«Cайёҳӣ яке аз соҳаҳои  муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон.

Соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон  гардид.

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” марҳилаи нави рушди ин ду бахши судманду ба ҳам алоқаманд фаро расид.

Агар аз як тараф барои рушди соҳаи сайёҳӣ, захира ва имкониятҳои сайёҳӣ шароити инфрасохторӣ зарур  бошад, пас аз тарафи дигар нақши калидиро дар ин самт захираи инсонӣ – нерӯи зеҳнӣ дар шакли маданияти сайёҳӣ ташкил медиҳад.

Бо мақсади рушди сайёҳӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои зерини дар шароити рушди давлат муҳим андешида шудаанд:

  1. Аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият;
  2. Ташаккул ёфтани низоми соддакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон;
  3. Муқаррар гардидани беш аз 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».

Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар фазои ИДМ ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади:

-батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ;

-тартибот дар бозори сайёҳӣ;

-манфиатҳои сайёҳон;

-субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

-баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа

ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро қабул кардааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст».

Барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегарданд:

-якум, иштироки дастаҷамъонаи сохторҳои ҷомеа;

-дуюм, ташвиқу таблиғи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ;

-сеюм, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ бо шарту шароити фаъолияти судбахш ва ҳавасмандгардонии доираи соҳибкорон;

-чорум, омодасозии кадрҳо, яъне мутахассисони соҳаи сайёҳӣ;

-панҷум, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани низоми хизматрасонии сайёҳӣ.

Барои рушди сайёҳии соҳаи туризм бояд, пеш аз ҳама, сайёҳии дохилиро ривоҷу равнақ бахшид. Зеро, сайёҳони хориҷӣ ба ҷойҳое, ки дар онҳо сайёҳии дохилӣ рушд кардааст, майли бештар доранд.

Дар ин росто, Тоҷикистон бо мавзеъҳои зебо, обу ҳавои соф ва иқлими мусоид, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон имкониятҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, саёҳати дохилӣ ба сокинони гӯшаву канори гуногуни мамлакат имкон медиҳад, ки бо расму оин, анъанаҳои қадимии этникию фарҳангии ҳамдигар ошноӣ пайдо намоянд. Инро ба инобат гирифта, як қатор ширкатҳо, аз ҷумла “Тоҷик Тур”, “Ҷавоҳир”, “Роҳат Тур”, “Ором сайёҳат” ва Муассисаи сайру саёҳати Иттифоқҳои касаба сайёҳати шаҳрвандонро ба мавзеъҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Кӯлоб, Панҷакент, Хуҷанд, Варзоб, Муъминобод, Данғара, Восеъ, Шаҳритус ва ВМКБ ташкил карда истодаанд.

Миллати тоҷик аз азал ҳунарманду хирадманд буда ва ҳунару ҳунарвариро бунёд намудаву инкишоф додааст. Минбаъд, бо мурури замон дар тараққӣ ва пешрафти ҷаҳони моддиву маънавии ҷомеаи инсонӣ нақши боризи хешро гузоштааст.

Тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштаанд. Мардуми тоҷик аз давраи бостон то ба имрӯз ҳунарҳои зиёдеро доро буданд ва ин суннату анъанаи миллӣ то айёми мо зинда нигоҳ дошта шудааст. Бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар намоем, заминаҳои пайдоиш ва марҳалаҳои рушду тараққии ҳунарҳои мардумиро омӯзем, таҳқиқ ва таблиғ намоем. Имрӯз дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон ҳунармандони зиёде умр ба сар мебаранд, ки бо ҳунарҳои зебоофарашон сайёҳони хориҷиро мафтун намудаанд. Воситаҳои аёнии муаррифии фарҳанг cавғотӣ, тӯҳфа, руқъа, фитта ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳар сайёҳе, ки вориди Тоҷикистон мешавад, ҳатман аз ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик ба сифати тӯҳфа ба кишвари худ мебарад. Ҳунарҳои мардумӣ низ баёнгари фарҳанги миллати тоҷик аст. Зеро ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи фарҳанги миллат мебошанд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки даcтуру нишондоди Сарвари давлат дар ин самт мавриди амал қарор гирифта, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли ҷорӣ фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудаанд.

Эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошанд. Инчунин, дар ин самт ҷалби ҳарчи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ин иқдом айни муддао аст, зеро ҳифз ва муаррифии осори ниёгон барои ҳар фарди худшиносу ватандӯст ҳам фарзу ҳам суннат мебошад.

Сафоева Зарина Собировна,

Шарипова Адолат Бурҳоновна

Омӯзгорони кафедраи Менеҷменти истеҳсолӣ

Leave a Comment