Собиқадорон, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Шумо ва дар симои Шумо мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Ғалаба – Иди зафар, Иди абадӣ табрик мегӯям.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои муҳим қарор дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва руҳи шикастнопазири халқҳои мост.

Нимаи аввали садаи ХХ дар таърихи инсоният, бахусус барои сокинони Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ, Чину Ҷопон даврони басо пурфоҷиа буд. Ба сабаби сар задани ихтилофҳо байни гурӯҳҳои сармоядори манфиатҷӯй, сиёсатҳои хому бемасъулияти сарони давлатҳо ва ҳизбҳои бар сафсатаҳои хаёлӣ ва ниқорҷӯйиву нажодпарастӣ асосёфта дар муддати 30 сол (1914-1945) оташи инқилобҳо, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ду ҷанги ҷаҳонӣ аланга зад. Ҳамаи ин ба сари миллионҳо мардуми бегуноҳ, аз ҷумла, халқи тоҷик, ҷабру ситами гӯшношунид, қурбониҳои бешумору харобиҳои бемисл овард.

Ҳанӯз соли 1994-ум Фармони рақами 1-уми худро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи беҳтар намудани некӯаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида ба имзо расонида буд.

Cоли 1995-ум дар маҷлиси ботантана бахшида ба 50-солагии Рӯзи Ғалаба таъкид дошт, ки бо вуҷуди душвориҳои азими иқтисодӣ, масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон, махсусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштааст, мо ҳаргиз ба хору зор шудани маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳ намедиҳем. Зеро онҳо на танҳо дар назди Ватан, балки аҳли башар хизмати бузург намуда, инсониятро аз таҳдидҳои фашизми гитлерӣ эмин нигоҳ доштаанд.

Ва мо хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнатро қарзи шаҳрвандии худ медонем.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Дар мубориза ба муқобили фашизми гитлерӣ ва нобуд сохтани ин зуҳуроти хунхори қудратхоҳу истилогари асри ХХ дар баробари тамоми кишварҳои тараққихоҳу сулҳпарвари ҷаҳон Тоҷикистон низ саҳми арзанда дорад. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Дар баробари он ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун ид таҷлил мегардад, аз ҷониби дигар санаи ёдбуд ва пос доштани хотираи неки шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Фашизм дар солҳои муборизаи хунини худ ба сари инсоният он қадар қурбониву харобӣ ва ғаму кулфат овард, ки захми он то ҳоло шифо наёфтааст.

Азоби маънавии оқибатҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон барои мо – тоҷикон ҳам ҳадду канор надорад, онро бо ченак муайян кардан ғайриимкон аст. То кунун модарон, хоҳарону бародарон, ҳамсарон ва фарзандони қурбониёни ин ҷанг аз фироқи ҷудоӣ аз наздикони худ азият мекашанд. Аз захмҳои ҷисмонӣ бошад, маъюбони он ҳоло ҳам дар азобанд. Аз ин рӯ, мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки номи қурбониён, корнамоиҳои ҳарбии иштирокчиёни муҳорибаҳо ва заҳматҳои пурмашаққати мардуми тоҷикро дар солҳои ҷанг нодида гирем ва аз хотир фаромӯш созем.

Дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ мардуми мо – асосан пиронсолон, занону духтарон ва наврасон, ки бори вазнини зиндагиро ба зимма доштанд, бо вуҷуди душвориҳо барои таъмини ҷанговарон бо озуқа, сарулибос ва дигар маводи зарурӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ба хотири ғалаба бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳнат мекарданд.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон аз хатти ҷабҳаи ҷанг дур буд, вале ҳамватанони мо бо иштироки бевосита дар муҳорибаҳо ва кӯшишу талошҳои худ дар ақибгоҳ дар Ғалабаи бузург бар фашизм ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Барои мо ва наслҳои оянда низ корномаи ҷангӣ ва азму иродаи онҳо дар бартарафкунии хавфу хатар ва таҳдидҳое, ки ба сари аҳли башар омада буд, намунаи ибрат аст ва месазад ифтихор кунем, ки мардуми мо чун як узви ҷомеаи умумибашарӣ нисбат ба тақдири инсоният бетараф набуд ва нахоҳад монд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон бо анҷоми фоҷиабораш ба сокинони сайёра сабақи талхи таърихӣ мебошад. Вале мутаассифона, ҳанӯз дар баъзе нуқтаҳои олам ҷангҳои гуногун ба назар мерасанд.

Терроризму даҳшатангезӣ аз ҷониби баъзе аз гурӯҳҳои тундрав, гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ин гурӯҳҳо, таҳдиду куштор ва дигар амалҳои ғайриинсоние, ки имрӯз мо – тоҷикистониён онро ба таври қатъӣ маҳкум мекунем, дар тамоми олам доман паҳн намудааст.

Илова бар ин, ҳоло дар баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки дар гузашта худ дучори ҳамлаи фашизм гардида, қурбониҳову харобкориҳои зиёд дида буданд, ҳаракатҳои неофашистӣ зуҳур карда, ошкоро ба амалҳои зиддиинсонӣ даст мезананд. Ин, албатта, оқибатҳои хуб надорад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии таҳдидҳо ва тамоюлоти марбут ба он, ки метавонанд ба сари ҷомеаи умумибашарӣ фоҷиаҳои ҳалокатбор биёранд, бояд мо оқибатҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш насозем.

Ҳамзамон азму талошҳои кишварҳо ва миллатҳои гуногуни оламро дар бартараф намудани хатари фашизм ҳамчун сабақи таърихӣ арзёбӣ намуда, барои пешгирии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои экологӣ ва техногенӣ кӯшиш намоем.

Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Ҷавонони навовару равшанфикри тоҷик доимо дар ғами наҷоти миллат буданд ва имрӯз низ мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо фарҳанги хештаншиносиву миллатдӯстӣ, ватанпарвириву сулҳхоҳӣ ба оянда қадам гузорем. Ҷангу нотифоқӣ аз паси худ наҳсиятҳои зиёде меорад ва аз пайи ҳар як ҷанг солҳои тӯлонӣ хушксолию афзоиши бемориҳо ва дигар офатҳо ҳукмрон мешавад.

Пас биёед, ки мо бо поси хотири шаҳидони Ҷанги муқаддас – ҶБВ барои мустаҳкам ва ҷовидонии Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳи бебозгашти тоҷикон кӯшиш намоем.

Сарбаланду хонаобод ва шоду фараҳманд бошед.

Leave a Comment