Воқеияти олами муосир ва баамалоии ҳодисаҳои даҳшатангезе, ки аз ҷониби равияҳои террористию экстеримистӣ ба вуқӯъ мепайвандад, кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои оромтарини Аврупоро ба ташвиш овардааст. Амалҳои анҷом додаистодаашон ҷомеаи орому мустақил ва сулҳпарвари Тоҷикистонро низ бетараф намегузорад.

Дар воқеъ сар задани чунин амалҳо ба мисли ҳодисаҳои дигар дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ то андозае таъсири манфии худро гузоштааст. Аммо ягона омиле, ки дар ин самт роҳи ҳалли худро наёфтааст, робита доштани амалҳои мазкур бо исломи сиёсӣ ва хостаҳои исломидошта мебошад. Ашхосе, ки дар ин гуна тазоҳуру даҳшатҳо иштирок намуданд, худро исломӣ ҳисобида, аз номи дин чунин амалро анҷом медиҳанд. Чунин амалро ба хотири ҳадаф ва арзишҳои гурӯҳи ғайриинсониашон иҷро намуда, арҷгузории хешро ба равияҳои террористӣ иброз намуда, дар навбати худ зарба ба дини поки ислом ва номи неки мусалмонон мезананд. Воқеан амалиёти охирини дар кишварҳои Аврупо баамаломада доир ба фаъолияти шаҳрвандони баъзе аз ҷомеаҳои нисбатан ақибмондаи шарқро, ки чунин рафтор ба анъанаи доимиашон табдил ёфтааст, нигаронкунанда аст. Хусусан, воқеияти чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Миср шумораи зиёд дошта, ба маркази истеҳсоли равияҳои террористӣ ва амалиёти ин гурӯҳҳо табдил ёфтааст. Дар ин кишварҳо сар задан ва бунёди ҳамаи ҳодисаҳои хунинро маҳз аз ислом ва ҳадафгузорӣ аз шариати исломӣ медонанд.

Қазоват бояд намуд, набояд фаромӯш сохт. Чунин саҳнаҳои сиёсии ин гурӯҳҳою равияҳо ва ашхосе, ки аз номи дини ислом ва шариати поки он истифода менамоянд, барои мардуми тоҷик бегона нест. Зеро парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ аз як тараф, ба кишвари мо истиқлолияти сиёсӣ, давлати миллии ҳуқуқбунёду демократӣ дода, ба манфиату ҳуқуқу шарафи шаҳрвандон заминаи дунявӣ гузошта бошад ҳам, аз ҷониби дигар сабабгори як қатор бесарусомониҳои сиёсӣ дар кишвар гардид, ба ҳаёти миллионҳо нафари бегуноҳ ҷабру ба оилаҳояшон хатар ва сабабгори марги ҳазорҳо бегуноҳон дар кишвар шуда буд.

Дар он давра аз фурсат истифода намуда, як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо сарварии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар назарияи дурӯғу нопокашон пуштибони хуқуқу манфиатҳои диндорон буд, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба коми фиребу дасисаҳои хеш ғарқ намуда буданд. Аммо таърихи сиёсӣ ба ҳамаи мо шоҳиди ҳақиқат буда, чеҳраи талхи онҳо ва ҳодисаҳои ғамангезу даҳшатовари он замонро дар чашми ҳар яки мо намудор менамояд, ки наход бародар бо бародар ҷанг намояд. Аммо мутаассифона чунин буд. Рафтори аъзоёни ҲНИТ, ки худро мусулмонони асилу содиқ ба мардум нишон дода, дар дили нопокашон ҳаваси воридшавӣ ба сиёсат ва табаддулоти ҳукумати қонуниро мепарвариданд, маҳкумкунанда аст.

Аз тарафи дигар роҳбарони ҲНИТ барои муташанниҷ намудани вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ ва ба боварии мардум даромадану онҳоро мутмаин сохтан Қуръони каримро ба даст гирифта, хона ба хона, масҷид ба масҷид гашта, мардумро ба муқобили гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» муқобил намуда, шумораи майдоннишинони ҲНИТ-ро аз ин ҳисоб зиёд менамуданд. Ба мардуми гумроҳи аз дину ислому сиёсат бехабар мефаҳмониданд, ки гӯё дар майдони “Озодӣ” коммунистони бехудо, кофирон ҷамъ омадаанд, мақсадҳояшон бастани масҷидҳо, аз миён бурдани дини мубини ислом, ба ҳабс гирифтани эшону уламо, пешвоёни дини муқаддаси ислом мебошад. Ин усули ҲНИТ боиси зиёд гардидани рақобати бародар бо бародар, писар бо падар гардида, гӯё ба оташ равған пошид, ки алангааш ба фалак баромаду ҷанги бародаркуш оғоз гардид.

Аз назар пӯшида набуд, ки дар ду майдон гирд омадани афкори ба ҳам мухолиф рӯзе боиси cap задани нохушии гӯшношунид ва хунин мегардад. Агар онҳо воқеан тарафдори оромии вазъи ҷумҳурӣ мебуданд, майдоннишиниро ташкил накарда, аз рӯйи инсофу адолат гузашт намуда, мардуми меҳнаткаши фирефтаро ба рехтани хуни бародар ҳидоят намекарданд. Ҳол он ки дар он вақт барои халқу Ватан на шунидани сафсатаҳои беасоси роҳбарони ҲНИТ асосӣ буд, балки ҷой додани идеяи давлати миллии тоҷикон дар ақлу шуури мардум воқеияти замон буда, ба қимати чунин неъмати бебаҳо расидан зарурати воқеи дошт.

Масалан, ба монанди ватанфурӯш генерал Ҳоҷи Ҳалим, ки давлат ба тамоми хатоҳои гузашта (аъзои собиқ ҲНИТ буданаш) ба ӯ вазифаю салоҳияти зиёде дода буд, хиёнат намуда, мақсади табаддулоти сиёсиро кашида буд. Ба монанди ӯ дар он давра кам набуданд. Масалан, генерал-майор Раҳмонов Баҳром низ дар он солҳо ба давлату миллати қонунии хеш хиёнат намуда буд. Моҳи майи соли 1992 генерал-майор Раҳмонов Баҳром савганди дар назди Президент ва давлат додаи худро шикаста, ноҷавонмардона ба тарафи мухолифин гузашта, яроқу аслиҳаи зиёди ҷангиро ба ҷонибдорони ҲНИТ дода, заминаи оғози моҷарои шаҳрвандӣ дар кишвар гардида буд.

Пасон, хоини миллати тоҷик генерал Раҳмонов Б. ба ҷониби мухолифин бо арзи том гуфтааст: «Эй аҳли ислом, эй мардуми озодихоҳу ҷасур! Ман фарзанди эшону эшонзодаам, бобокалонам дар вақти ҳаҷҷи акбар дар Маккаи мунаввара ба номи Худованди кариму Муҳаммад расули барҳак ҷон ба ҳақ супоридааст. Падарамро бошад, коммунистони беинсоф, бедину беимон барои эшонзода буданаш ва тоату ибодат карданаш зиндонӣ карда, китобҳояшро оташ зада буданд. Имрӯз чун авлоди эшонзода, арвоҳи падару бобоямро шод намуда, барои ғалабаи дини мубини ислом, барои озодӣ бо Шумо, мардони майдон, ҷасурони миллат ҳамроҳ гардида, яроқу аслиҳаи зиёдро аз ҳисоби ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумо тӯҳфа менамоям ва то қатраи охирини хунам бо Шумо якҷоя ба муқобили коммунистони беимон мубориза мебарам. Ба ҷону мазҳабам қасам, ки рост мегӯям!».

Қазоват намоед, ҳамватанони азиз, ки аз чунин амали хоинонааш Раҳмонов Б. болидахотир мегардид. Аммо қисме аз мардуми бофаҳми диниву дунявӣ дар ҳайрат монда меандешиданд, ки худоё худовандо, чаро баъзе бандагонатро то дарачае чоплусу ноҷавонмард офаридаӣ, ки барои соҳиби мансабу мол шудан аз дину миллату модар рӯ гардонида, монанди боду ҳаво тағйир меёбанд. Ӯ беист изҳор менамуд, ки «Роҳи пешгирифтаи ҲНИТ қобили қабул аст ва мо барои озодӣ мубориза мебарем». Ин фикри ботили хоини ватанро мухбирони дурӯяву палид барои амалҳояш ҳамчун ҷавонмард тасвир менамудаанд. Барои он ки ба дасти худобехабарон силоҳи зиёде дода, ба муқобили мардуми бесилоҳ фиристод ва сабабгори рехтани хуни инсони бегуноҳ гардид, бо ӯ чун қаҳрамони миллат муносибат менамуданд. Ҳол он ки ин эшонзода (генерал Раҳмонов Б.) аз забони модарӣ ҳарфе ва аз «Қуръон»-и маҷид ояте намедонист, калла меҷунбонд, аммо барои кӣ ва аз чӣ, худаш медонисту Худо.

Имрӯз ки Б. Раҳмонов чун хоини миллат дар кӯтоҳтарин муддат аз сари қудрат дуру нопадид гардидааст, ҷони даҳҳо касони бегуноҳ аз ин нокас халосӣ ёфт! Худованд агар бандагонашро аз як хок офарида бошад, пас чаро якеро ҷавонмарду дигареро номарду беномус офаридааст, ки аз дасти ӯ касони дигар азоби ҷисмонию рӯҳи мекашанд? Ба ин маъно пайғамбарамон фармудаанд: «Мусулмон онест, ки аз забон ва аз дасти ӯ мусулмоне озор наёбад». Ба ин мазмун ҳақ таъоллоҳ фармудааст: «Тарсед, эй бандагон аз Худо ва якдигарро ҷангу таҳқир насозед». Биёед, худ қазоват менамоем, ки чӣ гуна ҳомиёни дини ислом дар ин раванд бар муқобили фармудаи Худою пайғамбар амал намуда, бо садои баланд нафаронеро, ки ҷонибдори ҳукумати қонунӣ, озодӣ ва амнияту суботи кулли мардуми Тоҷикистон буданд, мехостанд таҳқир намуда, номусулмону беимон мегуфтанд. Пас, аз гуфтаи Худою расул худи онҳо чӣ гуна мусулмон будаанд?! Албатта дар ҳама замон халқу таърих довари замон буда, баду нек, мусулмону қаҳрамони миллатро ба хубӣ дарк намудаанд, ки сазовори он аст…

Чунин фикру ақидаҳои пур аз буҳтону тӯҳмат ба иззати нафси дигарҳо расида, ҳеҷ гоҳ заминаи иттиҳоди сиёсӣ ва сулҳу осоиш дар миёни мардуму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ шуда наметавонад. Онҳое, ки мардуми ҷумҳуриро ба шӯр меоварданд, миёни ҷомеа суботи ояндаи кишварро намехостанд. Аз ин рӯ, баъди ин қадар кашмакашиҳои бемаънӣ баъзе аз онҳо ба рӯйи мардум шарифи тоҷик чӣ тавр ва бо кадом рӯ нигоҳ мекарда бошанд? Алҳол он номусу ор ва раҳму шафқати мусулмониашонро куҷо намудаанд? Ё баъд аз ин ҳама хатоҳои сиёсӣ ва мардумфиребиашон дигар маротиб ба хато даст назада, чун фарди комили ин ватани обод зиндагонӣ мекарда бошанд?! Албатта инро танҳо вақту замон муайян мекунад, ки онҳо то кадом андоза мусулмон ва номусу шарафи инсонӣ доранд.

Дигар ин ки қазовати мусулмонии мо ба дасти Худованди карим аст, на ба дасти ҲНИТ ва эшону саидзогони пургуноҳ ва сохтаю бофта, ки динро баҳри манфиатҳои сиёсиашон истифода менамоянд. Охир, парвардагори олам ба ҳеҷ бандаи худ, ҳатто ба пайғамбари охири замон ҳазрати Муҳаммади мустафо ҳуқуқи ба дини муқаддаси ислом маҷбур намудани касеро надодааст, чунон ки дар ояти мубораки Қуръон омадааст: “Ва лав шои раббука лаомана ман фил арзи куллуҳум ҷамиъан афоанат тукриҳу ан-носа ҳатто якунӯ муъминин” (Эй расули Худо, мо Худои ту агар мехостем, аҳли замин ҳaма яксара имон меоварданд, (чун нахостем) ту кай тавонӣ то ба ҷаббору икром ҳамаро мӯъмину худопараст гардонӣ») (Сураи Юнус, ояти 99). Аз таҳлили ин ояи муборак бар меояд, ки 98 фисади аҳолии кишварро, ки мусулмонон ташкил менамоянд, иродаву имонашон на ба воситаи ҲНИТ ва аъзоёни ифлоси он бедору мустаҳкам гардидааст, балки онҳо имону виҷдони нафаронеро, ки аз пушти худ мебурданд, дар назди Худою расулу динашон заифу гунаҳгор намудаанд.

Ҳамин тариқ, чунин рафтори ноҷавонмардонаи як идда нотиқони ҲНИТ воқеан ба дини мубини ислом вайронӣ ва ба ҷомеаи тоҷик хавфу хатар меоварданд. Масалан, ба монанди ҷонибдорони ин гурӯҳи сиёҳкор Ҳоҷӣ Ҳалиму Баҳром Раҳмонов солҳои охир ҷомеаи орому дунявии кишварамонро аъзои дигари он Муҳиддин Кабирию ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷаҳои хориҷии хеш (Эрон) хоҳиши такрор намудани таърихи нобасомониҳои сиёсии гузаштаро пеша намуда буданд. Аммо мо, мардуми тоҷик дурандешу фарҳангдӯстдор мебошем. Хусусан мардуме, ки ба мо наздикии фарҳангиву забонӣ доранд, ба хотири таърихи гузаштаашон эҳтиром менамоем. Аммо мегӯянд, ки дӯсти ҳақиқӣ дар рӯзи вазнинат маълум мегардад, рост будааст. Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ Эрон ба нигоҳ доштани пешвоёни гурӯҳи мухолифини ҳукумати қонунии Тоҷикистон дар хоки хеш мусоидат менамуд. Мо халқи сулҳпарвар сиёсати Эронро ҳамчун як амали хайре, ки баҳри баҳамоии тоҷикон содиршаванда гумон менамудем. Аммо вақт шоҳиди беҳтарин буда, бо дарки зарурат чунин нафарон, ба монанди Баҳром Раҳмонов, Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ ва саркардагони дигари ҳизби ифротии ҲНИТ бо амали ғаразноки пинҳонию сиёсиашон, хусусан, бо дастгирии нерӯҳои хориҷӣ хоҳиши ҷомеаи ороми моро номуътадил намуданро доштаанд. Дар ин раванд мо боз дастгирии кишвари Эронро дар пуштибонии пинҳонии ин хоинони миллат мушоҳида намуда, ҳамчун як кишавари ғаразноки сиёсӣ қабул дорем. Пас аз ин муносибатҳо аён мегардад, ки Эрон дар гузашта дар ҷанги дохилии тоҷикон низ даст дошта, на ҷонибдори ваҳдати комили тоҷикон буда, балки хоҳиши Точикистонро бо дасти саркардаи дигари ин гурӯҳи мухолиф Муҳиддин Кабирӣ вайрон намуданро пайгирӣ менамудааст, аммо муваффақ нагардид.

Албатта инро Кабирӣ аллакай дарк намудааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе, ки доранд, на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои кули ҷомеаи дунявӣ нолозим мебошанд. Хуб мешуд, ки Кабирӣ аз даъвоҳои беасоси сиёсие, ки дар хориҷа мебарад, даст кашида, ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро анҷом диҳад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул будани ҲНИТ ва ҷонибдоронашро хуб медонанд.

Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ки дигар барои мардуми ҷаҳон ва алалхусус мардуми кишварҳои аврупо на наҳзатиёни террорист зарур асту на мушкилоти сиёсиашон. Кас дар ҳайрат мемонад, ки бо кадом ақлу фаросат ҷонибдорони исломи иртиҷоӣ мехоҳанд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

Ба ин маънӣ бузургон гуфтаанд, ки ҳар кӣ шуд аз миллати худ ҷудо, бенаво шуд гар чӣ дорад сад наво. Кабирӣ инро бинад, ки он як бенавои барҷомонда аст. Ҳақ бар ҷониби ҳамаи онҳоест, ки хоинии Кабирӣ ва ҳамсафонашро зуд дарк намудаанд. Чиӣ хеле ки гуфтаанд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест», террористу ифротгаро будани Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ҳама маълум аст. Созмонҳои байналмиллалӣ ва ташкилоти ҷаҳонӣ ин чеҳраҳоро хуб мешиносанд ва ҳеҷ гоҳ ақидаҳои террористиву ғайриинсонии ин ватанфурӯшонро тарафдорӣ нахоҳанд кард. Муҳиддин Кабириро имрӯз на фақат мардуми тоҷик балки тамоми ҷаҳон ҳамчун роҳбари як ташкилоти террористии тафриқаандоз шинохтаанд. Ӯ то ба ҳол мехоҳад, ки аз ниқоб истифода карда, худро ҳамчун як шахси комил нишон диҳад. Афсӯс, ниқоб дигар чеҳраи аслии ифлосашро пӯшонида наметавонад. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ амали манфии онро фаромӯш нахоҳад кард.

Итминони комил дорем, қисме аз онҳо сазовори ҷазою бозпурсӣ дар назди қонунро дошта, қисмати дигари онҳо фардо рӯзи қиёмат ба ин ҳама хатоҳои хеш ҷавоб хоҳанд гуфт! Хулоса, аз таърихи сиёсии ин ҳама амалиёти гурӯҳи мухолифи ҲНИТ ҳар як фарди комили кишвар шоҳиди воқеӣ шуда метавонад, ки эшон бо роҳи истифода бурдани яроқ ва фиреби мардуми гумроҳ табаддулоти сиёсӣ карда, кишвари ободу ватани зебои моро дубора хоҳиши ба майдони ҷанг табдил додану бо хоҷаҳои хориҷии хеш тақсиму валангор намуданро мехоҳанд.

Аммо боварии кас намеояд, ки баъди гузашти чандинсолаи ваҳдати комил дар кишвар баъзе аз нафарони ҲНИТ ҳанӯз аз нафси ҳайвонии хеш сер нагашта, аз пайи вайронкории ин ватани ободамон мебошанд. Ҳанӯз чунин ҷонибдорӣ ва ҳадафгузориҳо барои ислом дар Тоҷикистон низ вақтҳои охир фаъол гардида буданд. Ҳол он ки ҳеҷ арзиши исломии шаҳрвандон поймол нагардида, муқаррароти динии худро озодона ва бидуни нигаронӣ анҷом медиҳанд. Аммо боз гурӯҳҳое мавҷуд буданд, ки аз ислом ва арзишҳои исломӣ ба хотири ҳадафҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Масалан, хиёнати нангини Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо супоришу дастури роҳбарони ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ манъшудаи ҲНИТ содир шуда буд, метавонист оғози амалигардонии чунин ҳадафҳои даҳшатнок дар кишвар маҳсуб ёбад.

Аммо ин гурӯҳу равияҳои тундгарои ҲНИТ мутмаин бошанд, ки давлати муосири Тоҷикистон дорои амнияти мутамарказ ва сарвари оқилу дурандеш буда, тамоми имкониятро баҳри такрор нагаштани таърихи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта, заминаи бузурги амниятию ҳарбии хешро мустаҳкам намудааст. Зеро сулҳи ба дастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки мардуми шарифи тоҷик мебошад. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардидааст. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дошта, ба қадри он расем. Насли ояндаи кишваро ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ҳамин тариқ, мо ҳамчун як фарди ватандӯсти ин миллат ба тамоми шаҳрвандон, ҷавонон ва фарзандони ин миллати содиқ тавсия медиҳем, ки ба қадри тамоми муқаддасоти кишвар истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ ва субот расида, онро аз сиёҳкорони ин равияи ифротии ҲНИТ ва дигар равияҳои экстримистӣ, ки зери чеҳраи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон дарафтодаанд, ҳимоя намоянд. Ободию озодии кишвари азизамонро доимо нигаҳбон бошанд, зеро Тоҷикистони азизи мо бароямон хонаи умед аст ва касе падару модар ва Ватанро интихоб намекунад, он туҳфаи тақдир аст, ки аз Худованд бароямон эҳдо гардидааст. Шукрона аз ваҳдату кишвари сулҳпарвар бояд намуд, то асрҳои оянда ин хоку ин сарзамин ободу поянда бошад.

Устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment