Воқеан 9-уми марти соли 2018 дар таърихи сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як саҳифаи нав кушода шуд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд. Ёдовар бояд шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз гардида бошад ҳам, дӯстию бародарии ин халқҳо таърихи қадимаю рангин доранд. Зеро пайвандии ин ду халқро мавҷудияти суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибҳо муттаҳид месохтанд.

Ба ин маънӣ, ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таърихи навини соҳибистиқлоли мо падидаи бисёр муҳиму арзишманд буд. Чунки дар вохӯрии мазкур масъалаҳои калидие, ки солҳои тӯлонӣ ба як орзуву ормони мардум табдил ёфта буд, роҳи ҳалли худро ёфтанд. Итминони комил дорем, ки ин робитаҳои дӯстию бародарӣ, ки дар давоми таърих мавҷуд буд, тақвияту таҳким ёфта, боиси баланд гардидани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва маънавию фарҳангии ин ду кишвар хоҳад гардид. Зеро тоҷикону ӯзбекон, ки аз қадим дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд, расму оин, анъанаҳои неки дӯстона муносибати онҳоро наздиктар менамуд. Дӯстию ҳамкории адибони тоҷику ӯзбек аз ҳамкории устоду шогирдии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ маншаъ мегирад. Дар кишвари Ӯзбекистон тоҷикони зиёд зиндагӣ менамоянд ва Бухорову Самарқанд ба сифати маркази таърихӣ-фарҳангӣ ва илмии тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар ин замина дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ба сифати як давлати дорои адабиёт ва фарҳанги бою ғанӣ эътироф гардидааст.

Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки бо иқдоми бевоситаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар фаъолияти дохилию хориҷии ҳарду давлат тағйироти ҷиддӣ ворид намуда, моҳияти тақдирсоз дошт.

Дар рафти музокироти роҳбарони ин ду давлат 27 созишнома ба имзо расид, ки метавонад омили асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин давлатҳо гардида, дар самти стратегияи кишвари Тоҷикистон, махсусан, дар пешрафти соҳаҳои аграрию саноатӣ саҳми босазое гузоштанд.

Кушодашавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон орзуву умеди деринаи мардумони ин ду кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ гардидани ин санаи тақдирсоз бо ташаббуси ин сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт хоҳад гашт.

Аз дигар ҷониб, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз нодиртарин падидаҳо дар таърихи кишварамон ба ҳисоб меравад. Зеро вайрон будани муносибатҳои ба истилоҳ сарде, ки солҳои тӯлонӣ мавҷуд буданд, роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.

Дар ин замина вусъат бахшидани ҷиҳатҳои иқтисодии муносибат байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар заминаи рафту омади тоҷикону ӯзбекон ва содироту воридоти молу маҳсулоти онҳо рушд хоҳад ёфт, ҳусни тафоҳум бахшид. Пас аз бастани созишномаҳо миёни ин ду кишвар ва муомилоти воридотиву содиротӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рушд менамояд. Ғайр аз ин, дар ин мулоқот зимнан қайд гардид, ки доир ба расман тасдиқ шудани Созишнома ва мавриди амал қарор гирифтани он нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи транзит онро убур мекунанд ва муваққатан дар қаламрави ин кишвар ҳузур доранд, мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии ВКХ Ӯзбекистон 14 март ҷониби Ӯзбекистон Созишномаи зикршударо ба расмияти давлатӣ дар дохили анҷом дода, президент Шавкат Мирзиёев онро тасдиқ намуд. Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба аҳолии кишварҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз доир ба муваққатан мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон то тасдиқи расмии он қарор қабул шуд, қайд гардидааст дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон.

Муҳиммияти масъала дар он аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инқилоби фикрие, ки оид ба масъалаи таъмини оби нӯшокӣ дар сайёра ба вуҷуд омад, сарвари давлати тоҷиконро дар олам машҳур гардонид.

Аз ин рӯ, яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ, ин истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо назардошти манфиати ҳамаи тарафҳо ташкил менамояд. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори ҳамкориҳо дар минтақа хоҳад буд.

Дар ин мулоқот дар робита бо ин масъала, Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард».

«Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд», -таъкид намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Самти дигар ва муайянкунандаи ин мулоқотро ба имзо расидани санадҳо дар соҳаҳои илму маориф ва мактабҳои олӣ ташкил медод, ки байни ин ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя дар ҳамкориҳои минбаъдаи ин соҳа иқдоми хеле хуб мебошад. Солҳои тӯлонӣ байни мактабҳои олӣ дар соҳаи илм миёни ин ду кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонида буданд, аз ҷумла, дар шӯроҳои дифоъ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ амал менамуд, олимони зиёди ин кишвари бародар рисолаҳои номзадиашонро дифоъ менамуданд.

Итминони комил дорам, ки баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев олимони тоҷик ва ӯзбек байни ҳам дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ҳамкориро ба роҳ монда, барои пешрафту устувории илму фарҳанг ва барқарорсозии таъриху фарҳанги ин миллатҳо самараи стратегӣ хоҳад гардид.

Албатта, барои халқҳои ҳарду кишвар оғози соли 2018 яке аз солҳои фаромӯшнашаванда дар таҳкими сиёсати минтақавию байналхалқӣ ба шумор меравад. Баъди солҳои тӯлонӣ омаду рафти мардумони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар як рухдоди бузурги таърихист. Аз таърих ба мо маълум аст, ки садсолаҳо ин ду кишвар чун дӯсту бародар фаъолият менамуданд. Ҳатто адабиёт ва забони ин ду кишвар монеаву сарҳад надоштанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ду давлати бо ҳам бародар боз аз нав дӯстии худро оғоз бахшиданд.

Дар натиҷа баъди дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки натиҷаи ин мулоқот ба тамоми масъалаҳои матраҳшуда натиҷаҳои мусбат расониданд. Хусусан, изҳор доштанд, ки «Имрӯз байни давлатҳо дигар қариб ҳеҷ мушкилоте боқӣ намондааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба монеъа эҷод мекарданд», — таъкид дошт президенти Ӯзбекистон. Ғайр аз ин, Шавкат Мирзиёев аз таърихи сиёсию талхи гузаштаи солҳои аввали ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон ва ҳодисаҳои фоҷиабори марбут ба ҷанги шаҳрвандиро ҳамчун давраи вазнин ёдоварӣ намуданд.

Аммо изҳор доштанд, ки «Хиради азалии мардуми тоҷик, бахусус Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки Тоҷикистон ба ваҳдати миллию суботи колмил ва рушди босуръати пурсамар ноил гардидааст», — қайд намуданд Мирзиёев.

Ниҳоят Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки сафари имрӯзаи сарвари давлати Ӯзбекистонро метавон «сарнавиштсозу таърихӣ» номид. Ҳамчунин президенти кишвар барои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ва дастгирию ташаббусҳои муштарак ба ҳамсояи ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор намуданд.

Дар баробари ҳамаи ин, ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ ташаббусҳои Тошкандро ҷиҳати ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Аз пешниҳоди намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ дар ин робита таъкид гардид, ки тарафҳо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ” (дар ш. Тошкант) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ (дар ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ташкил менамоянд.

Ғайр аз ин, ҷониби Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро оид ба таҳия ва пешбурди Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ “Таҳким ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ва “Маорифпарварӣ ва таҳаммулпазирии динӣ”, инчунин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои ҷавононро пуштибонӣ менамояд, ҷонибдорӣ намуд.

Аз ин ҳамоҳангӣ мо ба хубӣ дарк менамоем, ки расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба ҷараёни амалисозии чунин ҳамкориҳо суръат мебахшад ва амниятро дар ин минтақа таъмин месозад.

Ҳамин тариқ, аз натиҷаи ин мулоқоти сарони давлатҳо маълум гардид, ки географияи ҷойгиршавии ин кишварҳо, ки дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва нерӯи зиёди инсонӣ аст, ҷонибдори самараноку оқилона истифода намудани чунин имкониятҳоро ба манфиати тарафҳо доранд.

Мусоев Ш.М.

Саидумаров С.С.

Leave a Comment