Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Пойтахт, имрӯз – 21-уми апрел марафони хурд – давидан дар масофаи миёна доир гардид, ки беш аз 400 нафар ҷавонон – донишҷӯёни донишгоҳ аз тамоми факултетҳо ба таври фаъолона ширкат намуданд.

Инчунин бахшида ба Рӯзи Пойтахт тибқи дархости Медиа групп Азия – Плюс дар фестивали “Воздушных змеев — Осмони Душанбе» 50 нафар волонтиёрони донишгоҳ ширкат намуда, саҳми худро гузоштанд.

Тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар боғи ҷавонон 100 нафар донишҷӯён аз факулети ДМТБ иштирок карданд.

Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Пойтахт ҳисси ватандӯстии ҷавононро агар бедор намояд, чорабинии имсола ҳисси масъулияти ватандорию ватанпарварии ҷавононро низ баланд бардоштааст.

Боиси ифтихор ва қайд аст, ки дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва донишгоҳӣ ҷавонони донишгоҳ бо шавқу нишоти беандоза ширкат мекунанд.

Саидусмон Акрамов — мудири шуъбаи кор бо ҷавонон

Leave a Comment