Аз қадимулайём халқи тоҷик муносибатҳои хубе миёни ҳамсоягон дорад. Халқи фурӯтани тоҷик дар мадди аввал волоии худро дар ҳамкориву муносибатҳои нек мегузорад. Ин муносибатҳои хуб боиси маълуму маьруф гаштани халқамон дар арсаи ҷаҳон шудааст. Халқи мо халқест, ки асло душманиву ҷудоиро намехоҳад, вай хамеша ошиқи дӯстӣ, иттифоқӣ, зебоӣ ва ҳамдамӣ мебошад. Маҳз ҳамин таърифот халқамонро ба мардуми олам шинос кардааст. Мо тавонистем шуҳрати қадимаи халқамонро пайдо кунем ва зинда доштани ин неъмати бебаҳоро ҳамчун масъулияти баланд ба дӯш гирифтем. Муносибатҳои хубро чӣ бо ҳамсоядавлатҳо, чӣ бо дигар давлатҳо пайдо карда, риштаи азалии дӯстиро бастем. Махсусан дар рӯзҳои охир бо ҳамсоякишвар, дӯсти дерина – Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои нисбатан сардгаштаро бори дигар эҳё намудем.

Халқҳои тоҷику ӯзбек решаи як қавм буда, тӯфонҳои таърих онҳоро маҷбур сохт, ҷудо шаванд. Ба ақидае мо як миллатему ду забон дорем.

Имрӯзҳо мо дар остонаи муттаҳидшавӣ қарор дорем. Бо азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳоямон бо ин кишвари дӯст беҳтар гардид. Роҳҳои баста кушода шуданд. Яхи азими садди роҳ об шуда, ба даврони шукуфоӣ рӯй овард. Бо ин иқдоми некамон на фақат бар дили худ, балки бар дили тамоми мардуми Осиёи Миёна рӯшноӣ овардем. Рӯҳи шоирони ширинкалом Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Фониро шодон ва ором кардем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дарвозаи пӯшидаи муносибатҳо боз шуд, шартномаву лоиҳаҳо барои гул-гул шукуфтани ҳар ду ҷониб ба имзо расид. Барои ба даст овардани натиҷаи хуби лоиҳаҳо Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 16 санад бо маблағи 620 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонид. Муносибатҳои нав тавлидшуда дар ҷараёни ҳамкориҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғайраҳо мусоидат карданд.

Яке аз иқдомҳои хуби пешакардаи сарони давлатҳо барқарор кардани системаи энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Агар ба таърихи энергетикаи ҷумҳуриҳо назар афканем, шоҳиди он мешавем, ки дар гузашта системаи ягонаи энергетикии СССР, Осиёи Миёна, алалхусус байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуд буд, ки нақши босазоро дар густариши муносибатҳо мебозид. Муносибатҳои хеле содаву гаронарзиш миёни ин ду кишвари ба ҳам дӯст ҳукмрон буд. Тоҷикистони биҳиштосоямон имконоти зиёди тавлидоти нерӯи барқро дар фасли тобистон ва таъмини худу ҳамсоягонро дошт. Махсусан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нерӯи барқи аз лиҳози табиӣ тозаву арзон медод. Дар фасли зимистон, ки сатҳи оби дарёҳо паст мешуд, имкони қонеъ гардонидани талаботи худро надошт. Дар ин фасли сол Ӯзбекистон, ки дорои якчанд нерӯгоҳҳои гармиву барқдиҳӣ буд, метавонист нерӯи барқро зиёд ҳосил кунад ва ба ҷумҳуриҳои иттифоқ диҳад. Ин гуна муносибатҳои хуб то парокандашавии СССР идома ёфт.

Парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама ҷодаҳо дилхунукшавиро оғоз кунонид. Дар мадди аввал тамоми алоқаҳои иқтисодию иҷтимоӣ канда шуд, низоми энергетикии якгона аз байн рафт ва ҳар як бародар аз пайи ҳаёту мамоти худ гашт. Лек мо тоҷикону ӯзбекон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, ки халкҳои бародар, дӯст ва мехрубон мебошем, то санаи 12.10.2009 низоми энергетикии ягонаро нашкастем. Аммо бо сабабҳои сиёсиву иқтисодӣ аз 12.10.2009 то 2.04.2018 ин низом халалдор шуд. Дар ин муддати ҷудоӣ ҳар яке бо роҳи худ рафта, комёб ва муваффақ гаштем. Ана имрӯзҳо мо тавонистем баъд аз 9-сол боз ҳамҷоя шудем. Ин рӯйдод дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон самараи хубе хоҳад дод.

Оид ба рушди ин аҳднома аз васоити ахбори омма чунин маълумоте дастрас гашт: «Мусаллам аст, ки аз моҳи октябри соли 2009 то ин вақт низоми энергетикии Тоҷикистон аз низоми энергетикии Осиёи Миёна, махсусан аз низоми энергетикии Ӯзбекистон ҷудо гардида буд, ки ба коҳиш ёфтани содироти барқ ба хориҷи кишвар сабаб шуд. Дар ин муддат роҳбаряти ширкати “Барқи тоҷик” дар мусоидат бо Ҳукумати кишвар тамоми саъю талошро ҷиҳати пайваст намудани системаи энергетикии мамлакат ба ҳалкаи энергетикаи Осиёи Миёна, ки он аз низоми энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, равона намуда, як қатор корҳои таъмиру барқарорсозиро дар хатҳои баландшиддати кандашуда ба анҷом расонид».

Ҳадафи асосӣ аз пайваст шудани низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он иборат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари болооб ва дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар маҷмуъ захираи обию энергетикии Тоҷикистон беш аз 527 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад. Дар раванди қисман аз худ кардани он кишвари азизамон имкон дорад, ки тамоми мамлакатҳои минтақаро бо нерӯи барқи аз ҷиҳати табии тозаву арзон таъмин намояд, зеро бархе аз давлатҳои Осиёи Миёна аз низоми сӯзишвории табиӣ, марказҳои барқию гармидиҳӣ истифода мебаранд, ки имкони таъмини худро надоранд. Инчунин пайваст гардидани системаи энергетикии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба он оварда мерасонад, ки анъанаи пешина ва додугирифту рафоқати дерина канда нашавад. Ҳамчунин мавқеи ҷумҳуриамонро ҳамчун кишвари тавлидкунандаи нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тозаву арзон дар бозори энергетикии ҷаҳон боз ҳам устувор гардонад.

Ин раванди муттаҳидшавӣ ба рушди соҳаи гидроэнергетикаи мамлакати маҳбубамон таъсири мусбати худро расонида, дар таъмини яке аз се ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакатамон – ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз ҳама бештар, ба таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус бо Ӯзбекистон оварда мерасонад.

Санаи 2.04.2018 санаи таърихӣ буда, ҳамчун санаи васлшавии риштаҳои кандашудаи ҷумҳуриҳои ба ҳам дӯст – Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мебошад. Соати 16:50 дақиқаи ҳамон рӯз аз зеристгоҳи Регари Тоҷикистон ба зеристгоҳи Гулчаи Ӯзбекистон хат кашида шуд. Ин яке аз панҷ хатҳое, ки бояд кашида мешуд. Ҳар як хат бо иқтидори 200-500 кВт кашида мешавад. Аз ҳамон лаҳза ин ҷониб лоиҳаҳои дарнақшабуда амалан иҷро шуда истодаанд. Густариши лоиҳаҳо ва дар амал тадбиқ гаштани онҳо ба расидан ба истиқлолияти энергетикии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард. Итминони комил дорам, ки ин аҳдномаи нав бастаи тоҷикону ӯзбекон сарнавишти нави некеро баҳри ҳарду кишвари ҳамсоя оғоз мебахшад.

Раҳимов Маҳмадраҳим Сафарович – донишҷӯйи

курси 1-уми г. 430103Б, факултети Энергетикӣ

Leave a Comment