Бо ташаббуси кафедраи “Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот”-и  факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва КВД “Обу корези Душанбе” ба муносибати даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Мақсади конференсия баланд бардоштани фаъолияти илмию тадқиқотии олимону унвонҷӯён, инчунин афзун гардонидани савияи илму дониши донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Дар маҷлиси ифтитоҳии конференсия Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ВМ ва ИҶТ – Холов А., декани факултети “Сохтмон ва меъморӣ” – Ҳасанов Н.Н., мудири кафедраи “Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот” – Боқиев Б.Р. ва директори КВД “Обу корези Душанбе” – Убайдов М.Д. баромад намуданд. Инчунин дар мавзӯъҳои мубрам Кобулиев З.В., Максимова С.В., Абдурасулов Муқимов Р. С., Бобоев Л.Г. ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Пас аз он кори конференсия дар се бахш идома ёфт.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment