Эълон!

Ба диққати ҳамаи донишҷӯёни факултетҳои «Нақлиёт» ва «М ва КН» расонда мешавад, ки рӯзи 7-ум то 12-уми майи соли 2018 ҳафтаи забони англисӣ дар кафедраи забонҳо воқеъ дар факултети «М ва КН» гузаронида мешавад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Шартҳои озмун:

1. Кушодашавӣ. (07.05.2018)
2.Муаррифӣ (презентатсия) дар мавзӯъҳои мухталифи доғи рӯз. (08.05.2018)
3.Газетаи девории беҳтарин дар мавзӯъи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (10.05.2018)
4. Қироати шеър. (11.05.2018)
5. Баҳс оиди мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»(12.05.2018)

 

*Озмунҳо аз соати 13:00 дар кафедраи забонҳо, факултети М ва КН гузаронида мешавад.

Leave a Comment