Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар вазъияти тантанавӣ рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид.

Маҷлиси бошукуҳро Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорон – меҳмонон, устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи тақдирсоз муборакбод намуд. Дар суханронии роҳбари донишгоҳ доир ба қадру қимати Ваҳдати миллии тоҷикон, кӯшишу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли халқи тоҷик факту маълумоти зиёд оварда шуд. Одиназода Ҳ.О. қайд намуд, ки маҳз ваҳдату якдилии миллати тоҷик боиси хушбахтиҳои имрӯза гардидааст ва на ҳама халқу миллатҳо ба ин сазовор шуда метавонад. Инчунин зикр гардид, ки ба даст овардани ваҳдату истиқлолият кори осонтар аст, назар ба оне ки дар оянда он ҳифз карда шавад, яъне мо – ҳамагон ин неъмати бебаҳои яздониро бо шукргузории тамом бояд ҳифз намоем.

Дар пайравии амалҳои созанда ва дастовардҳои бузурги миллӣ меҳмони ҷаласаи имрӯза – Раҷабова Лутфия Нусратовна – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сухан ронда, моҳият ва арзишҳои бебаҳои Ваҳдати миллиро махсусан қайд намуд. Ӯ зикр кард, ки пас аз Ваҳдати миллӣ дастовардҳои бузурги миллии тоҷикон, аз ҷумла нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар, Хатлон, Дӯстӣ, Шаҳристон, роҳҳои байналмилалӣ, НБО-и Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2, Роғун, садҳо иншооти фарҳангию маишӣ, варзишию маъмурӣ, саноатию истеҳсолӣ ва ғайраҳо дар тамоми ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва ин раванд давом дорад.

Ҳамин тариқ, тоҷикистониён ва махсусан коллективи устодону кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ кору пайкори Пешвои миллати хеш – Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти меҳнатии худ қарор дода, барои ободию рушди мамлакати худ кӯшиш менамоянд.

Дар охир Одиназода Ҳ.О. бори дигар ҳамагонро бо ин рӯзи саодатманд табрик намуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment