Бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи “Авангард” дар донишгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар маҷлис Фаттоҳзода А.А. — Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқувайронкунӣ байни ҷавонон ва ноболиғон, Ҷумъахонзода З. — муовини сардори хадамототи мазкур, Қодиров Ф.-аъзои гурӯҳи “Авангард”, афсарони кафедраи ҳарбӣ ва донишҷӯёну устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии тарбиявӣ Фаттоҳзода А.А. доир ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористию экстремистии мамнуъ, бекорию ҷинояткорӣ, таблиғи либосу анъанаҳои барои миллати мо бегона сухан ронда, бо мисолҳои равшан ба ҷавонон таъкид дошт, ки мо бояд ҳамагон аз як гиребон сар бароварда, ин амали номатлубро дар ҷамъияти азизамон решакан намоем.

Инчунин дигар меҳмонон ва устодону донишҷӯён баромад намуданд. Саволу ҷавоби муфид низ дар рафти вохӯрӣ судманд буд.

Пас аз ба охир расидани суханронӣ ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба тарбия – Ашӯров А.Н., аъзоёни гурӯҳи авангард, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд ва дигар ҷавонони фаъол аз номи вазири корҳои дохилӣ бо ифтихорномаву раҳматнома сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment