Дар олами муосир терроризм ва ҳамаи шаклҳои зуҳури он ба яке аз масоили муҳим ва тадқиқотии доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Ин раванд ҷомеаи башариро нигарон намудааст ва баҳри пешгирии он аз ҷониби олимони соҳа омилҳову сабабҳои он муайян гардида, дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм яке аз масъалаҳои асосии илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала  талаби замон мебошад, зеро одамон ба масъалаҳои терроризм ва мубориза бар зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизм алоқаманд гашта, мавқеи худро муйаян менамоянд. Айни замон дар ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ масъулияти гаронеро бар уҳда доранд. Махсусан фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм”; сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд; таҳлили комили шаклпазирии терроризм; дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза зидди он; ташхиси нерӯҳои асосии зидди терроризм; хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгирии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд.

Зеро тамаддуни муосир ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтаҳаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд. Махсусан муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар даҳсолаи охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардида, ба худ хосияти бераҳмии нав гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсии канора беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор намуда истодааст. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояҳои фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин терроризм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бино ба таҳқиқ ва баррасии ҷомеашиносон экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ дар мубориза ба муқобили терроризм ва дигар намудҳои амалҳои зиддиинсонӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин самт бо дигар кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар ташкилоти бонуфузи минтақавию байналмилалӣ чандин маротиба сухан ронда, таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва халқи он дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти тундгарову ифротгаро ва шаклҳои дигари зоҳиршавии он буданд ва дар ин замина ҷомеаи ҷаҳониро чандин маротиба ба ҳамкорию муборизаи муташаккилона ба муқобили терроризм даъват намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдори зикршуда мебошад. Гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятпеша бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои фаъолияти ҷинояткоронаи хеш даст ба амалҳои террористӣ зада рақибони худро нобуд месозанд ё ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсир мерасонанд. Ёдрас намудан бамаврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидодии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Онҳо иборат аз Ал-Қоида; Ҷамоа-ал-исломия (Миср); ЕТА («Ватан ва озодии баскӣ»); Ҷунбиши мухолифати исломии Ҳамос; Ҳизби исломи Туркистон (Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон); Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва гайра мебошанд. Дар воқеъ сернуфузтарин ташкилоти терроризми байналхалқии муосир «Ал-Қоида» мебошад. Террористони гурӯҳи мазкур новобаста аз оне ки бештар дучори таъқиб ва амалҳои зиддитеррористии коалитсияи байналхалқӣ мегарданд, тадриҷан пурқудрат мешаванд. Ба гурӯҳи мазкур гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳамроҳ гашта, онро ба ҳаракати террористӣ табдил додаанд.

Умуман, чӣ тавре ки аз мутолиаи адабиёти илмӣ роҷеъ ба мафҳуми терроризм натиҷа гирифтан мумкин аст, таснифоти терроризм душвор буда, ин мафҳум маъноҳои гуногунро дар худ таҷассум менамояд. Зери мафҳуми терроризм баъзан ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ, куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиёти ҷангӣ, рабурдани самолётҳо, яъне истифодабарии қувва фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат, моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.

Дар замони муосир шаклҳои гуногуни терроризм вуҷуд дорад, ки вобаста аз субъектҳои фаъолияти террористӣ ва самтҳои расидан ба мақсадҳои муайян гурӯҳбандӣ мешаванд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки аксарияти ҷараёнҳои эктремистӣ харчанд шаклу моҳияти динӣ дошта бошанд ҳам, вале дар асл ҳадафҳои муайяни сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангиро низ пайгирӣ мекунанд. Бинобар ин зимни таснифи терроризм ба назар гирифтани ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки ҷараёнҳои эктремистӣ бо мақсади ноил гардидан ба онҳо аз ин усули ғайриинсонӣ истифода мебаранд, низ муҳим мебошад. Аз чунин нуқтаи назар падидаи терроризмро ба навъҳои зерин тасниф кардан мумкин аст:

Терроризми дохилидавлатӣ – фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ ва террористони алоҳида, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебароранд.

Терроризми сиёсӣ – истифодабарии террор бо мақсадҳои сиёсӣ. Барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ одамони зиёд объекти амали террористӣ қарор дода мешаванд ва террористон амали хешро бо бераҳмию хунрезии зиёд ба иҷро расонида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимият, қувваҳои сиёсӣ ва аҳолӣ ҳарчи зудтар талабҳои онҳоро иҷро намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб террористони сиёсӣ бемористонҳо, таваллудхонаҳо, кӯдакистону мактабҳо ва биноҳои истиқоматиро объекти амалҳои бадкирдоронаи худ интихоб мекунанд. Терроризми сиёсӣ аз ибтидо қурбоншавии одамони зиёдро тарҳрезӣ мекунад. Новобаста аз сабаб ва мақсад терроризм ҳамчун ҷиноят бандубаст шудааст.

Терроризми байналмилалӣ – фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави давлатҳои гуногун ба амал мебароранд. Ду даҳсолаи охир ҳамин намуди терроризм доманадор гашта, таҳдиди умумибашарӣ пайдо кардааст. Терроризми байналмилалӣ сохтори давлатию сиёсиро ноором сохта, зарари зиёди моддиву маънавӣ мерасонад, боиси нобудшавии ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ гашта, дар муносибатҳои байналмилалӣ душворию хатар эҷод менамояд.

Ба ин намуди терроризм пеш аз ҳама ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва “Ал-Қоида” ва як қатор ҷараёнҳои дигари эктремистии хусусияти динидоштаро дохил намудан зарур аст. 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА аз ҷониби “Ал-Қоида” амалҳои террористӣ роҳандозӣ шуданд, ки боиси талафоти зиёди ҷонию моддӣ гардиданд. Дар чор соли охир амалҳои террористии ба ном Давлати исломии Ироқу Шом оромию суботи оламро зери таҳдид қарор дода, вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро бахусус дар Шарқи наздик мураккаб намудааст. Амалҳои террористӣ 13-уми ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Фаронса амалӣ карда шуданд, ки боиси марги беш аз 130 одам ва ҷароҳат бардоштани 352 нафар гардида, далели равшани таҳдиду даҳшатафкании ДИИШ ба кишварҳои дигар мебошад. Саркардагон ва идеологҳои “Салафия” ва ҷараёнҳои дигари экстремистӣ бошанд, тавассути истифодабарӣ аз интернет ва васоити дигари коммуникатсионӣ фикру ақида ва идеяҳои ифротии худро дар байни мардум, алалхусус дар байни ҷавонон густариш дода, кӯшиш мекунанд, онҳоро ба доми найранги худ афтонанд ва онҳоро ҳамчун восита барои амалӣ кардани ғаразҳои нопоки худ истифода баранд.

Терроризми миллӣ (миллатчиён) – фаъолияти ташкилот (гурӯҳҳо)-и махсус ташкилшудаи террористӣ, ки барои миллати хеш ташкил намудани давлати алоҳидаю мустақилро мақсаду ҳадафи асосӣ медонанд. Онҳо амалҳои хешро “озодии миллӣ” меҳисобанд. Шумораи зиёди террористони миллатгаро худро муборизони озодии халқи хеш медонанд. Одатан ин намуди терроризм дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорон пайдо мекунад.

Артиши озодихоҳи Ирландия ва Ташкилоти озодибахши Фаластин мисоли ин ташкилоти террористӣ мебошанд. Ба ин намуди терроризм ҳамчунин фаъолияти ташкилоти Озодӣ ва Ватани Баскҳоро шомил намудан мумкин аст. Ин ташкилот аз шаклу усулҳои террор истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки давлатҳои мустақили худро ташкил диҳанд. Ҳизби меҳнаткашони Курдистон низ аз усулҳои террор истифода бурда, мақсад дорад, давлати мустақили хешро таъсис диҳад.

Терроризми динӣ – фаъолияти ташкилот (гурӯҳҳо)-и махсус ташкилшудаи террористӣ, ки қувваю зӯровариро дар роҳи расидан ба мақсадҳое, ки ба ақидаи онҳо Худо муайян намудааст, истифода мебаранд. Ба ин васила онҳо мақсад мегузоранд, ки тағйироти куллиро дар миқёси умумибашарӣ амалӣ намоянд.

Терроризми динӣ ба дину мазҳабҳои гуногун алоқаманд буда, нисбат ба дигар шаклҳои терроризм бештар доман паҳн менамояд. Масалан, дар миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта 56 ташкилоти террористии динии ба қайд гирифта шуд ва нисфи ин ташкилот аз мақсадҳои динии хеш изҳори ақида карданд.

Ба ин категорияи терроризм “Ҳамос”, “Ҳизбуллоҳ” ва ташкилоти радикалии яҳудиҳо дохил мешаванд.

Терроризми анархистҳо – ин намуди терроризм зуҳуроти умумибашарии солҳои 1870-1920 буд. Бар асари амалҳои анархистҳо садҳо сиёсатмадорону ходимони давлатӣ мавриди сӯйиқасд қарор гирифта, ҳалок гардиданд. Яке аз ин сиёсатмадорон Президенти 25-уми ИМА Уилям Мак-Кинли буд, ки соли 1901 аз ҷониби террорист-анархист Леон Чолгош ба ҳалокат расид.

Дар замони муосир хатару таҳдиди шаклҳои нави терроризм аз қабили терроризм бо истифодаи аслиҳаи ҳаставӣ, терроризм бо истифода аз моддаҳои заҳролудкунанда ва терроризми иттилоотӣ беш аз беш зиёд мегардад.

Бояд қайд намуд, ки терроризми муосир на танҳо ба ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, ташкилот ва давлатҳо таҳдид дорад, балки он ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. Террористон солҳои охир кӯшиш ба харҷ медиҳанд, воситаву аслиҳаҳои қатли ом (яроқи ҳаставӣ, моддаҳои радиоактивӣ, аслиҳаи бактереологӣ)-ро ба даст оварда, мавриди истифода қарор диҳанд. Террористон озмоишгоҳи махфӣ ташкил намуда, мекӯшанд, ки истеҳсоли ботулинусро ба роҳ монанд. 200 грамми ботулинус басанда аст, ки тамоми мавҷудоти зинда дар сайёраи Замин нобуд карда шавад.

Хамин тариқ, чӣ тавре ки аз таснифоти боло хулоса баровардан мумкин аст, дар шароити муосир терроризм хатари умумибашарӣ дошта, ба институтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, ҳамзамон ба ҳуқуқу озодиҳои фундаменталии инсон таҳдид менамояд.

Аз ҳамин нигоҳ решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохтори қудратие, ки алайҳи терроризм мубориза мебарад, шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилоти дахлдор, аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Самадов Ҳ., Ҳусейнов Ш. — омӯзгорони

кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment