Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти илми донишгоҳ соле ду маротиба озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони донишгоҳ доир мегардад. Дар давоми соли хониши 2017-2018 дуввумин озмун дар моҳи илм – моҳи апрел бахшида Ҷашни Наврӯз, Рӯзи илм, даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Аз тамоми факултетҳои донишгоҳ донишҷӯён намунаҳои ихтирооти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Пас аз тамошои умумӣ, ки аз ташкилоту вазоратҳои гуногун, ВАО ва дигар корхонаҳо меҳмонҳо ташриф оварда буданд, ҳайати комиссия баъди аз назар гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ихтироот ва лоиҳаҳои беҳтаринро интихоб намуданд.

Дар равияи энергетика, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия лоиҳаи “Метиостансия”, муаллиф Нуралиев Солеҳҷон, донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 390101А1, факултети “Энергетикӣ” — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, лоиҳаи “Дастгоҳ барои пайдо намудани об”, муаллиф Мақсудов Ҳасан, донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 45010302, факултети “ТИК”- сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, лоиҳаи “3D-принтер”, муаллиф Фахриддинов Абдумуталиб, магистранти  курси 1-уми гуруҳи 530101, факултети “ТИК” — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, лоиҳаи “Барномаи ҳисоби автоматии равшанидиҳӣ бо ёрии лампаҳои люминисентии қубуршакл”, муаллиф Назаров Ҳамдам, донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 430103-01А1, факултети “Энергетикӣ” — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, дар равияи нақлиёт, технологияи кимиёвӣ, мошинсозӣ ва саноати сабук лоиҳаи “Анбори муосир дар шаҳри Турсунзода”, муаллиф Уроқов Музаффар, магистранти курси 1-уми гурӯҳи 260203-23, факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, лоиҳаи “Пешниҳоди нави чорраҳаи Н. Қарабоев ва А. Ҷомӣ”, муаллиф Бурханов Муборакшоҳ, донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 440302, факултети “Нақлиёт” — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, бизнес нақшаи “Ташкили корхонаи истеҳсоли карамел”, муаллиф Бобоҷонова Миҷгона, донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 260203-23б, факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, лоиҳаи “Буриши роҳи оҳан аз роҳи автомобилгард дар хиёбони С. Шерозӣ”, муаллиф Назаров Далер, донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 700301-01, факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома, дар равияи сохтмон ва меъморӣ, технологияи маводи сохтмонӣ лоиҳаи “Дастгоҳи гандумтозакунӣ ва дастгоҳи себпоракунӣ”, муаллиф Шамсуллои С., донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 700101, факултети “С ва М” — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин ба як қатор донишҷӯён – Саидмуродов Ф.Қ., Ҳаётов Э.Н., Юнусов Н, Раҷабов А.Э., Абдураҳмонов Н.С., Раҳимов Х.Х. (аз факултети Энергетикӣ), Юнусов Н.А. (аз факултети С ва М), Шокирзода У.С., Шоев И.А., Ҳасанов А. (аз факултети ТИ ва К), Ҳиёев Н.М., Мирзоев М.А., Исмоилов З.М., Қудусов А.А. (аз факултети МК ва Н) барои иштироки фаъолона дар озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment