Баъд аз пошхӯрии сохти сотсиалистӣ дар кишвари мо низоми мафкуравии арзишҳо ба миллионҳо одамони муқаррарӣ низ рӯ ба дигаргуншавӣ овард. Он гуногуниҳо ва маъниҳо тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтанд ва дар миёни мардум ихтилофи ақидатӣ ба миён оварданд. Ва ин боиси он гардид, ки ба мафкури мардум ҷомеаи пасосотсиалистии мо ақоиди бегона ба тарзи ифротӣ ворид шуданд. Яке аз ин ташкилоти экстремистӣ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо ва афкори авомфиребона дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. Саркардагони ҲНИТ ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил намуда, барои ғасб намудани андешаи мардум фазои иттилоотии кишварро сармоягузорӣ мекарданд. Идеяи асосии онҳо таблиғи шахсиятҳои мазҳабӣ, пӯшидани ҳиҷоб ва амсоли онро омилҳои асоситарини ҷомеаи ормонии исломӣ меҳисобиданд. Яке аз сиёсатҳои бунёдгароёнаи ҲНИТ дар он буд, ки онҳо худро пуштибони асосии ислом меҳисобиданд, гумон доштанд, дар мафкураи авом гӯё адолат дар байни мусулмонон танҳо андешаи онҳост. Ин шакли найрангкори онҳо то ба ҷое расид, ки онҳо худро яке аз нухбагони адолатпарвари мусулмонони башарият муаррифӣ мекарданд. Усули дигари ташвиқи онҳо бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ва садақа барои мусалмонон буда, бо ин воситаҳо амалҳои ифротгароии худро пеш мегирифтанд. Пас, дар ин ҷо ҷанбаи дигари масъаларо матраҳ карданием, ки он вобаста ба фаъолияти мазҳабии ҲНИТ мебошад. Саволе ба миён меояд, ки ин гурӯҳ дар тӯли фаъолияти расмӣ дар ҷомеаи динии кишвар чӣ кореро анҷом дод? Бояд зикр кард, ки ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеалогияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз ҷониби онҳо, аз қабили конференсияҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ-эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии аксари аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Ва ҳамчунин пур кардани сафи аъзои ҳизбро аз шахсони холӣ аз донишу ахлоқ, ибодату маънавияти исломӣ ва ашхоси сиёсатзадаи тиҳимағз мақсад гузоштанд. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҳизб кори шоисту боист ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Ин буд, ки марҳум Саид Абдуллоҳи Нӯрӣ соли 2006 гуфта буд: “агар бо ҳамин ҳолате ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад”. Ҳақ ба ҷониби марҳум Нӯрӣ буд, ки Симои воқеии ҳизби наҳзати исломӣ борҳост, ки бепарда ошкор мегардад. Сад ҳайфи номи дини мубини Ислом, ки ҳизби номбурда ба он нисбат дода шудааст. Магар ҳизб исломӣ мешавад? Куҷост он манбаи илоҳӣ ва қуръонӣ, ки ҳизби наҳзати бо ном исломӣ аз он иқтибос мегираду исломияташро асоснок мекунад? Олами ислом ва кулли ҷомеаи мусалмоннишин имрӯзҳо аз дасти ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ сoхта валангор ва мардуми осоишта сарсону саргардон шуда истодаанд.

Баёнияи ҷадиди ҲНИТ ба созмонҳои бонуфузи дунё ва ҳомиёни ҳуқуқи башар доир ба сиёсату сиёсатмадорони имрӯзаи кишвар иғвои навбатӣ буда, барои тирагардонии сиёсати кишвари мо ҳеҷ асос шуда наметавонад. Шӯрои иғвогари ҲНИТ бо дархост аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ аз ҳукумати кишвар шикоят карда, тақозо намудааст, ки «Ҷинояткорон новобаста аз мақом ва мансабашон ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида ва нисбати онҳо чораҳои лозима дида шавад». Амнияту осоиштагӣ, осудахотирӣ, истиқлолияти давлатӣ, таъмини фазои солиму ороми ҷомеа, сиёсати оқилонаи хориҷӣ, ҳама гуна бунёдкориҳо ва ғайра ба ҳайси хӯшае аз гӯшаи ҷумлаи шоҳкориҳои сиёсати давлату ҳукумати кунунии кишвар мебошанд, ки танҳо ғаразгӯён, ба хусус Шӯрои иғвогари ҲНИТ онро нодида гирифта, дар ҷустуҷӯи манофеи шахсии хеш мебошанд. Шӯрои иғвогари ҲНИТ дар поёни баёнияаш арз намудааст, ки пойбандии худро ба муборизаи машруъ барои расидан ба як ҷомеаи мардумсолор, қонунмеҳвар ва адолатпеша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод. Мебояд тазаккур дод, ки мамнуъ гардидани фаъолияти ҲНИТ худ баёнгари мардумсолор, қонунмеҳвар ва адолатпеша будани сиёсати давлату ҳукумати кишвар мебошад. Шӯрои иғвогар ва пайравони ҲНИТ бо шиагароии худ дорои хислатҳои ифротгароӣ ва фанатизми мазҳабӣ мебошанд. Ҳамфикрӣ ва ҳусни тафоҳуми наҳзатиён бо роҳбаронашон дар доираи хислатҳои мутакаббирӣ ва даҳшатофариву таассубкорӣ ҷараён гирифта, бо дилхоҳ тариқа пешбурдани сиёсати музахрафашон қарор мегирад. Хоҷагони хориҷӣ зинҳор мушкилоти мусалмононро муаррифӣ ва ҳаллу фасл карда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки хоҷагони номбурда буҳронсозони асили олами исломӣ буданд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд. Аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ қасдан даъват гардидани роҳбарияти ҲНИТ дар конференсияҳои байналмилалӣ худ баёнгари он аст, ки ҳизби номбурда бо пайравонаш лӯхтаки хоҷагонашон буданд ва хоҳанд монд. Барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон  зарур аст, ки дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, пайрави асили Пешвои миллат бошанд. Дар заминаи таъкидҳои Президенти муҳтарам ҳар як фарди ҷомеа, хусусан насли ҷавон дар шароити кунунии вазъи ҷаҳонӣ бояд ҳушёриро нигаҳ доранд ва нагузоранд, ба вазъи сиёсӣ, сулҳу суботи мамлакати мо, ки омили пешравии ҷомеа аст, халале ворид гардад. Бинобар ин ҳар як падару модар устодону муаллимон ва ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба ҳаводиси ҷаҳон бо дидаи ақлу хирад назар кунад ва барои нигоҳ доштани оромии пойдор дар сарзамини азизамон Тоҷикистон худро масъул шуморанд.

Илҳом Қурбоншоев, Шуҳрат Ҳусейнов

Омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment