Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 14198 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба ҳолати нишондоди 01.01.2018 мавҷуданд. Аз он ҷумла, байналмиллалӣ – 3350 км, ҷумҳуриявӣ – 2129 км ва маҳаллӣ – 8719 км-ро ташкил медиҳанд.

Шумораи пулҳо 2233 адад. Аз онҳо дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 2133 адад (38059,1 м.т.) мавҷуданд, ки аз онҳо 1840 адад (31085,1 м.т.) – оҳанубетонӣ ва сангӣ; 258 адад (6603,3 м.т.) – филизӣ; 37 адад (1906,9м.т.) – овезон; 33 адад (370,7 м.т.) – чӯбин мавҷуданд.

Аз он ҷумла, дар роҳҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ 780 адад (19100,9 метри тӯлонӣ), ки аз онҳо 636 адад (14515,9 м.т.) – оҳанубетонӣ ва сангӣ; 138 адад (4451 м.т.) – филизӣ; 23 адад (1339,6 м.т.) – овезон; 4 адад (134 м.т.) – чӯбин мавҷуданд.

Инчунин аз ин ҳисоб дар роҳҳои маҳаллӣ 1353 адад (18958,2 метри тӯлонӣ), ки аз онҳо 1204 адад (16569,2 м.т.) – оҳанубетонӣ ва сангӣ; 120 адад (2152,3 м.т.) – филизӣ; 14 адад (567,3 м.т.) – овезон; 29 адад (236,7 м.т.) – чӯбин мебошанд.

Ҷадвали 1.

Нақбҳои нақлиётие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2016 сохта ба истифода дода шудаанд

№ р/т Номи нақб Намуди нақб Мавзеи ҷойгирша-вии нақб Дарозии умумӣ Дарозии НА Дарозии НҲ Дарозии НРО Соли ба истифода додашуда
1 «Истиқлол» НА Дар ағбаи «Анзоб» 9990 4995 4995 2006
2 «Дӯстӣ» НА Дар км 61 р/а Душанбе-Хуҷанд 1047 1047 2008
3 «Озодӣ» НА Дар ағбаи «Шар-шар» 2224 2224 2009
4 «Шаҳристон» НА Дар ағбаи «Шаҳрис-тон» 10506 5253 5253 2012
5 «Хатлон» НА Дар ағбаи «Чормағ-зак» 4445 4445 2013
6 «Ҳулбук» НРО Дар ағбаи «Султоно-бод» 2210 2210 2016
7 «Тахти сангин» НРО Дар ноҳияи Ёвон 635 635 2016
8 «Балх» НРО Дар ноҳияи Ёвон 800 800 2016
Ҳамагӣ: 31857 17964 10248 3645

Эзоҳ: НА-нақби автомобилгард; НҲнақби ҳаводиҳанда; НРО-нақби роҳи оҳан.

Умуман 17964 м.т. нақбҳои автомобилгард, 10248 м.т. нақбҳои ҳаводиҳанда ва 3645 м.т. – дар ҷамъ 31857 м.т. нақбҳо бунёд гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соҳибистиқлолӣ 4 долонҳои зиддитарма бо дарозии умумии 390 м сохта шуда буданд. Дар роҳи автомобилгарди «Хоруғ-Мурғоб» 3х500 м ва 1х140 м дар портали Шимолии нақби «Истиқлол» дар км 82 роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд». Ин долонҳо аз оҳанубетони васлӣ бунёд гардидаанд.

Дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар соли 2007-2017-ум 25 долонҳои зидди тарма бо дарозии умумии 3895 м сохта шуданд, ки 23-тояшон дар км 47-75 км (аз Ҳушёрӣ то даромадгоҳи нақби «Истиқлол»)-и роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд», як долон дар наздикии нақби «Шаҳристон» бо дарозии 25 м ва як долон дар роҳи автомобилгарди «Айнӣ-Панҷакент» дар км 26-ум 75 м дарозӣ дорад.

Бояд қайд намуд, ки 24 долон аз оҳанубетони яклухт бо истифода аз қолаби филизӣ ва 1 долони дар роҳи автомобилгарди «Айнӣ-Панҷакент» бо истифода аз филизи мавҷнок (ҳамчун қолаб) ва конструксияи яклухти оҳанубетонӣ аз тарафи Пудратчиёни чинӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар умум, дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон 4285 метри тӯлонӣ (390+3895 м.т.) долонҳои зиддитармавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Роҳи оҳани Тоҷикистон соли 1929 Шӯъбаи Сталинободии Роҳи оҳани Ашқобод номида шуда, дар тобеияти раёсати роҳи оҳани Ашқобод қарор дошт. Баъди ба ихтиёри Роҳи оҳани Тошканд гузаштани раёсати мазкур Шӯъбаи Сталинободии Роҳи оҳани Тошканд номида шуд.

Аз сабаби иваз шудани номи шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе ин сохтор соли 1961 Шӯъбаи Душанбегии роҳи оҳани Тошканд ном гирифт.

Баъди Роҳи оҳани Осиёи Миёна ном гирифтани Роҳи оҳани Тошканд сохтори мазкур Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна номида шуд.

17-уми августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, №403, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна ва минтақаи Ленинободи Шӯъбаи Фарғонаи Роҳи оҳани Осиёи Миёна сохтори Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки санаи нави таърихӣ – рӯзи эълони расмии истиқлоли комили роҳи оҳани тоҷик ва оғози солшумории навини он ҳисоб меёбад.

Дарозии умумии хатҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2005-ум 950,7 км, дарозии умумии хатти асосӣ 679,9 км, хатҳои истгоҳӣ 216,7 км, хатҳои фаръӣ 54,1 км, дарозии истифодашаванда 616,7 километрро ташкил медод.

Роҳи оҳани Тоҷикистон имрӯз бо тамоми роҳҳои оҳани мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Балтик ҳамкории мустақим дошта, узви комилҳуқуқи Шӯрои нақлиётии роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтия, Созмони ҳамкории роҳҳои оҳани Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди байналмиллалии роҳҳои оҳан, Иттиҳоди аврупоии барномаи мусоидати техникӣ ва кишварҳои Осиё ва Қафқоз ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад.

Дар давраи навини инкишофи Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 – санаи мақоми давлати соҳибихтиёриро гирифтани кишварамон оғоз меёбад. Аз он ҷумла, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб 149 км дарозӣ дошта, истгоҳҳои Сангтӯда – Данғара – Фархор – Восеъ – Кӯлобро дар бар мегирад, солҳои 1991-1996 бояд анҷом меёфт. Аммо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани муноқишаҳои дохилӣ сабабгори қатъи нақшаи мазкур гардиданд.

Ба бӯҳрони шадиди дохилии иқтисодиву сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Раиси он Эмомалӣ Раҳмон, тасмим гирифтанд, ки бунёди шоҳроҳи мазкур идома дода шавад.

Ниҳоят, 7-уми сентябри соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навбати якуми хатти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб (истгоҳҳои Қӯрғонтеппа – Сангтӯда – Данғараро дар бар мегирад)-ро бо тантана кушод.

Навбати дуюми роҳ (истгоҳҳои Данғара – Олимтой – Қурбоншаҳид – Кӯлоб) 7-уми сентябри соли 1999 мавриди истифода қарор дода шуд. Дарозии умумии роҳ 132 км буда, чандин иншооти сунъӣ, аз он ҷумла, ду пули хурду се миёнаву панҷ калонро дар бар мегирад.

Ниҳоят роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат – Ёвон, ки 41,7 км дарозӣ дошт, соли 2016 сохта, ба истифода дода шуд, Дар он се нақби роҳи оҳан, аз он ҷумла, «Ҳулбук» — 2210 м, «Тахти сангин» — 635 м ва «Балх» — 800 м бо дарозии умумии 3645 метрро ташкил медиҳад.

Дар айни замон дарозии умумии Роҳи оҳани Тоҷикистон 982,4 километрро ташкил медиҳад.

Дарозии умумии хатҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2017 – 1013,9 км, дарозии умумии хатти асосӣ 721,6 км, хатҳои истгоҳӣ 216,7 км, хатҳои фаръӣ 75,6 км, дарозии истифодашаванда 616,7 километрро ташкил медиҳанд.

Дар аввали моҳи июни соли 2018 мувофиқи рейтинги Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ бо номи «Сифати роҳ» дар байни 137 давлати ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 70-умро ишғол мекунад. Тартибдиҳандагони рейтинги мазкур ҳисоб карданд, ки дар байни роҳҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз рӯйи сифат пас аз роҳҳои Озарбойҷон, Литва ва Эстония роҳсозони Тоҷикистон дар ҷои 4-ум меистанд.

Гурҷистон дар ҷойи 82-юм, Арманистон – 85-ум, Латвия – 107-ум, Федератсияи Руссия – 114-ум, Қазоқистон – 115-ум, Молдова – 128-ум ва Украина – 130-юм қарор доранд.

Аз чунин хушхабар роҳсозону лоиҳакашон, муҳандисону олимон ва мардуми тоҷик рӯҳбаланд шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста дастаҷамъона фаъолият мекунанд.

О. Нуъмонов — н.и.т., дотсенти каф. «СР, И ва КН»-и

ДТТ ба номи акад. М.Осимӣ.

Leave a Comment