Дар мақолаи мазкур “давидан” ҳамчун як навъи варзиши сабук оид ба ташаккули ҳаёти солим оварда шудааст.

Варзиши сабук – “маликаи варзиш”, ки панҷ низом – давидан; ҳаракатҳои варзишӣ; ҷаҳиш (ба дарозӣ, ба баландӣ, се карата, бо чӯб); партофт (диск, найза, гурз); тела додани гулӯла; қувваозмоии бисёрҳарбаи варзиши сабукро муттаҳид менамояд. Ин яке аз бозиҳои асосӣ ва маъмултарини варзиш ба ҳисоб меравад. Мусобиқаҳои варзиши сабук аз кишвари Англия маншаъ мегирад, ки дар асрҳои XVII – XVIII, хусусан аз давидан ва ҳаракатҳои варзишӣ пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Аз ҳамон замон варзиши сабук роҳи дуру дарозро тай карда, имрӯзҳо яке аз машҳуртарин навъи варзиш гардидааст.

“Давидан” барои баъзеҳо на он қадар хуш аст, вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ин навъи варзиш беҳтарин ва аз ҳама арзонтарин тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ин навъи варзишро кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон ҳам меписанданд. “Давидан”-ро метавон барои ноил шудан ба мақсадҳои гуногун – аз пурқувват намудани ҳолати рӯҳӣ то кам намудани вазн истифода кардан мумкин аст. Ҳар як инсон агар хоҳиш дошта бошад, метавонад тавассути давидан ба саволҳои худ ҷавоб гирад. Чанд раванди асосии дигар низ вуҷуд дорад, ки ҳангоми давидан шахс ҳавасманд мегардад. Бо ин равандҳо бояд ҳам шогирдон ва ҳам варзишгарони таҷрибадор шинос бошанд.

Вақти давидан ва баъди он ҳам раванди хунофарӣ амалӣ мегардад, ки хуни нави тоза ва солим ҳосил мешавад.

Нафаскашӣ шиддат мегирад, электронҳои холии организм аз ҳаво пур мегарданд. Ин раванд дар шушҳо аз ҳисоби фаъолшавии мубодилаи ҳаво тавассути пӯст сурат мегирад. Зиёд шудани электронҳои холӣ иқтидори корӣ (ҷисмонӣ ва зеҳнӣ)-и шахсро зиёд намуда, ҳамаи функсияҳо ва системаҳои инсонро ба тавозун медарорад.

Ҳангоми давидан хориҷшавии гази карбон дар организм фаъол мегардад, ки ин раванд дар ҳуҷайраҳо ба амал меояд ва аз нуқтаи назари равандҳои биокимиёвӣ бисёр муфид аст. Дар бофтаҳо миқдори оксиген зиёд мегардад, ки ба беҳтарнамоии мубодилаи моддаҳо дар организм мусоидат мекунад.

Дар давомнокии миёна (30-60 дақиқа) дар организм азбайнравии ҳуҷайраҳо ба амал омада, дар навбати худ баъди машқи пурра ҳуҷайраҳои наву ҷавону солим барқарор мешаванд. Дар навбати аввал ҳуҷайраҳои кӯҳна ва бемор аз байн мераванд ва ба ҷойи онҳо ҳуҷайраҳои нав барқарор (синтез) мешаванд. Тавассути ин навъи варзиш шахс ҷавону солим ва тамоми организми он тоза мегардад. Дар организми шахси калонсол тахминан 35 литр моеъ мавҷуд аст (5 литр хун, 2 литр лимфа ва 28 литр моеъи байниҳуҷайравӣ). Ҳангоми камҳаракатӣ мубодилаи моддаҳо дар организм суст гашта, ҳамаи ин моеъҳо низ камҳарат мешаванд. Ҳангоми давидан моеъ фаъолона гардиш намуда, минтақаҳои бозистодаи организмро бартараф менамояд.

Таъмин намудани ҳуҷайраҳо бо модаҳои ғизоӣ бо чунин тарз сурат мегирад: Дар навбати аввал моддаҳои лозима ба воситаи омезиш (дифузия) тавассути деворҳои капиллярҳо аз хун ба моеи байниҳуҷайравӣ омехта мешаванд. Дар навбати дуюм интиқоли ҳаво ва моддаҳои ғизоӣ аз моеи байниҳуҷайравӣ ба воситаи мембрана дохили ҳуҷайра мегардад. Дар навбати сеюм тақсимоти моддаҳои ғизоӣ ва ҳаво дар дохили ҳуҷайраҳо амалӣ мегардад. Айнан ҳамин тавр, лекин бо тартиби баръакс хориҷшавии моддаҳои фаъолияти ҳаётӣ дар ҳуҷайраҳо ба амал меояд. Дар вақти давидан ва баъди он ҳамаи ин равандҳо бо суръати хеле баланд иҷро мегарданд, ки қувваи ҳаётии организмро зиёд ва худсолимшавии организмро фаъол мегардонад. Ҳангоми давидан ҳуҷайраҳо аз моддаҳои фаъолияти ҳаётии худ озод мегарданд, ки ин худзаҳролудшавиро бартараф мекунад. Ҳар лаҳза дар организми инсон миллионҳо ҳуҷайраҳо аз байн мераванд (мемиранд). Барои ҳамаи инро мақсаднок истифода бурдан машқи на он қадар шиддатноки миёнамуддат лозим аст. Барои ба ҳамаи ин муваффақ шудан дави миёна мувофиқи мақсад аст. Дар акси ҳол ҳуҷайраҳои мурдаи организм заҳр ҳосил намуда, бо ҷараёни хун ба тамоми организм паҳн шуда, боиси заҳролудшавӣ мегардад ва ҳолати мондашавии бардавомро ба миён меорад.

Ҳангоми давидан ҳормони серотонин ҳосил мешавад, ки бо номи ҳормони хушбахтӣ машҳур аст, ки ба туфайли онҳо руҳияи инсон баланд мешавад, нишонаҳои депрессия (равонӣ) ва шиддат бартараф мегардад. Ҳангоми машғул шудан бо ин навъи варзиш аввалин шуда системаи дилу рагҳо ба солимшавӣ шуруъ мекунанд. Чӣ тавре ки мутахассисон тасдиқ мекунанд, дар натиҷаи бе саросемагӣ, озодона  ва миёнамуҳлат (30-60 дақиқа) бо ин навъи варзиш машғул шудан системаи дилу рагҳо таъсироти мусбӣ қабул мекунад. Машғулият бо тренажёрҳо ё бо штанга (гантелҳо) ба ташаккул ёфтани мушакҳои дилу рагҳо мусоидат накунад, ҳам мушакҳои устухониро хуб ташаккул медиҳад, аз ин лиҳоз давидан яке аз беҳтарин навъҳои барқароргардонии саломатӣ ва муътадил нигоҳ доштани системаи дилу рагҳо ба ҳисоб меравад.

Чунин таъсири мусбӣ бо якчанд сабаб асоснок карда мешавад.

Зуд-зуд таранг ва сустшавии мушакҳои пой. Ҳангоми машқ кардан барои системаи дилу рагҳо пас аз хасташавӣ, истироҳати мушакҳои пой хеле зарур аст. Мисол, машғулият бо штанга (дар ҳолати шиштухез) инсон ҳатто аз даҳ як (1/10) ҳиссаи таъсири солимшивиро барои рагҳои хунгард, ки ҳангоми давидан қабул мекунанд, намегирад. Ин барои он рух медиҳад, ки ҳангоми машғулияти оддӣ мушакҳо аввал шиддати сахтро қабул мекунанд (ҳангоми шишту хез бо штанга), баъдан истироҳат мекунанд. Чунин тарзи машғулият метавонад ба раванди вайроншавии пойҳо бо эҳтимоли пайдошавии варами рагҳо (варикоз) оварда расонад. Дар муқоиса бо дигар навъи варзиш, ҳангоми давидан мушакҳои пой шиддатнокии миёнаро эҳсос мекунанд.

Ҳангоми давидан бадани инсон лаппиши даврии ҳаракати болову поёниро иҷро менамояд. Ҳангоми ба боло ҳаракат намудан қувваи кашиши замин бартараф мешавад, ки ин амал дар ҳолати машқ намудан садҳо маротиба такрор меёбад. Ин тарзи ҳаракати лаппишхӯранда ба ҳамаи моеъҳои организм (лимфа, хун, моеи байниҳуҷайравӣ) таъсири мусбӣ расонида, инчунин дар рагҳои хурдтарин низ ҳаракати лаппишхӯрандаро ба амал меорад.

Ҳангоми давидан роҳҳои нафаскашӣ озод ва тоза мегарданд, ки ин ба фаъол шудани диафрагмаҳои болову поёнӣ мусоидат мекунад, ин худ беҳтарин маҳс барои ҳамаи узвҳои пардагӣ ба ҳисоб меравад. Чунин маҳс бо тамоми хусусиятҳои мусбиаш гардиши хунро дар ҳамаи узвҳо фаъол мегардонад. Ҳаракати фаъоли диафрагма барои ҳаракти хун аз венаҳои пой ба дил мусоидат мекунад.

Ба ақидаи Гилмор – муаллифи китоби “Дав барои ҳаёт” дави мунтазами дарозмуддат, ки суръаташ аз роҳ гаштан на он қадар зиёд аст, метавонад умри инсонро 10-12 сол дароз намояд. Барои бисёриҳо ин машғулият машқи дилгиркунанда ва якранг менамояд. Вале дар асл чунин нест. Машғул шудан ба ин навъи варзиш дар фосилаи кӯтоҳ метавонад табъ (темперамент)-и шахсро тағйир дода, инчунин дар марафон пас аз тай намудани масофа километр ба километр  доираи сабри худро идора намояд. Ин навъи варзишро метавон бо мақсади рекордсмени ҷаҳонӣ ва олимпӣ шудан ва ё барои нигоҳдории саломатӣ ва иқтидори корӣ, инчунин муътадилкунонии ҳолати психологӣ истифода бурд.

Билохира то пиронсолӣ метавон бо ин навъи варзиш канор нарафта, тамоми умр пурра кафили солимии руҳӣ ва ҷисмонии худро қаноатманд намуд. Ҳамин тавр ин навъи варзиш метавонад системаи сироятнопазирии инсонро солим гардонад. Мунтазам машғул шудан ба ин навъи варзиш, шахсро фаъол, болида ва ҳадафрас намуда, худбаҳодиҳии шахсро баланд менамояд.

Адабиёт:

  1. Моделирование управления движениями человека М.П. Шестаков, А.Н. Аверкин Москва, 2003.
  2. Правильное питание при занятиях спортом и физкультурой А.О. Карелин Москва – Санкт-Петербург, 2011.
  3. Очерки по физиологии движений и физиологии активности Берштейн Н.А. Медицина, 1966.
  4. “Бег ради жизни” Гилмор.

А.С. Наҷмуддинов, С.М. Обидов

устодони кафедраи “Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ”

Leave a Comment