Ҳангомаи «Диссернет» идома дорад. Байни вокунишҳое, ки чанд ҳафтаи охир дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасанд, мақолаи зикршудаи Абдумудассир Аҳмадзода бо оҳанги каме холисона ва беғаразонаи худ диққатамро ҷалб кард. Фақат ба ин ақидаи муаллиф розӣ шуда наметавонам, ки гӯё: «Бигзор он ҷо душманони миллати рус ва тоҷик истода бошанд. Вале аз ин Русия» гӯё «воҳима» барпо накарда бошад. Ҳол он ки хомӯш истодан ҳам як намуди мубориза аст. Ҳукумати Россия ба назар гӯё ором буд, дар асл нишон дода тавонист, ки пурқувват аст, боде шоху барги дарахти онро ҷунбонда наметавонад, ба ҳар нолишу айбҷӯии бемаврид мижааш хам намехӯрад ва ҷавоб доданро ҳам эб намебинад. Дар натиҷа «Диссернет» рӯй ба Тоҷикистон овард. Интизор бошед, пагоҳ навбати боз ягон мамлакати таъсирпазир.

Чӣ гуна ба ин роҳ рафт «Диссернет», аз як ташкилоти ҷамъиятӣ ба сирф сиёсӣ табдил ёфт? Ин ҳолати табиист, ранҷидаҳо ҳамеша дар каминанд, фурсат мепоянд. Мисолаш рафтори чанд нафар корманди собиқи «Озодӣ» аст, ки кам ё зиёд аз он ҷо соҳиби нону намак шуда буданду баъди он ки ҷояшонро холӣ кардан лозим омад, ба фошкунӣ даромаданд, ҳарчанд медонанд аз дасташон коре намеояд (ҳамсабақи ман Соҷидаи Мирзо хомӯш аст!), аққалан шарманда мекунем-ку гуфта, худро ором менамоянд. Ҳамин тавр, чунин айбҷӯиҳо зиёни зиёд надоранд, аммо агар супоришӣ бошанд, натиҷаи фоҷиабор ҳам дода метавонанд. Муассисони «Диссернет» ҳам ранҷидагони муассисаҳои илмианд, ки акнун ба доми сиёсатмаобон афтиданд. Аз таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ медонем, ки муборизаҳои аввалин рӯбарӯ ва мардона буданд бо силоҳ дар майдони набард, ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи онҳоянд. Пас аз соли 1946 маълум гардид, ки бо ин усул минбаъд муваффақ шудан имконнопазир аст ва ба миён омад давраи муборизаи «ҷанги сард» — намоиши қудрат, канӣ, кӣ аслиҳаи бештар ва замонавӣ дорад. Ин шакли муқовимат дар оғози фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи худро анҷомдода ҳисобид. Ва ба миён омад давраи нав — марҳалаи сеюми муқовимати абарқудратҳо, он бо роҳи барпо кардани инқилобҳои ранга, баҳори арабӣ, инқилобҳои лолагун дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон таъсири ҳарифашро паст мекард ва кӯшиши ҳокими ҷаҳон шудан менамуд. Аз ин усул дар бисёр гӯшаҳои ҷаҳон, асосан дар Шарқ, Арманистон, Гурҷистон, Украина, Миср, Либия, Тунис, Сирия ва ғайра истифода бурданд, ин роҳ ба ғайр аз табаҳкориву харобӣ чизе надод. На муассисон, на ҷабрдидагон ба мақсадашон нарасиданд. Инак, навбати марҳалаи чорум расид, ки ҳоло шакл гирифтан дорад ва онро ҷомеашиносон мувофиқ ба воситаи корбариаш «ҷанги иттилоотӣ» ном гузоштанд. Аз натиҷаҳои аввалини он бармеояд, ки аз чунин роҳи мубориза давлатҳои пурқудрат, пешрафта, нерӯи бузурги зеҳнӣ, техникӣ, иттилоотидошта зиён намебинанд. Мисолаш Федератсияи Россия аст, ки бо вуҷуди душмани аз ҳама зиёд доштан ба по истода тавонист. Аммо акнун вақти санҷиши ин силоҳ дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ чун Тоҷикистон расидааст, минбаъд навбати дигарон. Ҳоло натиҷаҳои аввалини он маълум нест. Фақат аён гашта истодааст, ки мамлакатҳое чун Тоҷикистон таъсирпазир буда метавонанд. Зеро нерӯҳои ақлонӣ ба чунин муборизаҳо омода нестанд, мардуми авом гумон мекунанд, ки ҳар идеяи дар назари аввал ҳақ ба манфиати онҳост ва аз он бояд дастгирӣ кард ва алайҳи ноадолатиҳо бо ҳама гуна усулҳои қадима бояд мубориза бурд. Дар асл, дар майдони чунин муҳориба зӯрии ҷисмонӣ, забонӣ ба кор намеравад, зӯрии ақл мебояд, ки онро Россия дошт ва муқовимат карда тавонист. «Диссернет»-ро ба таври расмӣ нашинохт ва ба муборизаи тан ба тан ҳам даъват накард. Бинобар ин, онҳое, ки мегӯянд агар ҳақ бошед, «Диссернет»-ро ба суд диҳед, хато мекунанд. «Диссернет» ҳам нигарони чунин аксуламал аст, то бештар обрӯ пайдо кунад ва баландтар фиғон бардошта, аз ҷойи дигари нозукатон дорад. Мо чунин таҷрибаҳоро зиёд дидаем. Биёед, ба ёд биёрем, ки чи гуна аввал озодии инсон, баъд ҳуқуқи инсон, сипас коррупсия ва компанияи зидди олимон ва илм гӯён садо баланд мекарданд. Акнун имрӯз бошад, аз «Диссернет» рӯйи кор мегиранд.

Хушбахтона, бисёр мусоҳибон аз Тоҷикистон ҳам нияти аслии созмондиҳандагони ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет»-ро пай бурда, иброз намуданд, ки ҳадафи ин бачаи уболак дар асл ноором гардондани ҷомеаҳои шаҳрвандист ва он фарзандхонди давлатҳои манфиатхоҳ аст, ки супориши онҳоро иҷро кардан дорад. Бинобар ин, сари вақт дар бораи омода будан ба ҳар гуна таҳоҷуми иттилоотӣ садоҳо баланд шуданд, мизи мудаввару ҷаласаҳо баргузор гаштанд. Зеро агар алайҳи онҳо муқовимат карда натавонем, ба бозичаи дасташон табдил хоҳем ёфт.

Бинобар ин, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суоли дуруст матраҳ гаштааст: чаро аксари олимони фошшуда дар риштаи илмҳои ҳуқуқ ва иқтисоданд? Бинои ҳар ҷомеа бар ин соҳаҳо рост меистад, агар онҳо футур раванд ва ношоям гарданд, дигар чизе намемонад ба ғайр аз нав кардани ҷомеа ва ин инқилоб аст. Гумон накунед, ки ифшогариҳои «Диссернет» ҳама дурусту бекаму костанд, нисфи бештари онро муассисаҳои расмии илмии Россия қобили қабул надонистанд ва ба муассисони ин ташкилоти гӯё илмӣ дар ин бора муроҷиат карданд, аммо «Диссернет» сукут ихтиёр кард ё чун Жириновский бо беобрӯию ҳақорату дашном ҷавоб дод. Аз паси онҳо кӣ меистад, ҳадафашон чист, аллакай ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардид, дар ин бора истода намегузарем. Минбаъд хоҳем дид, ки дар мамлакатҳои сусттараққикарда, рӯ ба тараққӣ муассисони ин ҷараёни ҷосусӣ ба мақсадашон то чӣ андоза мерасанд. Чунин давлатҳоро хомӯш истодан нашояд. То андозае дуруст мегӯяд муаллифи мақолаи «Тоҷикистон», ки «Роҳи ҳалли ин масъалаи нозукро акнун на мою шумо, балки онҳое бояд ёбанд, ки ба ин рӯйхат афтодаанд». Чунин ҳам ҳаст. Бо вуҷуди ин, муқовимат карда тавонистан кори ҳамагонист. Ҳарчанд олимони фошшуда хомӯшанд (зеро ҳадафи асосӣ онҳо нестанд), ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ кори фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст, бояд ба мардум асрори худи онҳоро фош намуд, ки киянду дар пасашон кист ва чӣ мехоҳанд. Ҳадафи ниҳоии онҳо яктост, ноором сохтани ҷомеа. Баъзе корбарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нодонию тангназарии худ бар онанд, ки ин рақибон аз Сурияву Ироқ наомадаанд, ки ҷомеаи моро вайрон кунанд. Дуруст, аз он ҷо наомадаанд, аммо маълум гардид, ки усули дар Сурия, Ироқ ва дигару дигар мамлакатҳои дар гузашта обод истифодашуда («инқилоби ранга») кӯҳна шудааст ва ташкилкунандагони моҷаро усули нав — ҳуҷуми иттилоотиро ба роҳ монданд. Нигарон набошед, баъди анҷом ёфтани маъракаи «Диссернет» созмондиҳандагонаш боз аз роҳу усули нав кор хоҳанд гирифт, ки алҳол номашро намедонем. Аз ин рӯ, ҳамеша тайёр бояд буд. Агар мо дар ин ҳолат хомӯш истем, аз ҷомеаи орому осудаи худ муҳофизат карда натавонем, оё ба обрези дасти онҳо табдил намеёбем ва ҳамон илми доштаамонро ҳам аз даст намедиҳем? Баъзеҳо аз содагӣ, нофаҳмӣ ё қасдан Вазорати маориф ва илми кишварро бо он таън мезананд, ки гурӯҳе созмон додаасту муҷримонро сафед карданист. Аммо чунин нест, нафаре касеро сафед карданӣ нест, олимони «фошшуда» худ ба хулоса оянд, ки чӣ бояд кунанд, хамчунин, ин барои оянда дарс аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалисозандаи сиёсати давлати мустақил дар соҳаи илм, маориф, рушди зеҳнии ҷомеа аст, дар амал вазифаи муҳимтар ба дӯш дорад. Агар нахустин шуда алайҳи ҳуҷуми навбатии иттилоотӣ қомат алам карда, гурӯҳҳо созмон дода, манфиати миллию оромию осудагии кишварро то андозае, ки аз дасташ меояд, ҳимоя намуданист, бояд онро дастгирӣ кард, на ба боғаш сангандозӣ.

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА

Leave a Comment