти роҳбарии хонуми норвеҷӣ Г.Х. Брунтланд маърӯзаеро бо унвони «Фардои умумии мо» таҳия намудааст, ки он ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шудааст. Хулосаи асосии маърӯза имконияти зинда мондани инсоният дар сурате мавҷуд аст, ки агар вай маҳз аз ҳамин рӯз ба маҷрои амалигардонии стратегияи инкишофи устувор шомил гардад, мебошад. Ҳамин тариқ, бо такя ба пажӯҳиши муносибатҳои мутақобилаи миёни муҳити иҳоташуда ва инкишоф комиссияи Г.Х. Брунтланд мафҳуми «Рушди устувор»-ро корбаст намуд.

“Рушди устувор – рушде мебошад, ки ҳангоми он ниёзҳои наслҳои ҳозира бе зарар расонидан ба наслҳои оянда қонеъ гардонида мешавад”.

Воқеан ҳам ҳанӯз соли 1992 конференсияи СММ дар мавзӯи «Муҳити зист ва инкишоф» дар Рио-де-Жанейро таъкид карда буд, ки дар асри ХХ гузариши кишварҳои олам ба стратегияи рушди устувор ногузир аст. Пайваста ба ин Тоҷикистони мо нахустин кишварест, ки Стратегияи миллии рушдро барои ҳазорсолаи равон таҳия намудааст. 20-уми июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар Конференсияи Рио-20-и СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тибқи Стратегияи миллии рушд истифодаи самараноку сарфаи захираҳои табиӣ ҳамчун унсурҳои асосии иқтисоди «сабз» инкишофи бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи низоми экологӣ чун ҷузъи таркибии ислоҳот дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин конференсия бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, буҳрони молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ аҳамият дода, ҳалли ин мушкилотро аз ҳама муҳим ҳисобид ва дархост намуд, ки он бештар ба қонеъ намудани ниёзи табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равон карда шавад. Имрӯз мо ба сӯйи татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш мегирем.

Чӣ хеле ки маълум аст, дар доираи рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 соли охир якчанд ташаббусҳои муҳимро дорост, ки аз тарафи СММ дастгирӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва ғ.

Дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо мо таҷрибаи арзишманде андӯхтем, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об ба мо кӯмак хоҳад кард.

Ҳамаи ин ташаббусҳо дар тавсеаи маърифати мо доир ба табиат ва нақши ҳаётбахши об дар сайёра саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар баробари ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ ба ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳое, ки ба беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокиву беҳдошт ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву замонавӣ нигаронида шудаанд, мусоидат намуданд. Ҳамаи ин талошҳо барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкаме гузоштанд.

Хусусияти барномаи нави рушди устувор ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд.

Соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи кулли Созмони Миллали Мутаҳид бо ташаббуси навбатии эълон намудани солҳои 2018-2028 даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» баромад намуданд, ки он барои ҳалли мушкилиҳои глобалӣ ва таъмини ҳаёти арзанда ба наслҳои оянда равона шудааст.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад.

Гузашта аз ин даҳсолаи нав ба гузариш ба марҳалаи асосии татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Бахшида ба эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” бо ташаббуси муаллими калони кафедра Ҷӯраева Ҷ.Ҳ. дар мувофиқа бо Раёсати донишгоҳ 6-уми апрели соли 2018 дар кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ”-и факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра мизи мудаввар дар мавзӯи “Об барои рушди устувор”, ки ба нақша гирифта шуда буд, дар сатҳи лозима гузаронида шуд. Боиси хурсандӣ аст, ки донишҷӯён – ҷавонони имрӯзаи мо чунин мушкилоти глобалиро ҳис намуда, маърӯзаҳоро оид ба ин амалиёти байналмилалӣ барои муҳокима пешниҳод намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ шуда истодааст ва онҳо барои ҳалли мушкилоти на танҳо дохилӣ, балки глобалӣ ҳам диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Кафедраи Менеҷменти истеҳсолӣ

Leave a Comment