Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои методии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таълим дар донишгоҳ (ахбори мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот – Мирзоалиев И.М.), сифати иҷрои лоиҳа ва корҳои курсӣ, ҳолати гузаронидани дарсҳои озмоишӣ, таъмин будани донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ бо маводи таълимӣ ва вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳои тахассусии донишгоҳ (ахбори мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот – Мирзоалиев И.М.), муҳокима ва ба нашр тавсия намудани маводи таълимию методӣ (ахбори раиси комиссияи табъу нашр – Ҳамроев Ф.М.), масъалаҳои гуногун (таҷдиди назар кардани соат ва нақшаҳои таълимӣ – гузориши сардори Идораи таълимию методӣ – Фохаков А.С.) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим, Раиси Шӯрои методии донишгоҳ – Саидзода Р.Ҳ. сурат гирифта, пас аз баррасии ҳар як масъалаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Боиси қайд аст, ки натиҷаи фаъолияти таълимию методии устодони донишгоҳ дар намуди васоити таълим, дастурҳои методию дигар маводи омӯзишӣ (беш аз 90 номгӯй) муҳокима ва тасдиқ гардида, ба чоп тавсия шуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment