Дар асри гузашта бо дахолати давлатҳои абарқудрат дар олам бисёр рӯйдоде ба амал оварда шуданд, ки дар тақдири халқҳо таъсири манфию мусбӣ гузоштанд. Яке аз чунин ҳодисаҳо ба хоки давлати ба мо ҳамсоя – Афғонистон ворид шудани контингенти маҳдуди Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ ва аланга задани ҷанги шаҳрвандии дохили кишвару оғози муқовимати мусаллаҳона ба муқобили ҷузъу томи Шӯравӣ буд.

Бояд қайд кард, ки он солҳо давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу васила мехостанд таъсиру нуфузи худро ба кишварҳои сусттараққикардаву қафомонда бор карда, онҳоро зери итоати геополитикии худ қарор диҳанд. Соли 1979 дар Афғонистон воқеаҳои дохилии сиёсӣ ва шароити муносиб барои дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишварро фароҳам овард. Баъди таҳлили вазъ роҳбарияти кишвар барои вориди контингенти маҳдуди артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон қарор қабул кард. Охири моҳи декабри соли 1979 аввалин ҷузъу томи Артиши Шӯравӣ вориди хоки ҳамсоякишвар шуданд.

Дар ибтидо вазифаи асосии нерӯҳои маҳдуд аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи афғон дар сохтмони ҳаёти нав иборат дониста мешуд. Бинобар ин дар давраи аввал дар ҳақиқат баробари фурӯ нишондани муқобилияти баъзе нерӯҳо фиристодагони Шӯравӣ ба ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори ҳокимияти нави давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, корхонаву муассисаҳо ва ғайра машғул буданд. Бо таъсири Шӯравӣ дар ин кишвар дигаргуниҳои куллӣ оғоз шуд ва ин ба нерӯҳои бадхоҳи дохилию давлатҳои Ғарб, пеш аз ҳама – ИМА маъқул нашуд. Баъди мудохилаи онҳо воқеаҳо ранги дигар гирифта, давлатҳои ғарб дар баробари ҷанги идеологӣ ба муқобили сиёсати Шӯравӣ ба ташкили дастаҳои муқовимат (муҷоҳид), бо силоҳу аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин кардан, ба муқобили ҷузъу томи Шӯравӣ мубориза бурданро оғоз карда, байни Артиши Шӯравӣ ва муқобилони сохти нав ҷанги ҳақиқӣ оғоз карданд. Ин ҷанг 10 сол – аз соли 1979 то 15 феврали соли 1989 давом карда, боиси қурбониҳои зиёд ҳам аз ҷониби низомиёни Шӯравӣ ва ҳам муҷоҳидону мардуми осоишта гардид.

Аз давраи аз Афғонистон баромадани Артиши Шӯравӣ 28 сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол дар ин сарзамини азияткашида сулҳу осоиш барқарор нест. Имрӯз бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки ҷангҳо дар Афғонистон ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ будааст ва имрӯз дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Африқо ва Аврупо идома доранд.

Дар тамоми давраи амалиёти ҳарбӣ низомиёни Шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ-башардӯстӣ аз худ корнамоиву қаҳрамонӣ нишон медоданд. Ба талафоти зиёди ҷонӣ, захмбардории афсарону сарбозон нигоҳ накарда, онҳо вазифаҳои башардӯстонаи худро содиқона идома медоданд. Дар як вақт фиристодагони Шӯравӣ ба аҳолии маҳаллӣ кӯмак расонида, бо кори созандагӣ низ машғул буданд ва баъди гузашти солҳо худи афғонҳо иқдоми башардӯстонаи сарбозони Шӯравиро ба некӣ ба ёд меоранд.

Ақидаҳо оид ба ҳодисаҳои он давр гуногун бошанд ҳам, дар бораи фаъолияти ҷангию меҳнати созандаи фиристодагони Шӯравӣ мисолҳои зерин шаҳодат медиҳанд:

-солҳои 1979-1989 дар Афғонистон афсарони касбӣ 2 сол, сарбозони тибқи даъват 1,5 сол хизмат мекарданд;

-дар давоми 10 сол дар қатори контингенти маҳдуди Шӯравӣ 620 ҳазор нафар одамони Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо оварданд, ки аз онҳо 525 ҳазор нафар дар артиш, 90 ҳазор нафар дар қӯшунҳои сарҳадӣ, 5 ҳазор нафар дар қӯшунҳои ВКД хизмат карданд. Зиёда аз 21 ҳазор нафар шаҳрвандони Шӯравӣ дар корҳои дигар фаъолият дошта, ба халқи афғон кӯмак расониданд.

Тайи солҳои кӯмаки башардӯстона дар Афғонистон барои корнамоиҳои ҷангӣ зиёда аз 200 ҳазор нафар ҳарбиён бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд, ки аз онҳо 111966 нафарашон сарбозон, 19261 нафарашон прапоршикон, 66251 нафарашон афсарон, 2675 нафарашон коргарону хизматчиён, 1350 нафарашонро занон ташкил медоданд. 102547 нафари мукофотонидашудагонро русҳо, 6050 нафарашонро ӯзбекҳо, 2265 нафарашонро қазоқҳо, 2710 нафарашонро тоҷикон, 855 нафарашонро туркманхо, 635 нафарашонро қирғизҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳад.

Барои корнамоиҳои ҷангӣ, далерию шуҷоат ба 92 нафар ҳарбиён унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, аз онҳо 31 нафарашон дар ҷангҳо ҳалок гаштанд. 16 нафари Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ сарбозу сержантҳо, 1 нафар старшина, 64 нафарашон афсарон, 7 нафар генерал, 1 нафарро маршал ташкил медиҳад. Боиси ифтихори мост, ки аз садҳо фиристодагони халқи тоҷик ба 2 нафар – Александр Мироненко ва Набӣ Акрамов низ барои корнамоиҳои ҷангӣ унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Барои шуҷоату иҷрои софдилонаи қарзи башардӯстӣ дар хоки Афғонистон 103 нафар бо ордени Ленин, 1972 нафар бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст.

Албатта ягон ҷанг бе қурбонию мусибат намешавад ва ҳодисаҳои Афғонистон аз он истисно набуд. Дар давраи иҷрои қарзи башардӯстӣ дар хоки Афғонистон аз рӯйи баъзе маълумот 14453 нафар афсарону сарбозони Шӯравӣ ҳалок шуданд. Тайи ин солҳо дар натиҷаи ҷароҳатбардорӣ, контузия ва дигар вазъиятҳои ҷангӣ 417 нафар афсарону сарбозон асир афтода, дар натиҷаи корҳои зиёди дипломатӣ ва инсондӯстӣ 119 нафари онҳо аз асири озод ва 97 нафарашон ба Ватани зист баргардонида шуданд.

Аз байн солҳо гузашт, имрӯз дунёву минтақа ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз нест дигар Иттиҳоди Шӯравӣ бо артиши пурзӯраш. Ҳоло дар вайронаҳои он давлати пурқудрат даҳҳо ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол бо артишҳои миллии худ арзи вуҷуд доранд. Акнун фарзандони Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи худ хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, ҳамзамон анъанаҳои беҳтарини бобоён, падарону бародарони худро идома медиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, тамоми халқҳои собиқ Шӯравӣ, ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ҳеҷ гоҳ ҳодисаҳои Афғонистон, хизмату фаъолияти меҳнатӣ, муборизаву ҷонбозии якҷояашонро баҳри расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи ҳамсоякишвар фаромӯш нахоҳанд кард.

Баъди гузашти солҳо имрӯз ба ҳамагон маълум шуд, ки амалиёти гурӯҳҳои силоҳбадасти афғон, зархаридони хориҷӣ ба муқобили ҳукумат ва ҷузъу томи Шӯравӣ ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ буда, имрӯз ба аксари давлатҳои минтақаву ҷаҳон доман паҳн кардааст. Дар баробари ин таърих ҳамчун ҳаками ҳақбин собит мекунад, ки ҳеч гоҳ халқеро, ки озодию истиқлолияти хешро дӯст дошта, баҳри он мубориза мебарад, мағлуб ва ё бо зӯриву хилофи хоҳишаш зери итоати худ даровардану бор кардани ақидаи бегона мумкин набудааст. Ба ин нигоҳ накарда, баъди гузашти солҳо бисёриҳо, ҳатто худи намояндагони халқи афғон ба корнамоиҳои сарбози Шӯравӣ, инсондӯстӣ, заҳматҳои созандаи фиристодагони Шӯравӣ дар хоки ин кишвари ба як умр ҷангзада баҳои баланд дода, аз ҳамкории неку судманди он давра ба некӣ ёд мекунанд.

Бештар аз понздаҳ ҳазор фарзандони беҳтарини халқи тоҷик низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби артиши амалкунанда, дар соҳаҳои дигар дар хоки Афғонистон қарзи башардӯстонаи худро ба ҷо оварда, шаъну шуҳрати халқи худ ва Тоҷикистони азизро баланд бардоштааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 2710 нафар тоҷикписарон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, ба 2 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Дар амалиёти ҷангӣ ва аз захмбардорӣ 365 нафар ҳалок шудааст. Имрӯз собиқ ҷанговарони башардӯст ҳамчун давомдиҳандагони анъанаҳои беҳтарини падарону бобоёни шуҳратёри худ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси омӯзгор, табиб, муҳандис, афсари Қувваҳои мусаллаҳ ба фаъолияти меҳнативу хизмат ба Ватан машғул буда, ба кори ҳарбӣ-ватандӯстии насли ҷавон, тарғиби хизмат ба Ватан ва меҳнати созанда машғуланд. Ҷанговарони башардӯст дар ҳамаи соҳаҳо барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат буда, ифтихори мо мебошанд. Онҳо ва ҷавонони имрӯза мутмаинанд, ки он давраву рӯзҳои доғ дар ҳаётамон дигар ҳеч гоҳ такрор нахоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки дар қатори омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иштирокчии ҶБВ Черкасский П.С. ва ҷанговарони башардӯст мисли Ашуров А.Н., Сафаров Қ.А., Иззатов М.В., Равшанов Ч.Б., Раҳматуллоев Д.Д., Иноятов М.Б., Шарипов Ҷ., Саидов Қ., Қодиров М. фаъолият карда истодаанд. Боиси хурсандӣ аст, ки барои ёддоштҳо ва муҳокимаи ин ва дигар ҳодисаҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ ҳар сол кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” бо дастгирии бевоситаи Вазорати мудофиаи ҶТ ва Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиаи ҶТ дар шахсияти полковники муставфӣ – Худойқулов Х., полковники муставфӣ — Ғоибов А., полковники муставфӣ — Мамедов А. ва полковники муставфӣ — Хушдилова Ҳ. ҳар гуна чорабинӣ ва вохӯриҳо дар шакли мизҳои мудаввар, семинарҳо ва экскурсияҳо ба осорхонаи Вазорати Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ мегузаронад.

Ба хотири фардои неки фарзандонамон, насли ҷавон ва зиндаҳо, ба хотири ашки хушкнашудаи падару модарони фарзандгумкарда, арӯсони танҳомонда, духтарону писарони ятиммонда бояд тамоми чораҳо андешида шавад, ки дар кишварамон ҳамеша сулҳу амонӣ, фазои дӯстию ваҳдат ва меҳнати созандаву зиндагии хушу гуворо бошад.

Ҷӯраева Ҷ.Ҳ. – муаллими калони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ”

Leave a Comment