Ин мисраъҳо на танҳо ба Модари худам, балки ба тамоми Модарони тоҷик бахшида мешавад.

Худо яктову ту яктоӣ, Модар,

Замин яктову ту яктоӣ, Модар.

Бимирам дар нигоҳи меҳрубонат,

Само яктову ту яктоӣ, Модар.

 

Бари гаҳвораам бехоб будӣ,

Барои гиряам бетоб будӣ.

Канорам доимо ғамхор будӣ,

Бароям ҳар шабе маҳтоб будӣ.

 

Баҳори ман хазон аст бе ту, Модар.

Дили ман беқарор аст, бе ту, Модар,

Бароям ганҷи ноёбастӣ, Модар.

Гули доимбаҳорастӣ ту, Модар,

 

Ҷамоли хубрӯён ҳастӣ, Модар.

Таманно мекунам доим бароят,

Ки бошӣ сарбаланд дар рӯзгорат.

Ҳамеша тансиҳат, умрат дароз бод.

Канорам бошӣ доим бо саломат,

Ки бошад ин Рамазон ифтихорат.

Раҳматуллоев Рамазон – донишҷӯйи курси 2,

г. 370106, факултети “Нақлиёт”.

Leave a Comment