Бо ибтикори Хадамоти ташкилию тарбиявӣ ва махсусан шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавию варзишӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ дар Донишгоҳи техникии тоҷикстон ба номи академик М.С. Осимӣ” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи байналмилалии оила” ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Рафти чорабинии мазкур бо дастгирии Хадамоти илм ва инноватсия, Хадамоти таълим ва дигар сохтори донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Дар ин чорабинии зебо муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Маҳмад, муовинони ректор Саидзода Р.Ҳ., Ашуров А.Н., Абдуллоев М.А., мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон, кормандони шуъбаи ташкилию тарбиявӣ, Маркази иттилоот ва нашр, Идораи илм ва инноватсия, донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Дар ибтидо Ашуров А.Н. – муовини ректор оид ба тарбия чорабиниро кушода гуфта эълон намуд ва меҳмононро ба ҳамагон муаррифӣ намуда, барои ироаи сухани табрикотии ректор суханро ба Саидзода Р.Ҳ. – муовини аввали ректор дод.

Саидзода Р.Ҳ. таманниёти ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О.-ро бахшида ба ин санаҳои хотирмон қироат намуд.

Баъдан сухани табрикотӣ ба муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза дода шуд, ки номбурда бо суханҳои фасеҳ ва инъикоскунандаи файзи ҷавонӣ иштирокдоронро муборакбод намуд.

Зимни мулоқот бо олимони ҷавон меҳмононе, ки аз донишгоҳу донишкадаҳои олӣ шаҳри Душанбе ба донишгоҳи техникии Тоҷикистон ташриф оварда буданд ва устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як рӯзи ҷавони дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳозирин сухани табрикотии худро иброз доштанд.

Таъкид бар он доштанд, ки имрӯзҳо ғамхориҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат имрӯз барои ҷавонон бисёр аз нуқтаи назари стратегӣ басо муҳим мебошад, зеро ҷавонон нерӯи созанда ва ободкунандаи ҷомеаи кунунии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Меҳмонон дар китобхонаи донишгоҳ бо олимони ҷавон сӯҳбати муфид доштанд ва аз дастовардҳои олимони ҷавони донишгоҳ изҳори сипос намуда гуфтанд, ки олимони ҷавони Донишгоҳи техникӣ то ба имрӯз чандин маротиба сазовори ҷоизаи “Ба номи Исмоили Сомонӣ” гардиданд ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки потенсиали бузург дар соҳаи техника ва технология дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мавҷуд аст, имрӯз мо дар рафти чорабинии дар сатҳи баланд доиргардида, шоҳиди ин гуфтаҳо гардидем.

Ҷавонон имрӯз бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва он шароите ки имрӯз ба ҷавонон бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳайё гардидааст, қадр карда, ҳама вақт фаъол бошем, барои пешрафти давлати азизамон, ки номаш Тоҷикистон аст, баҳри пешрафт ва боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ эътироф намудани Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Пас аз он мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Акрамов С.С. бо сухани табрикотӣ баромад намуд.

Дар чорабинии мазкур бо иқдоми раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Холиқова М.А. ба панҷ оилаи ҷавон, ки иборат аз устодону кормандон ва донишҷӯёни дар соли 2018 оила барпокарда буд, бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” бо дастгирии ректори донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Илова бар ин аз тарафи донишҷӯёни ихтиёрии донишгоҳ аксияи “Насли созанда”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Насли ҷавон ҳаёти бе зӯровариро интихоб мекунад”, “Мақсади мо муҳофизат ва нигоҳ доштани оила” дар миёни устодон, кормандон ва донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ гузаронида шуд.

Бояд дарҷ намуд, ки дар охир ба устодон, кормандон ва донишҷӯёни фаъол аз номи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Баҳри болидагии меҳмонон барномаи фарҳангии дастаи “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ пешкаш гардид.

Акрамов С.С. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон

Юнусов Ф.М. – сардори Маркази иттилоот ва нашр

Leave a Comment