Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва рӯз то рӯз экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки меафзояд, ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин падидаи даҳшатзо мубориза барем. Аммо мутассифона нафароне, ки хуни нофашон дар ин сарзамин рехтаасту аз обҳои гуворои ин меҳан сероб гардидаанд, аз ҳавои илҳомбахшу табиати малҳамофараш баҳраманд гардидаанд, ба ҷойи он ки мисли Шераку Спитамен, Темурмалику Исмоили Сомонӣ худро сипари ин миллат намуда, то охирон қатраи хун онро ҳимоя намоянд, дар деги душман равған рехта, ба нони он панир мемонанд.

Мутаассифона ин тоифа инсонҳо боз аз номи ислому Қуръон ва Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) ҳамеша сухан ронда, худро поктарин шахс намоиш медиҳанд, бо торҳои эътиқодии инсонҳо бозӣ намуда, онҳоро бо суханонашон гурӯҳи наҷотёфта шумурда, мужда медиҳанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид намудаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон экстремизм бештар аз ҳама дар либоси дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Чӣ сабаб гардидааст, ки фарзандони ин миллат ба бегонапарастӣ даст задаанд ва ин миллатро мефурӯшанд. Донишмандон ва андешамандони ҷомеаҳо зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда, дар пешгирии он то андозае муваффақ шудаанд. Мешавад ин тоифа инсонро ба таъбири Иқбол чунин гуфт:

Аз мақоми хеш дур афтодаӣ,

Каргасӣ гум кун, ки шоҳинзодаӣ.

Шоир мефармояд, ки эй, инсон! Сифлагию чоплусиро канор бигузор, яъне мисли каргас набош, ки ӯ ҳамеша лоша мехӯрад, мисли шоҳин баландҳиммату баландмартаба бош.

Воқеан, мо аз ғановати таърихи худ ҳамеша менозем ва ифтихор мекунем, ки мо Сомонию Бухорӣ дорем, аммо нафароне ҳастанд, мисли М. Кабирӣ, ки сафҳаи таърихи моро доғдор мегардонанд:

Чист таърих, эй зи худ бегонае,

Достоне, қиссае, афсонае.

Ин туро аз хештан огоҳ кунад,

Ошнои кору марди раҳ кунад.

Мутассифона ин гуна афрод аз таърих ҳеҷ ибрате нагирифтанд ва нахостанд, ки номашон бо хатти зарин дар зеҳнҳои мардум нақш бандад.

Ҳол он ки имрӯз аз ҳар замони дигар мо ба якдилию якпорчагӣ ва Ваҳдаду муҳаббат ниёзи бештар дорем. Муҳаммад Иқбол дар як шеъраш ин масъаларо хуб ба риштаи назм кашидааст:

То тавонӣ бо ҷамоат ёр бош,

Равнақи ҳангомаи аҳрор бош…

Фарду қавм оинаи якдигаранд,

Силку гавҳар каҳкашону ахтаранд.

Фард мегирад зи миллат эҳтиром,

Миллат аз афрод меёбад низом.

Фарди танҳо аз мақосид ғофил аст,

Қувваташ ошуфтагиро моил аст.

Чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусулмонони кишвар дар солҳои охир, иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, гурӯҳбандӣ садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, ҳеҷ гоҳ ба миллате некӣ наовардааст ва намеорад.

Пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ набояд ҳеҷ нафарро бетаваҷҷӯҳ гузорад ва тамоми аҳли ҷомеа новобаста ба касбу кор, мақому мартаба бояд ба он мубориза барад. Чун ба таъбири Хоҷа Ҳофиз «Мо ҳама кишти нишастагонем» дар сурати сурохӣ ё халал ворид гардидан дар андак замон ҳама ғарқ хоҳем шуд.

Дар ҳама ҳолат ҳам сиёсиён ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment