ВАҲДАТШИОРЕМ…

Ману ту – дӯстам, ваҳдатшиорем,

Зи насли поку ҳам бонангу орем.

Биё, обод гардонем Ватанро,

Ки то худро қаноатманд шуморем.

Ману ту – дӯстам, ваҳдатшиорем,

Барои ин Ватан савғобиёрем.

Ҳунар тӯҳфа зи мо бар халқу миллат,

Зи бухлу кинаҳо мо дар канорем.

Ману ту – дӯстам, ваҳдатшиорем,

Зи насли поку ҳам бонангу орем.

Ба чашми нокасону душмани мо

Зи тақдири бади шон ҳамчу хорем.

 

ВАҲДАТНИҲОД

Зи кӯи сӯхтанҳо то ба даври сохтанҳо,

Зи дарёи харобиовари таърих растем.

Ба сӯи сохтанҳо бо ҳама ҷаҳд,

Қадам бинҳода мо хушнуд ҳастем,

Чаро ки мо ҳама ваҳдатшиорем.

Зи даври бесаводиву карахтӣ,

Зи даврони асириҳову сахтӣ,

Зи бесомониву ҳам бохтанҳо,

Ба сӯи шодиву нусрат расидем,

Чаро ки мо ҳама ваҳдатшиорем.

Зи аҷдодони шуҳратманду боор,

Зи мардони ғаюри рӯзи корзор,

Зи сад алломаи халқи бузургам,

Биомӯхтем, бар мақсад расидем,

Чаро ки мо ҳама ваҳдатшиорем.

Зи дарси Сулҳи мо омӯхт олам

Равишҳои накӯю одамият.

Бидонӣ, миллатам ваҳдатсаро аст,

Сароидему бар мақсад расидем,

Чаро ки мо ҳама ваҳдатшиорем.

 

ВАҲДАТСАРО…

Миллати тоҷик зи қаъри асрҳои бостон ваҳдатсаро аст,

Зи умқи давраҳои сангу вақти ориён ваҳдатсаро аст.

Наёмад ҳеҷ гоҳе халқи тоҷик бо ҳасадҳо

Ба хони дигаре ҳаргиз, зи ҷон ваҳдатсаро аст.

***

Халқи ман ваҳдатсаро, чун раҳбарам ваҳдатсаро аст,

Халқи ман ободгаро, чун сарварам ободгаро аст.

Миллатам некӯхисол аст, миллатам меҳнатқарин,

Тоҷики ман ҷони одам, раҳбарам одамгаро аст.

Фаридун Юнусов

Leave a Comment