Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи илмӣ-амалии аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён таҳти унвони «Илми тоҷик – пешбарандаи тараққиёти ҷомеа» бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор мегардад.

Конференсия 26-уми апрели соли 2018, соати 900 дар толори бинои асосии ДТТ ифтитоҳ мегардад. Кори конференсия баъди маҷлиси ифтитоҳӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ идома меёбад. Ҷамъбасти кори конференсия 27-уми апрели соли 2018, соати 1400 дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор мегардад. Маълумоти иловагиро аз Идораи илмӣ-тадқиқотӣ дарёфт кардан мумкин аст. Тел.: 227-15-36.

Кумитаи тадорукот.

Leave a Comment