Пешрату муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар қавм, ҳар халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут мебошад. Ин як ҳақиқатест инкорнопазир. Вале дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд. Маҳз эҳёи ваҳдати миллӣ ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Яке аз падидаҳои муҳиме, ки ҳамрадифи истиқлолияти кишвар дар таҷрибаи ҷомеасозии навини тоҷикон ҷойгоҳи муътабар дорад, бидуни тардид ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз дар партави он мардуми тоҷикро муяссар гашт, ки дар бахше аз собиқ ҳудуди густардаи фарҳангии худ низоми устувори сиёсии бо аломату нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқатдоштаро поягузорӣ намояд ва ҳамзамон амалияи ҷомеасозии дар ин муддати начандон тӯлонӣ андӯхташро бо эътирофи ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ ҳамчун намунаи шоёни пайравӣ барои дигарон пешниҳод намоянд. Ин паёмадҳо ногузир назди ҳар фарди солимфикр суолеро пеш мегузорад, ки омилҳои ба чунин муваффақиятҳо ноил омадани миллати куҳанбунёди моро чӣ маншаъ мебахшад ва онро чӣ дурнамое интизор аст. Бояд тазаккур дод, ки таҷрибаи рушди ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки чунин инояти ваҳдат барои миллате насиб мегардад, ки агар дар масири таърих мояи ҷаҳонбинию саъйи маърифатиаш бардошти судманде аз ин падида карда бошад. Дар робита бо ин тазаккур бояд дод, ки талоши ваҳдатгароию ваҳташинохтии иносният асалан ба тариқи бориз дар саҳифаи афгори фалсафии ӯ таҷассум меёбад. Агар аз ин дидгоҳ ба сайри таърихи афкори фалсафии мардуми тоҷик назар андозем мебинеи, ки зуҳури аввали мактабҳои фалсафии тоҷик дар симои зардуштия, монавия, зурвония, асҳоби ҳаюло ва ғайра бо мароми ҳастинопазир батадриҷ сиришту муҳтавои ҷаҳонбинии ниёгони моро ба хамираи падидаи ваҳдатгароӣ омезиш дода, бо ҳамин ӯро бо самараи дар ин замина зарурияти ташаккул додани тамоюли ҳамгироии ҷузъҳои ҳама гуна низом, аз ҷумла ҷомеа, барои идомати минбаъдаи худ муътамад месохтанд. Баъдан низ чунин манзари диди ваҳдати олам аз дидгоҳи умумифалсафӣ дар таълимоти мутафаккирони дигари мардуми мо ба миён гузошта шуд. Файласуфони тоҷик маҳз дар миёнаҳои асри ХI нисбат ба дигар ҳавзаҳои фикрии олам ба ҳалли машокилҳои ваҳдат дар замири омилҳои иҷтимоӣ фурӯ шуданд. Диди онҳо дар он буд, ки дастовардҳои фалсафа, инчунин ба комёбиҳои табиатшиносӣ такя карда кӯшиданд, ки ба олам чун ба раванди рушдёбанда назар андозанд. Минбаъд бо дарки зарурати фаҳмотар намудани чунин тасаввурот оид ба ваҳдат падидаҳои олами иҷтимоӣ яке аз саромадагони ҷомеашиносии муосир Ибни Халдун таълимоти худро оид ба “асбияти иҷтимоӣ” пешниҳод менамояд, ки он ҳамшабеҳи ваҳдати механикӣ имрӯз дар ҷомеашиносӣ васеъ баррасишаванда дар дарки омили таъмини ҳамбастагии ибтидоии гурӯҳҳои иҷтимоӣ саҳми наззарас мегузорад. Агар аз ин дидгоҳ ба ҳадафу муҳтавои сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи иҷтимоию иқтисодии кишварамон назар андозем, мебинем, ки онҳо чун дар солҳои аввали истиқлолият усулан ба таҳкиму устувории ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд. Дастоварди аз ҳама бузург барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва бунёди пойгоҳҳои обӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикии он аст. Ваҳдат раванди ногусастании ҳаёти ҷомеа аст ва таҳкими он ҳамеша саъю кӯшиши ҳастинопазири аъзоёни ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои расмию ғайрирасмиро тақозо менамояд. Дар раванди кунунии инкишофи ҷомеа барои мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ дар назди ҷомеа вазифаҳои пурмасъулияту муҳимтар меистад. Бояд ёдовар шуд, ки ба даст овардани ин ҳадаф саҳми низоми маориф бештар аз пештар меафзояд ва аз бисёр ҷиҳат маҳз он рисолати эҷодӣ заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро ба дӯш дорад. Ин худ табиист, зеро имрӯз ҷомеае нест, ки дар он низоми парваришу омӯзиш нақши чашмгир дар таҳаввулу пешрафташ надошта бошад. Нақши низоми маориф дар таҳкими ваҳдати миллӣ умдатан дари ду самт намудор мегардад. Низоми маориф на танҳо барои афзоиши зарфияти нерӯи истеҳсолии аъзоёни ҷомеа, балки дар дигаргунии рафтору шеваи зиндагии иҷтимоии мардум, аз ҷумла ҷавонон, ки теъдоди бештари аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, хизмат менамояд. Бинобар ҳамин ин муассисоти олии касбӣ, аз ҷумла он ниҳодҳои шаклдиҳандае мебошанд, ки барои расидан ба ваҳдати иҷтимоӣ пайваста саҳм мегузоранд ва ҳисси садоқатро нисбат ба давлат, ҷомеа, эҳтиром ба муқаддасоти онро парвариш медиҳанд.

Илҳом Қурбоншоев, Ҷаҳоноро Шоқурбонова

ассистентони кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment