Дар майдони футболи хурди бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рӯзи 26-уми апрели соли 2018 Спартакиадаи 59-уми омӯзгорон ва кормандон оид ба мусобиқаи футболи хурд оғоз гардид. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзҳои 26.04.2018 то 10.05.2018 мусобиқаи футболи хурд ба роҳ монда шуд.

Чун анъана пеш аз оғози мусобиқа сардовари мусобиқа – Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдиев Маъдӣ Саъдиевич гурӯҳи дастаҳоро бо низомномаи мусобиқа ва қоидаҳои футболи хурд шинос намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ 10 даста иштирок доштанд:

-Раёсати донишгоҳ;

-Факултети энергетикӣ;

-Факултети технологияҳои иноватсионӣ;

-Факултети сохтмон ва меъморӣ;

-Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;

-Факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ;

-Факултети нақлиёт;

-Факултети муштараки ДТТ-ДМТБ;

-Кафедраи ҳарбӣ;

-Раёсати хоҷагӣ.

Сипас сардовари мусобиқа ва сардори дастаҳо ба воситаи қуръапартоӣ рақами дастаҳоро муайян намуданд.

Мувофиқи Низомнома мусобиқаи футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандон аз 9 давр иборат буд, ки то даври ниҳоӣ дастаҳои ғолиб муайян набуданд ва танҳо пас аз анҷоми даври 9-ум ғолибон муайян гардиданд, ки дар ҷадвал нишон дода шудаанд.

Ҷадвали натиҷаҳои Спартакиадаи 59-ум оид ба футболи хурд байни омӯзгорону кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, 26.04.2018 – 10.05.2018 майи соли 2018, ш. Душанбе

Номи дастаҳо 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Хол Ҷой
1 Факултети

«Энергетикӣ»

000

000

5:0 3:0 6:1 3:3 2:4 3:0 5:1 3:3 6:0 20 ІІ
2 Факултети

«ТИ»

0:5 000

000

5:3 2:0 5:1 1:5 3:0 3:0 5:4 4:4 19 ІV
3 Факултети

«С ва М»

0:3 3:5 000

000

1:4 1:1 0:3 0:3 0:5 1 Х
4 Факултети «ТИ ва К» 1:6 0:2 4:1 000

000

3:0 0:1 0:3 0:3 0:3 0:3 9 VІІ
5 Факултети “Нақлиёт” 3:3 1:5 1:1 0:3 000

000

0:3 6:1 4:5 0:3 6:0 8 VІІІ
6 Факултети

«М ва КН»

4:2 5:1 6:0 1:0 3:0 000

000

3:0 3:2 1:1 3:4 22 I
7 Факултети муштараки ДТТ-ДМТБ 0:3 0:3 3:0 1:6 0:3 000

000

0:4 1:5 0:3 6
8 Раёсати ДТТ 1:5 0:3 3:0 3:0 5:0 2:3 4:0 000

000

1:6 12:3 15 V
9 Раёсати хоҷагӣ 3:3 4:5 3:0 3:0 3:0 1:1 5:1 6:1 000

000

2:1 20 IІІ
10 Кафедраи ҳарбӣ 0:6 4:4 3:0 3:0 0:6 4:3 3:0 3:12 1:2 000

000

13

Камолидинов Б.Т.-муаллими калони кафедраи “И ва ЛН”

Юнусов Ф.М.-муаллими калони кафедраи “ТИИН”.

Leave a Comment