Маркази таъминоти ҳуқуқии Беларус дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар пойгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ кушода шуд.

Созишномаи мазкурро дар Душанбе муовини директори Маркази миллии ахбороти ҳуқуқии Беларус Вячеслав Бекета ва ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода имзо карданд.

Чӣ тавре ки қайд гардида буд, созмон додани маркази таъминот пеш аз ҳама барои донишҷӯёне, ки дар факултетҳои муштараки макотиби олии Беларус таҳсил мекунанд ва инчунин таҳсилро оянда дар Беларус идома медиҳанд, муҳим аст. Ҳатто аз кӯмаки он тамоми хоҳишмандон, аз ҷумла намояндагони бизнес низ истифода бурда метавонанд.

Сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов қайд намуд, ки марказ метавонад на танҳо ба табодули ахборот мусоидат кунад. “Дар олами муосир роҳҳои табодули ахборот кофӣ аст. Муқаррар ин ҳатто бештар ҳам ҳаст. Ин табодули технология, робитаи мутахассисон аст. Хеле муҳим аст, ки дар ин ҷо марказ ҷанбаи амалии ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёӣ дахлкунанда дорад, — қайд кард сафир. – Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи на он қадар соддаи муайянкунии афзалиятҳои иқтисоди берунаи худ қарор дорад. Робита бо заминаҳои амалие, ки иттиҳоди иқтисодии Авруосиёӣ аллакай дастёб гардидааст, самараи амалии хуб хоҳад дошт”.

Вячеслав Бекета инчунин муҳимияти онеро ки таъминоти ҳуқуқии Беларус берун аз ҳудуди он низ дастрас аст, баён намуд. Ҳоло марказҳои таъминкунандаи дастрасии бемонеаи шаҳрвандон ба қонунгузории Беларус дар Лаҳистон, Латвия, Литва, Итолиё, Россия, Маҷористон, Покистон, Чехия, Сербия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова амал мекунанд.

Маркази эталонии таъминоти ҳуқуқии дар пойгоҳи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ созмонёфта бо ҳамчун яке аз майдонҳое, ки тамоми шахсони завқманд метавонанд на танҳо бо манбаъҳои дар ҳудуди Беларус амалкунандаи ахборотӣ-ҳуқуқӣ шинос шаванд, балки метавонанд саҳми худро дар рушди онҳо ва таъмини ахборотӣ барои мустаҳкамкунии ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳо гузоранд.

Дастрасӣ ба ахбороти ҳуқуқӣ дар марказ бо ёрии системаи «ЭТАЛОН-ONLINE» таъмин карда мешавад.

Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ду факултети муштарак бо макотиби олии Беларус амал мекунад.

Факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2011 созмон дода шуда буд. Дар асоси супориши президентони Ҷумҳуриҳои Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони ДМТБ ва қарори Шӯрои олимони ДТТ “Шартнома доир ба созмон додани факултети муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ” ва “Шартнома доир ба ҳамкориҳо байни ДМТБ-ДТТ” қабул гардид.

Мутахассисонро аз рӯйи тахассусҳои зерин омода мекунанд:

  1. Мутахассиси самти мошинсозӣ.
  2. Мутахассиси самти сохтмон.
  3. Мутахассиси самти меъморӣ.
  4. Мутахассиси самти асбобсозӣ (техникаи тиббӣ).
  5. Мутахассиси самти энергетика.
  6. Мутахассиси самти нақлиёт.

Даври ибтидоии таҳсилот (курсҳои 1-ум ва 2-юм) дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, даври дуюми таҳсил (курсҳои аз 3 то 6) бошад, дар ДМТБ дар шаҳри Минск доир мегардад.

Ҳоло дар курсҳои якум ва дуюми факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ 259 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли 2017 аввалин маротиба 22 нафар хатмкунандагон ДМТБ-ро хатм намуда, ҳоло дар кафедраҳои ДТТ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ кор мекунанд. Хоҳишмандони давомдиҳандаи таҳсил дар ДМТБ дар соли таҳсили нав беш аз 70 нафар арзёбӣ мешавад.

Факултети авиатсияи граждании Академияи давлатии авиатсияи Беларус – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2016 созмон дода шуд.

Факултет дар асоси созишнома доир ба созмон додани факултети авиатсияи граждании ДМТБ-ДТТ, шартнома доир ба хизматрасонии таълимӣ дар факултети мазкур аз 10-уми августи соли 2016 ташкил гардид.

Мутахассисон аз рӯйи тахассусҳои зерин омода карда мешаванд:

1–370401 «Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо»;

1–370402–01 «Истифодабарии техникии дастгоҳҳои авиатсионӣ (дастгоҳҳои таҷҳизотӣ ва электросветотехникӣ)»;

1–370402–02 «Истифодабарии дастгоҳҳои авиатсионӣ (дастгоҳҳои радиоэлектронӣ)»;

1–440105-01 «Ташкили ҳаракат ва таъмини парвоз дар нақлиёти ҳавоӣ (ташкили ҳаракати ҳавоӣ)».

Даври ибтидоии таҳсилот (курси 1-ум) дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, даври дуюми таҳсил (курсҳои аз 2 то 5) бошад, дар ДМТБ дар шаҳри Минск доир мегардад.

Ҳоло дар курси якуми факултети муштарак 25 нафар курсантон таҳсил мекунанд ва дар курси дуюм бошад, 28 нафар курсантон таҳсилро дар ДМТБ давом дода истодаанд.

Факултети авиатсияи гражданӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии донишгоҳ ва кишвар фаъолона ширкат намуда, саҳми худро гузошта истодаанд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment