Дар доираи барномаи “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 — 2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005 — 2015) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро (дар соли 2013) эълон кард.

Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбат ба масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар барномаи истеҳсолоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 – 2025 пешбинӣ карда шудааст.

Амалиёти даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 — 2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Точикистонро фароҳам меоранд.

Ҳамин тариқ, натиҷаи талошҳои Точикистон бо дигар кишварҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо ва татбиқ намудани ташаббусҳо аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода барад.

Салимаи Алихон – донишҷӯйи курси 4,

гурӯҳи 260202 – 07, факултети

Технологияи инноватсионӣ

Leave a Comment