Баъд аз он, ки дар сомонаҳои интернетӣ ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» ҳангомае дар атрофи рисолаҳои илмии шаҳрвандони Тоҷикистон барпо кард, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади санҷиши асоснок будани далелҳои ин ташкилот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар раванди кори гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки фаъолият ва соҳибнуфузии худи ташкилоти «Диссернет», ки ба қавли худаш «ҳадафи мубориза бо соҳибнуфузӣ дар илмро дорад», шубҳаовар буда, ташхисҳои он ҳамчун асос барои тасмим гирифтан дар ин самт метавонанд ба роҳи хато баранд. Вобаста ба ин чанд далелро, ки аз ҳамон сомонаҳои интернетӣ оид ба фаъолияти «Диссернет» дастрас аст (нигаред ба унвониҳои  https://cont.ws/@fandоorin/567790, https://eto-fake.livejournal. com/ 1190042.html, https://uborshizzza.livejournal.com/3012153.html, https://think-head.livejournal.com/355157 html ва ғайра), ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем.

Аввалан, талаботи ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ нисбат ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби «Диссернет» худсарона ба ифрот расонида шудаанд. Ин ташкилот рисолаҳои илмие, ки тибқи тартиби пешинаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия дифоъ шудаанд,  имрӯз аз рӯи талаботи тартиби нави аз ҷониби ин Комиссия муқарраргардида баррасӣ мекунад. Тибқи талаботи амалкунанда дар корҳои илмӣ бояд маводи иқтибосшуда ишора шуда, манбаи он зикр гардад. Вале ба ҳайси маводи иқтибосшуда кормандони «Диссернет» худсарона як қисми пурраи матнро баррасӣ менамоянд, ки қисмате аз он моли худи муаллиф аст. Дар баробари ин, «Диссернет» маводи дар ҳаммуаллифӣ бо роҳбар ё мушовири илмӣ нашрнамудаи унвонҷӯро, ки дар илми ҷаҳонӣ ҳамчун як шакли тарбияи корманди илмӣ маҳсуб меёбад, худсарона асардуздӣ меҳисобад ва ғайра.

Сониян, ягон шахс ё ташкилоте ҳуқуқ надорад, ки рисолаҳои аз ҷониби КОА Федератсияи Россия тасдиқнашударо кори анҷомёфтаи илмӣ ҳисоб намояд, аммо дар ташхисҳои «Диссернет» рисолаҳои илмие низ ба назар мерасанд, ки аз ҷониби худи унвонҷӯён аз баррасии КОА Федератсияи Россия бозхонд шудаанд.

Сеюм, дар хулосаҳои ташхисии «Диссернет» истифода нагардидани ин ё он манбаъ аз ҷониби унвонҷӯ хамчун камбудии кори илмии ӯ ҳисобида мешавад, ҳол он ки тибқи талаботи муайяннамудаи КОА Федератсияи Россия муаллифон дар интихоби манбаъҳо озодии комил доранд.

Чорум, конунҳо, стратегия, барнома ва санадҳои дигареро, ки дар рисолаҳои илмӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон истифода гардидаанд, «Диссернет» ҳамчун иваз кардани «ФР» ба «ҶТ» аз ҷониби муаллифони тоҷик меҳисобад, ҳол он ки худи санадҳои зикршуда бо истифода аз таҷрибаи Федератсияи Россия таҳия гардида, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ  гардонида шудаанд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки тамоми қонунгузории кишварҳои пешрафтаи дунё дар асоси таҷрибаи ҳуқуқии Рими қадим бунёд ёфтааст, вале касе ин амалро асардуздӣ намеҳисобад.

Панҷум, тибқи талаботи мавҷуда танҳо мутахассисони воқеӣ метавонанд томмияти мантиқӣ ва илмияти рисолаҳои дифоъшавандаро баҳогузорӣ намоянд, на воситаҳои техникӣ. Ташкилоти «Диссернет» бо сабаби надоштани мутахассисони соҳибкасб дар ташхисҳои худ танҳо ба воситаҳои техникӣ такя мекунад, ки хилофи талаботи тамоми меъёрҳо ва намудҳои илм аст.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки аз ҷониби «Диссернет» оддитарин талаботи ахлоқи илмӣ риоя намешавад. Масалан, тибқи тартиби муқарраргардида рисолаҳои илмӣ ба таври оммавӣ дифоъ гардида, ду ё се моҳ қабл аз дифоъ онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон дастрас карда мешаванд, то тақризҳои худро пешниҳод намоянд. Вале «Диссернет» ягон маротиба дар ин муҳлати муқарраршуда хулоса пешниҳод накарда, рисолаҳоеро ташхис мекунад, ки даҳсолаҳо пеш дифоъ гардидаанд ва дар асоси тартиби мавҷуда ба онҳо ягон кас ҳатто ҳуқуқи апеллятсия додан ҳам надорад. Ё худ, ахлоқи ҳамида талаб мекунад, ки ҳангоми ба кори илмӣ эътирозе доштан, бояд ба муаллифи он имкон дода шавад, то андешаи худро оид ба ин эътироз иброз намояд. Вале, мутаассифона, «Диссернет» рисолаҳоеро низ ташхис мекунад, ки муаллифони онҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд.

Гузашта аз ин, шахсияти муассисони «Диссернет» А. Заякин, М.Гелфанд ва С. Пархоменко низ аз нигоҳи олимони рус шубҳаовар буда, онҳо на барои соҳибнуфузӣ дар илм ва расидан ба ҳадафҳои илмӣ, балки бо мақсадҳои сиёсӣ фаъолият мекунанд ва ҳар се нафар ҷонибдорони оппозитсионери бо коррупсия маҳкумгаштаи Россия А. Навалний мебошанд. Ҳамчун гурезаи хоини рус А. Родченко, ки беасос варзишгарони ин кишварро бо допинг дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳам ва беобрӯ кардан мехост, мақсади «Диссернет» беобрӯ сохтани илми Россия мебошад. «Мутахассисони» ин ташкилотро худи олимони рус фарсахҳо дур аз илм дониста, масалан, яке аз онҳо Козляковро ҳамчун «ҷунунӣ», дигарӣ — Ерусалимскийро чун «масхарабоз» ва сеюмӣ — Бабитскийро ҳамчун «инсони кӯчагӣ» ҳисобидаанд.

Чунонки маълум аст, арзиши муҳимтарин дар ахлоқ ё этоси илм ин беғаразӣ аст, ки хизмат ба ҳақиқатро мақсади асосӣ гузошта, ҳадафҳои дигарро (манфиати пулию молӣ, шарафёбӣ ва ғ.) чандон муҳим ва умуман зарурӣ ҳам намешуморад. Вале маблағгузории «Диссернет» хеле махфӣ буда, бо воситаи ҳамёни яндексӣ аз ҷониби хоҷагони дохилию хориҷӣ пур карда мешавад. Кормандони «Диссернет» тавассути таҳдидҳои (шантажҳои) диссертатсионияшон ба ришваситонӣ низ машғул мегарданд. Аз ҷумла, як корманди ин ташкилот, ки худ риёзидон аст, аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар яке аз шаҳрҳои музофотии Россия барои гузаштани машғулиятҳо аз фанни «Омор» маблағи калоне талаб кардааст, вале ҷавоби рад гирифта, бо нашри мавод дар саҳифаи «Диссернет» оид ба корҳои илмии омӯзгорони ин таълимгоҳ қасди худро гирифтааст.

«Диссернет» яке аз шарикони ташкилоти барномасози «Анти-Плагиат» буда, хизматрасониҳои онро, ки солиёни охир маблағаш хеле боло рафтааст, бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо ташхисҳои худ, таблиғ мекунад. Ҳамзамон, «Диссернет» ба таври ғайриқонунӣ ба бойгонии Китобхонаи давлатии Россия дастёб гардида, маводи онро ғайриқонунӣ ба савдо гузоштааст.

Ҳамаи ин далелҳои оварда, ки ба қавли худи мардуми рус «паҳлӯи дигари медал»-ро оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» танҳо аз ҷиҳатҳои манфӣ муаррифӣ месозанд ва беғаразии онро дар ташхисҳои илмӣ инкор менамоянд, имкон намедиҳанд, ки дар асоси хулосаҳои он нисбат ба рисолаҳои илмии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими дурусте гирифта шавад. Аз ин рӯ, мо бояд рисолаҳои зикршударо бо қувваи мутахассисони худи кишвар мустақилона аз нав ташхису баҳогузорӣ карда, ба хулосаҳои «Диссернет» ҳамчун ба даъвое, ки заминаи илмию ҳуқуқӣ надоранд, муносибат намоем.

 Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment