Дар факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) бо иштироки намояндагони зиёда аз 10 макотиби олии Ҷумҳурии Беларус «Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт. Маркази мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар доираи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Лукашенко А.Г. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайни донишгоҳҳои ҳар ду кишвар кушода шуд.

Аз ҷониби ДМТБ Ректори донишгоҳи мазкур Харитончик Сергей Васильевич, Сардори Идораи ҳамкориҳои байналхалқӣ ва фаъолияти иқтисоди беруна Ширвел П.И., декан факултети мошинсозӣ Андрей Иванович Сафонов ва дигар намояндагон, инчунин аз ҷониби ДТТ Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилаӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанг барои мустаҳкамкунии робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши фарҳанги Беларус, ҷалби донишҷӯёни тоҷику беларус, ки дар ДТТ ва дигар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, инчунин шиносонидани системаи маорифи Беларус дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии таҳсилот, баланд бардоштани дониши донишҷӯёни тоҷик доир ба дастовардҳои халқи беларус дар соҳаи фарҳанг, илм, иқтисод, маориф, барқароркунӣ ва васеъгардонии робитаҳои самаранок ва барои ҳар ду ҷониб манфиатноки муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар муассисаҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Марказ робитаҳои иловагиро баҳри рушди ояндаи ҳамкориҳои ду ҷумҳурии бародар боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар ин чорабинӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёни факултету донишгоҳ, ихтироот ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ низ доир гардид, ки меҳмонон бо рӯҳбаландӣ тамошо карданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment